


ШАРИФЗОДА БОЙМУРОД БОБОПУР
Боймурод Шарифзода (Шарифзода Боймурод Бобопур; 2 декабри 1964, Элок, Файзобод, ҶШС Тоҷикистон)— адабиётшинос, номзади илми филология (1995), дотсент (1997).
Зиндагинома
Боймурод Шарифзода 2-декабри 1964 дар деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод дар хонадони коргар ба дунё омадааст. Солҳои 1972—1982 дар мактаби миёнаи деҳа (№ 11) таҳсил кардааст. Соли 1982 ба факултети филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (имрӯза Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шудааст. Солҳои 1983—1985 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Шӯравӣ хизматро адо намудааст. Баъди хизмати ҳарбӣ хонданро идома дода соли 1989 факултети филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро (имрӯза Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатӣ
Солҳои 1989—1990 лаборанти калони Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Солҳои 1991—1994 лаборанти калон, коромӯз — муҳаққиқ.
Солҳои 1994—1998 аспиранти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон,
Солҳои 1996—1998 муовини декани факултети филологияи тоҷик оид ба тарбия ва илм.
Солҳои 1998—2003 ҳамзамон ба фаъолияти омӯзгорӣ ва илмӣ рӯзноманигор ва ҳуруфчину тарроҳи компютерӣ машғул шудааст.
Солҳои 2003—2004 муовини декани факултети филологияи тоҷик.
Солҳои 2004—2007 декани факултети филологияи тоҷик.
Аз соли 2012 то 2020 вазифаи декани факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айниро ба уҳда дошт.
Шарифзода Боймурод Бобопур бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъйин карда шуда, аз январи 2020 то ҳол дар вазифаи директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон кору фаъолият дорад.
Фаъолияти илмӣ
Фаъолияти илмии Б.Шарифзода аз соли 1990 оғоз мешавад. Соли 1992 ба шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Донишгоҳи миллӣ дохил шуда, мавзӯи рисолаи номзадияшро зери унвони «Афкори адабӣ ва танқидии Хоқонии Шарвонӣ» тасдиқ намуд. Соли 1995 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Афкори адабӣ ва танқидии Хоқонӣ» ҳимоя намуд. Б.Шарифзода ҳамчун мутахассиси соҳаи нақди шеър перомуни адибони классику муосир тавассути оинаи нилгун беш аз 100 барнома омода карда, пахш намудааст.
Таълифот
Муаллифи 2 китоб ва зиёда аз 60 мақолаҳои илмӣ. Самти фаъолияти илмиаш таҳқиқи афкори адабӣ ва танқидии суханварони асримиёнагии форсу тоҷик мебошад. Дар конференсияҳои илмӣ иштирок ва маърӯзаҳо кардааст.
Китобҳо
1.Хоқонӣ ва нақди шеър.- Душанбе: “Шарқи озод”, 2010.- 185 саҳ
2. Шарҳи «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ.- Душанбе, 2015
Осори илмӣ:
Эзоҳ
Президенти Тоҷикистон. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъйин намудани Шарифзода Б. Б. president.tj. 24 январи 2020 санҷида шуд.
Таджикистан
История
Экономика
Культура и образование
Туризм
Таджикистан и мировое сообщество
Государственные символы
Герб
Флаг
Гимн
Национальная валюта
Культурно-исторически места
Таджикский Национальный Парк
Гиссар
Хулбук
Саразм