ИНСТИТУТИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ БА НОМИ РӮДАКИИ АМИТ

Институти забон ва адабиёти ба номи рӯдакии амит (ИЗА), муассисаи таҳқиқоти илмӣ, ки дар он масъалаҳои забон, адабиёт ва фолклори тоҷик нақд, баррасӣ ва пажӯҳиш мешаванд, яке аз аввалин муассисаҳои илмии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бунёдгузории он ба ташкили Базаи тоҷикистонии АИ ИҶШС, ки дар ҳайати он мувофиқи қарори Президиуми АИ ИҶШС аз 17 марти 1932 сектори таъриху забон таъсис ёфт, вобаста аст. Дар асоси он 19 ноябри 1940 Институти таърих, забон ва адабиёт ташкил гардид ва чун муассисаи мустақили илмӣ ба ҳайати Шуъбаи тоҷикистонии АИ ИҶШС ворид шуд. Пас аз таъсиси АИ Тоҷикистон (1951) мувофиқи Қарори Шӯрои Вазирони ҶШС Ҷумҳурии Тоҷикистон (14. 04. 1951) ИЗА чун муассисаи мустақил ташкил ёфт. Ба муносибати ҷашни 1100-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1958) ИЗА номи ин шоирро гирифт. Январи соли 1958 дар заминаи сектори адабиёти классикӣ ва дастхатҳои ИЗА шуъбаи шарқшиносӣ таъсис ёфта буд. Мувофиқи моддаи 58-и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» ва бо мақсади таҷдиди сохториву идории АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2011 № 36 «Дар бораи муттаҳид намудани Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ-ҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид ва мутобиқи он Институти шарқшиносӣ ва осори хаттии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати ИЗА дохил карда шуда, номи пурраи − Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифт. Аз соли 2017 ИЗА боз аз сари нав бо номи собиқи худ – Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ба фаъолият пардохт ва дорои 5 шуъба мебошад. Миќдори умумии њамаи кормандон 98 нафар мебошад. Дар осорхонањои назди институт 29 нафар фаъолият мекунанд. Кормандони илмии институт ва осорхона њамагї 64 нафар мебошанд. Аз љумла 1 академик, 5 узви вобастаи АМИТ, 5 нафар доктори илм, 20 номзади илм, 3 нафар доктори PhD, 2 ходими калони бе унвони илмї ва 29 нафар кормандони бе унвон фаъолият доранд.  Дар зинаи магистратура соли дуюм  7 нафар хатмкунанда тањсил мекунад.  Дар зинаи соли аввали магистратура 12 нафар машѓули  тањсил мебошанд.  Дар институт 2 нафар аспирант дар бахши ѓоибона, 7 нафар дар зинаи PhD тањсил менамоянд.

 Дар ИЗА нахустин таҳқиқотҳои илмӣ оид ба забон ва адабиёти тоҷик дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ, солҳои 20-и асри XX арзи вуҷуд карданд (Таджики. Сборник. М.. 1925; С. Айнӣ. Намунаи адабиёти тоҷик. М., 1926; М. Раҳимӣ. Дар бораи забони адабии тоҷик. Сталинобод, 1930). Пажӯҳиши забони тоҷикӣ ва адабиёти тоҷик дар ҷараёни баҳсҳои табдили алифбо ба забони лотинӣ ва забони адабии тоҷикӣ (1927–30), омӯзиши масъалаҳои суханшиносӣ, баҳсҳо аз боби адабиёти навини тоҷик ва сарфу наҳви он аз мавзӯъҳои асосии ин давра буданд. То солҳои 50 асри  XX дар ИЗА қариб дар тамоми соҳаҳои филологияи тоҷик мутахассисони баландихтисос ба воя расиданд. Омӯзиши таърихи забон ва сарфу наҳви он, гӯишҳои забони тоҷикӣ, мураттаб кардани қомусҳои