ШУЪБАИ ФАРҲАНГНИГОРӢ ВА ИСТИЛОҲОТ

Шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳот ҳамчун бахши Институти забон ва ада­биёти ба номи Рӯдакӣ аз ибтидои таъсиси Шуъбаи Тоҷикистонии Ака­демияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1933 ба фаъолият оғоз кардааст.. Дар шуъба, ки аввал “Бахши луғатҳо”, баъдан “Шуъбаи лу­ғат­созӣ ва лу­ғат­ши­но­сӣ” ном дошт, устодон ва арбобони барҷастаи илму маориф С.Айнӣ, Е.Н.Павлов­ский, Ра­ҳим Ҳошим, А.Де­ҳо­тӣ, Н.Н.Ершов, М.Раҳимӣ, Л.В.Ус­пенская, Т.Зеҳнӣ, С.Ҷ.Ар­­зу­­манов, Ҳ.Муҳсинзода, М.Азизӣ-Мишкин, А.Нуров, В.Маҳмудӣ, В.Кап­ра­нов, М.Фозилов, Н.Маъсумӣ, А.Бухоризода, И.Али­зода, Ҳ.Раупов, С.­Холматова, Ҳ.Аҳа­дов, А.Отахонова, М.Соби­рова, Ҳ.Бур­ҳонова, М.Юсу­пова, М.Шуку­рова, Ҳ.Тур­сунова, М.Раҳи­мова, А.Хали­лов, Р.Хол­муъ­ми­нова, Н.Хол­муҳам­ма­­дов, Н.Аб­дуллоев, С.Каримов ва дигарон (қариб 40 на­фар) фаъо­лият наму­да, илми фар­ҳангнигорӣ ва истилоҳоти тоҷикро дар киш­вар ва берун аз он муаррифӣ кардаанд.

Мудирии шуъбаро устодон Я.И.Калонтаров, О.Ҷалолов, Л.Бухо­ризода, В.В.­Кап­ранов, А.Маниёзов, А.Сангинов ва солҳои 2013-2017 О.Қосимов, солҳои 2017-2019 Ф.Мирзоёров ба уҳда доштанд. Ҳоло мудирии Шуъбаи фарҳангнигорӣ ва исти­лоҳот (номи ҳозираи шуъба) ба зим­маи С.Назарзода мебошад. Шуъба дар ду самт кор мекунад: таҳия ва тадвини фарҳангҳои тафсирӣ ва фарҳангҳои дузабона.

ДАСТОВАРДҲОИ ШУЪБА ТО ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

“Луғати дуҷилдаи русӣ-тоҷикӣ” (1933-1934, зери таҳр. С.Айнӣ, Р.Ҳо­шим ва диг., муал. Н.Н.Ершов, Ф.Б.Брауде, Р.Ҳо­шим), “Луғати тоҷикӣ-русӣ” (ҷ.1, 1946, зери таҳр. акад. Е.Н. Павловский), “Луғати русӣ-то­ҷикӣ” (1949, муал. ва муҳар. А.Деҳотӣ ва Н.Ершов), “Луға­ти тоҷикӣ-русӣ” (1954, зери таҳр. М.Ра­ҳимӣ ва Л.Успенская), “Фарҳанги ибо­раҳои рехта” (ҷ.1,1963, ҷ.2,1965, муал. ва муҳар. М.Фозилов), “Фар­ҳанги забони тоҷикӣ” (ҷ.1-2,1969, зери таҳр. М.Шу­куров, В.Капранов, Р.Ҳо­шим, Н.Маъсумӣ), “Фар­ҳанги зарбулмасал, мақол ва афоризмҳои тоҷикию фор­сӣ” (ҷ.1,1975, ҷ.2,1977, муал. ва муҳар. М.Фозилов, ҷ.3, 2017, муал. М.Фози­лов, зери таҳр. А.Сан­гинов, Д.Обидов )“, “Лу­ғати ихтисо­раҳои русӣ-то­ҷи­кӣ” (1979, муал. ва муҳар. С.Хол­­матова).

ДАСТОВАРДҲОИ ШУЪБА ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

“Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ” (ҷ.1-2, 2004, 2008, муал. ва муҳар. С.Холматова, Д.Сай­миддинов, С.Кари­мов), “Фарҳанги тафсирии забони тоҷи­кӣ” (ҷ.1-2, 2010, зери таҳр. С.На­зарзода, А.Сангинов, С.Кари­мов, М.Султо­нов), “Фарҳанги мукам­мали за­бони тоҷикӣ” (ҷ.1, 2011, зери таҳр. С.Назарзода, Д.Сай­миддинов, М.Сул­тонов, С.Каримов ва диг., ҷ.2, 2021, зери таҳр. С. На­зар­зода, З.Хол­назарова, С.Каримов, М.Султонов, О.Қосимов ва диг.), “Фар­ҳанги русӣ ба тоҷикӣ” (ҷ.1, 2017, зери таҳр. С.Холматова, М.Султонов, С.Ка­ри­мов ва диг.).

Айни ҳол Шуъба ба таҳия ва тадвини “Фарҳанги русӣ ба тоҷикӣ” (ҷ.2-3), “Фар­ҳанги мукаммали забони тоҷикӣ” (ҷ.3-12) ва дигар фарҳангҳои хурду мутавассит, ба нашр омода кардани як қатор фар­ҳангҳои клас­сикӣ, инчунин такмили фонди за­хиравии шуъба машғул аст.