ШУЪБАИ АДАБИЁТИ МУОСИР

Шуъбаи адабиёти муосир яке аз бахшҳои асосии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ мебошад, ки моҳи ноябри соли 1940 дар заминаи бахши таъриху лингвистикаи Шуъбаи тоҷикисто­нии Институти таърих, забон ва адабиёти АИ Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис дода шудааст. Шуъба дар тӯли солҳои фаъолияташ дар заминаи таҳқиқу омӯзиши адабиёти муосири тоҷик корҳои муҳимму бунёдиро анҷом дода, асари дуҷилдаи «Очерки таърихи адабиёти советии тоҷик» (1956-1957) ва асари бунёдии  «Таърихи адабиёти советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо» иборат аз 6 ҷилд (1980) аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Аз замони таъсиси шуъба дар тобеияти Институт дар солҳои гуногун донишмандону - адабиётшиносони барҷаста М. Шакурӣ, Р. Ҳодизода, Л.Н. Демидчик, С. Табаров, Р. Ҳошим, Х. Отахонова, А. Маниёзов, А. Сайфуллоев, Ш. Ниёзӣ, С.Давронов, Ҷ.Бақозода, Ҳ. Шодиқулов, А. Абдуманнонов, Ю. Акбаров, А. Набавӣ, М. Раҷабӣ, Ш. Солеҳов, Ш. Маҳмадшоев, А. Абдураҳимов, Ш. Раҳмонов, Аскар Ҳаким, Х. Ҳошимова ва дигарон фаъолият намудаанд.

ДАСТОВАРДҲОИ ШУЪБА ТО ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Муҳимтарин дастовардҳои кормандони шуъба дар таҳқиқу баррасии  адабиёти муосири садаи ХХ  ва XXI иборатанд аз «Падидаҳои навҷӯӣ» (1972), «Таърихи адабиёти советии тоҷик. Насри солҳои 30» (1978), «Таърихи адабиёти советии тоҷик: насри солҳои 1945–1974» (1980),  «Пайванди ҳис ва андеша» (1981), «Ҷустуҷӯҳои эҷодӣ дар насри тоҷик» (1982 «Таҳаввули жанри достон дар назми муосири тоҷик» (1983), «Эҷоди бадеӣ, инсон ва замон» (1983), «Абулқосим Лоҳутӣ» (1987), «Насри реалистӣ ва таҳаввули шуури эстетикӣ» (1987),  «Тасвири олами ботинии инсон, нависанда ва замон» (1987), «Нависанда ва идеали замон» (1987), «Тадқиқи таърих – тадқиқи характер» (1990).

ДАСТОВАРДҲОИ ШУЪБА ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

«Адабиёт ва нақди адабӣ» (1993), «Хуросон аст ин ҷо. Маънавият, забон ва эҳёи миллии тоҷикон» (1996), «Масъалаҳои матншиносии адабиёти муосири тоҷик» (1999), «Масъалаҳои матншиносии адабиёти муосири тоҷик» (1999), «Садриддин Айнӣ – равшангари бузурги таърихи тоҷикон» (2001), «Сотим Улуғзода - абармарди набард ва андеша» (2004), «Нарзулло Бектош ва илму адабии тоҷики солҳои 20-30» ((2004) «Поэтикаи жанри ҳикояи солҳои 70-80-и қарни ХХ» (2006), «Диди эстетикии халқ ва насри реалистӣ» (2006),  «Нигоҳе ба адабиёти тоҷикии садаи бист» (2006),    «Ҷанги ватанӣ ва афкори адабии тоҷикӣ» (2015),  «Таҳаввули воҳидҳо ва созмони шеъри ғиноӣ дар назми форсии тоҷикӣ» (2015), «Таҳқиқ, танқид ва тарҷума» (2016),  «Маҷмӯаи осор. Иборат аз ҳафт ҷилд. Ҷилди 7. Гуфтор дар бораи худ. Мақола ва шеърҳо дар бораи Аскар Ҳаким» (2017),   «Жанри қисса дар насри давраи Истиқлол» (2017).

Дар даврони Истиқлолият Кормандони шуъба барандаи ҷоизаҳои адабӣ ва давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Мукофоти давлатии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино,  Ҷоизаи адабии Раёсати Иттифоқи нависандагон ба номи Садриддин Айнӣ ва Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гардидаанд.