тафсириву дузабона, услубшиносӣ, таҳқиқи назарияи лексикология ва лексикография, сохтани луғатҳои фразеологӣ ва таҳқиқи масъалаҳои назмшиносӣ, омӯзиши қиёсии забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, гирд овардану нашр кардани осори шифоҳии мардум, пажӯҳишҳо дар боби жанрҳои фолклор, ба чоп тайёр кардани осори адабии пешиниён, нақду баррасии вижагиҳои осори адибони классику муосир ва робитаҳои мутақобили адабиётҳо аз мавзӯъҳое буданд, ки ба барномаи асосии фаъолияти ИЗА дохил гардиданд. Муҳаққиқони ИЗА дар ҳамкорӣ бо Ин-ти адабиёти ҷаҳони ба номи М. Горкий, институтҳои забоншиносӣ ва шарқшиносии АИ ИҶШС дар тасниф ва таҳияи чандин асари филологӣ: «Таърихи адабиёти милали Шӯравӣ» (6 ҷилд, М., 1969–73), «Роман дар адабиёти милали Шӯравӣ», (М., 1985), «Таҳқиқи типологии забони русӣ – забони дӯстӣ ва равобити қавмҳову миллатҳо» (1984–1987) саҳм гузоштанд. Бо ташаббуси кормандони ИЗА тадриҷан конфронс ва симпозиумҳои байналмилалӣ («Назми муосири форсизабонон», 1967), конфронсҳои умумииттифоқӣ ва минтақавии «Таъсирпазирӣ ва баҳамтаъсиррасонии фолклори халқҳои Осиёи Миёнаву Қазоқистон» (1969), «Ҷустуҷӯҳои эҷодӣ дар адабиёти муосири тоҷик» (1974), «Садриддин Айнӣ ва ҷараёнҳои адабии муосир», «Мирзо Турсунзода ва ҷараёнҳои муосири адабӣ», «Масъалаҳои дузабонӣ ва такмили таълими забони русӣ» (1984) баргузор шудаанд. Доир кардани нишасти «Солонаи Айнӣ» дар Институт ба ҳукми анъана даромадааст ва соли 2017 доир ба фаъолияти С. Айнӣ нишасти 49 баргузор гардид. Дар ин нишастҳо беш аз 450 гузориши илмӣ, ахбор ва суханрониҳо баррасӣ гардидаанд. Маводди ҷамъомадҳои мазкур дар маҷмӯаи «Ҷашнномаи Айнӣ» мунтазам чоп мешаванд. Нашри осори илмӣ ва илмию оммавӣ, осори бузурги классикӣ ва намунаҳои эҷодиёти шифоҳии мардум аз самтҳои дигари фаъолияти ИЗА ба шумор мераванд. Аз ин рӯ, ҳар сол чандин номгӯй асарҳои мухталиф ба хонандагон пешкаш мегарданд. Солҳои 1931–86 ИЗА дар маҷмӯъ 435 номгӯй адабиёти мухталифро дар шаҳрҳои Душанбе, Маскав, Ленинград ба табъ расонд, ки муҳимтарини онҳо «Луғати русӣ-тоҷикӣ» (1933–34), «Намунаҳои адабиёти тоҷик» (1940), «Луғати русӣ-тоҷикӣ» (1949, 1985), «Луғати русӣ-тоҷикӣ» (1954), «Ҷамъбасти илмии шеваҳои ҷанубии тоҷикӣ» (5 ҷилд, 1979–85), «Граматикаи забони тоҷикӣ барои мактабҳои олӣ», «Морфология ва синтаксис» (қ. 1, соли 1956, қ. 2, соли 1963 ва нашри дуввуми ҳар ду китоб – солҳои 1984–85), «Фарҳанги забони тоҷикӣ» аз асри X то ибтидои асри XX (2 ҷилд, 1969), «Очерки таърихи адабиёти шӯравии тоҷик» (2 ҷилд, 1956–57, нашри русии он, 1 ҷилд, 1961), «Очеркҳо оид ба адабиёти тоҷики асри X – ибтидои асри XX», (12 ҷилд, 1976–87), «Таърихи адабиёти советии тоҷик» (6 ҷилд, 1976–87), «Куллиёти фолклори тоҷик» (35 ҷилд, ҷилди 1, 1981), «Нашри академии асарҳои Абулқосим Лоҳутӣ» дар 6 ҷилд (1987–90) ва ғ. мебошанд. Шуъбаи таърихи забон ва забони адабӣ, ки соли 1992 бо ҳамроҳ кардани бахшҳои забони адабӣ ва таърихи забон бунёд ёфт, таҳқиқи илмии «Масъалаҳои грамматика ва лексикаи забони тоҷикӣ (пажӯҳиши ҳамзамонӣ ва таърихӣ)»-ро идома дод. Пажӯҳиши ин мавзӯъ ба давраҳои гуногуни ташаккули забони тоҷикӣ, бавижа дар бахши луғат ва вожасозӣ марбут буда, бо роҳи муқоисаи давраҳои ташаккули забон бар асоси манбаъҳои хаттӣ чигунагии таҳаввулоти маъноии вожаҳо ташхису таҳқиқ карда мешавад. Ҳамчунин дар омӯзиши масъалаҳои этнолингвистии забони тоҷикӣ, ки аз мавзӯъҳои муҳимми рӯз ба шумор меравад, таҳқиқот ҷараён дорад. Ин мавзӯъ солҳои 2000–2005 барномарезӣ шуда, дар асоси осори адабии таърихӣ, муосир ва ҳамчунин гӯишҳои маҳаллӣ ба забонҳои помириву яғнобӣ ва ҳавзаҳои интишори забони давраи миёна аз нав баррасӣ гардид. Дар боби таърихи забон масъалаҳои вожашиносии забони форсии миёна дар асоси осори паҳлавию монавӣ чандин пажӯҳиш анҷом дода шуд, ки муҳимтарини онҳо ба қалами Д. Саймиддинов тааллуқ доранд («Вожаномаи феълҳои паҳлавӣ», 1992; «Фарҳангномаҳои форсии миёна», 1994, «Истилоҳоти идории замони Сосониён», 1995; «Вожашиносии забони форсии миёна», 2001; матнҳои паҳлавӣ). Ҳамчунин донишмандони ин шуъба як силсила рисолаҳои судмандро дар боби шевашиносӣ ва таърихи забони тоҷикӣ таълиф ва нашр карданд: «Таджикский язык. Часть 1. Фонетика, морфология» (муаллиф Фарҳод Зикриёев, 2008); «Фарҳанги гӯишҳои ҷанубии забони тоҷикӣ» (муаллифон Ғ. Ҷӯраев, М. Маҳмудов, 2012); «Южные говоры таджикского языка. Фонетика, морфология, лексика». Т 1. (2013, муаллифон Ғ. Ҷӯраев, М. Маҳмудов, ду ҷилд, 2013–14), «Забон ва сабки баёни Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ» (муаллиф Саидқул Сабзаев, 2014); «Феҳристи адабиёти шевашиносӣ» (2010); «Энсиклопедияи донишгоҳи омӯзгорӣ» (2011); Яғнобӣ зивок (Забони яғнобӣ). Китоби дарсӣ барои мактаббачаҳои яғнобӣ, синфи 2. (Муаллиф: Сайфиддин Мирзоев, 1993); Яғнобӣ зивок (Забони яғнобӣ). Китоби дарсӣ барои синфи 4, (муаллиф Сайфиддин Мирзоев, 1998); Фарҳанги забони яғнобӣ. (Яғнобӣ ба форсӣ; муаллиф: Сайфиддин Мирзоев, 1995); Фарҳанги яғнобӣ – тоҷикӣ (муаллиф Сайфиддин Мирзоев, 2008); Дастури забони яғнобӣ (муаллиф Сайфиддин Мирзоев, 2008); Яғнобӣ зивоки алифбо. (Алифбои забони яғнобӣ. Муаллиф Сайфиддин Мирзоев, 2008); Суннатҳои маҳаллии мардуми Яғноб (муаллиф Сайфиддин Мирзоев) ва ғ.

Дар солҳои нахустини таъсиси шуъбаи фолклоршиносӣ экспедитсияҳои зиёде барои ҷамъоварии осори бадеии шифоҳии мардум ба ноҳияву минтақаҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ сурат гирифт ва дар пояи ин маводди гаронмоя рисолаҳо, маҷмӯаҳои мухталифи фолклорӣ ва нақду баррасиҳои зиёд таълифу таҳия шуданд. Чунончи, солҳои 1970–80 маҷмӯаи бисёрҷилдаи «Куллиёти фолклори тоҷик» тартиб дода шуд, ки хусусияти академӣ дошта, 5 ҷилди он дар солҳои 80-уми асри гузашта ба нашр расид. Пас аз Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба фолклор тағйир ёфта, таҳқиқи ҷанбаҳои бадеӣ ва ҳунарии он амиқтар ва густурдатар гардид. Фолклор ҳамчун яке аз рукнҳои ҳувияти миллӣ ва махзани ҳикмату хиради ниёгон мавриди омӯзишу пажӯҳиши амиқтар қарор гирифт. Ҳоло бузургтарин маркази фолклоршиносӣ дар кишвар шуъбаи фолклори ИЗА ба шумор меравад. Инчунин ба ҳайси марказҳои дигари фолклоршиносӣ метавон шуъбаи адабиёт ва фолклори Институти илмҳои гуманитарии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (воқеъ дар Хоруғ), факултети филологияи ДМТ, факултети филологияи ДДХ ба номи Б. Ғафуровро ном бурд. Бузургтарин фолклоршиносони тоҷик Б. Тилавов, Б. Шермуҳаммадов, Р. Аҳмадов, Д. Обидов, Ф. Муродов, С. Фатҳуллоев, Т. Исроилова, Ш. Умарова, Р. Раҳмонӣ, Ҷ. Рабиев, Ш. Мирзоева, Д. Раҳимов ва дигарон бо сарварии акад. Р. Амонов маҳз дар ИЗА кору эҷод кардаанд. Ҳоло дар Ганҷинаи фолклори ИЗА беш аз 225 ҳазор саҳифа осори фолклорӣ, аз ҷумла беш аз 21 ҳазор мақолу зарбулмасал, 8200 чистон, 30 ҳазор рубоиву дубайтӣ,  беш аз 28 ҳазор такбайт, 20 ҳазор тарона, 13200 суруд, 6100 афсона, 3200 латифа, 118 достони эпоси қаҳрамонии «Гӯрғулӣ» ва чандин дафтари ёддошту рӯзномаҳои экспедитсияҳои фолклорӣ ва матни тафсири маросимҳо нигоҳдорӣ мешавад. Ду ҷилди «Куллиёти фолклори тоҷик» (2007–08) ба табъ расид. Таҳқиқоти тозаи кормандони шуъбаи фолклор таълифи «Донишномаи фолклоршиносии тоҷик» мебошад, ки он дар ҳаҷми 66 ҷузъи чопӣ ба нашр омода шуд. Равобити муштараки илмӣ миёни фолклоршиносони тоҷик ва донишмандони Эрон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Руссия, Кореяи Ҷанубӣ, ИМА, Олмон ва кишварҳои дигар равнақи тоза пайдо кардааст. Ба ин муносибат метавон нашри китобҳои фолклоршиносони тоҷик Р. Раҳмонӣ «Таърихи гирдоварӣ, нашр ва пажӯҳиши афсонаҳои мардуми форсизабон» (Теҳрон, 2001), «Роҷеъ ба таърихи гирдоварӣ, нашр ва омӯзиши адабиёти омиёнаи тоҷик» (бо ҳуруфи форсӣ, Вашингтон, 2000), «Гуфтугӯ бо Давлат Холов: қиссаҳо аз Тоҷикистон» (Маскав, 2000, англисӣ, бо ҳаммуаллифии М. Миллс) «Занҳои афсонагӯйи тоҷик: анъанаи афсона» (Маскав, 2002, англисӣ); Р. Аҳмадов «Наврӯзи хуҷастапай дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ» (Хуррамобод, ҶИЭ, 2013), «Ҷойгоҳи маросимҳо ва аъёди исломӣ дар фарҳанги мардуми тоҷик» (Теҳрон: 2009); Д. Раҳимов «Гӯрӯғлӣ ба ривояти тоҷикӣ» (бо ҳуруфи форсӣ, ИМА, 2006, бо ҳаммуалифии С. Ҳунарманд, бо алифбои форсӣ) ва чандин мақолаи дигарро мисол овард. Ҳамчунин нашри як теъдод фарҳангу қомусҳои бузург низ ба давраи навини таърихи ҷумҳурӣ рост омад. Аз ҷумла, «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ» (ду ҷилд, 65 ҳазор калима, 2004–06), «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» (ду ҷилд, 2008), нашри «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (аз асри 10 то ибтидои асри 20, ду ҷилд дар Теҳрон, 2006), «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ» (ҷилди 1, 2011), нашри комили «Фарҳанги зарбулмасал, мақол ва афоризмҳои тоҷикию форсӣ» (асари М. Фозилов, 2014). Дар давоми солҳои 1991−2015 кормандони шуъбаи фарҳангнигориву истилоҳот дар мавзӯъҳои вожасозӣ, вожашиносӣ, истилоҳот, топонимика ва дигар самтҳои лексикаву лексикология беш аз 500 мақола таҳия ва чоп карда, бо нақду гузоришҳои мухталиф дар беш аз 100 нишасту конфронсҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ширкат варзиданд. Кормандони шуъбаи адабиёти муосири ИЗА дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар шакли рисолаву китоб ва мақолаҳои пурмуҳтаво матлабҳои хубро вориди махзани илм карданд. Кормандони шуъба дар таҳия, таҳрир ва нашри илмию академии «Мукотибаи Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ» (нашри дуввум бо такмил ва иловаҳо, 2003), «Абулқосим Лоҳутӣ. Номаҳо» (нашри илмӣ бо сарсухан ва тавзеҳоти муфассал, 2004), Пайрав Сулаймонӣ. Куллиёт (2006), Куллиёти Абулқосим Лоҳутӣ (дар 7 ҷилд, солҳои 2010-2017) ва осори таҳқиқотии донишмандони маъруф – Муҳаммадҷон Шакурӣ, Соҳиб Табаров, Хуршеда Отахонова, Акбар Турсун, Маъруф Раҷабӣ, Шоҳзамон Раҳмонов, Абдухолиқи Набавӣ ва дигаронро ба табъ расонидааст. Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон осори муҳимми адабиётшиносӣ ва таърихи адабиёт офарида шуд: монографияҳои А. Сатторзода «Таърихчаи назариёти адабии форсии тоҷикӣ» (2001), «Аристотель и таджикско-персидская литературная мысль (9 – 10 вв.)» (2001), «Кӯҳна ва нав (Дар шеър, нақд ва забон)» (2004, бо хатти кириллӣ ва форсӣ), «Аз Рӯдакӣ то Лоиқ» (2013), М. Муллоаҳмадов «Қоонии Шерозӣ (1992), «Паёми ахлоқии Фирдавсӣ» (2003) «Дар олами эроншиносӣ» (2005) «Рӯдакӣ ва суханварони ҳамрӯзгори ӯ» (Теҳрон, 1387 шамсӣ, бо ҳамкории Н. Ҷоннисорӣ); «Донишномаи Рӯдакӣ» (ҷилдҳои 1 ва 2, 2008), «Биё то ҷаҳонро ба бад наспарем» (2011), Валӣ Самад «Аз қаъри Хазар то авҷи Зуҳал (аз таърихи робитаҳои адабии халқҳои тоҷику озарӣ дар садаи XIX ва ибтидои садаи ХХ)» (1991), «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва Чернишевский (2004, бознашр 2005), Ҳ. Қаландаров «Хизонаи омира» ҳамчун сарчашмаи омӯзиши таърихи адабиёти форсизабони асрҳои» (2007), «Рӯдакӣ ва исмоилия» (2012), Муҳаммадиев Ш. «Адабиёти форсии тоҷикӣ дар асрҳои VIII-IX», «Арзишҳои адабии «Таърихи Байҳақӣ» (баргардон ва таҳрир) (2014), маҷмӯаҳои Маликова А. «Нигоҳе ба рӯзгор ва осори Робиаи Балхӣ» (2010), «Аз ғазали рӯдакивор то шеъри нимоӣ» (2010), ва амсоли ин. Ҳамчунин аз тарафи кормандони шуъбаи таърихи адабиёти Институт «Донишномаи Рӯдакӣ» ҷилди 3 (2019), «Таърихи адабиёти тоҷикӣ. Аз Давраи бостон то ибтидои асри ХХ» (ҷилди 1, 2019). Барои омӯзиши мероси адабии шоирону нависандагони муосир, нашри интиқодӣ ва илмии чеҳраҳои шинохтаи адабиёт, ҳамчунин ҷовидон кардани хотираи бузургони адабиёт дар солҳои гуногун дар ҳайати ИЗА осорхонаҳои адабии С. Айнӣ (1955), осорхонаи М. Раҳимӣ (1968), осорхонаи адабии М. Аминзода дар ш. Хуҷанд (1976), осорхонаи адабии М. Турсунзода (1978), осорхонаи А. Лоҳутӣ (1980) таъсис дода шуданд. ИЗА бо муассисаҳои илмӣ ва мактабҳои олии ҷумҳурӣ, бо марказҳои илмию таҳқиқотии Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Арманистон, Озарбойҷон, Эрон, Афғонистон, ИМА, Англия, Фаронса, Олмон, Ҳиндустон, Покистон ва дигар кишварҳои хориҷӣ робитаи илмӣ дорад. Сарварони ИЗА − Б. Ниёзмуҳаммадов (1941−44), ШҲусейнзода (1944−47), А. Мирзоев (1947−52), М. Фозилов (1952−58), Х. Мирзозода (1958−59), Н. А. Маъсумӣ (1959−72), А. Маниёзов (1972−2000), Д. Саймиддинов (2000−2005),
С. Назарзода (2006−2011), А. Турсунов (2011−15), С. Раҳматуллозода (2015-2019), Салимӣ Н.Ю.(феврал-ноябри 2019), Шарифзода Б.Б. аз январи 2020 то ҳол.