


МУҲТАРАМ АБДУХОЛИҚИ НАБАВӢ!
Инак беш аз 50 сол аст, ки Шумо ба ҳайси мунаққиди варзида барои илму адаби тоҷик собитқадамона ва садоқатмандона хидмат мекунед. Шумо аз ҷумлаи фидоиёни роҳи илму маърифат ҳастед, ки рӯзгоратон ба хидмати бедареғи танвири афкор ва маънавияти миллат бахшида шудааст.
Солҳои 1963-1967, ҳангоми таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (он солҳо Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С. М. Киров) аз дарсҳои устодони ин даргоҳ бо каломи бадеъ бештар ошно шудед ва пас аз хатми он ба ҳайси устод фаъолият намудед, ҳунару истеъдоди донишомӯзатон боиси ҳидояти устод Муҳаммадҷони Шакурӣ шуд, ки Шумо ба Душанбе омада, нахуст ба сифати ходими калони илмӣ ва баъди чанде ба ҳайси ходими пешбари илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолияти пурсамар намоед. Ҳамроҳи адабиётшиносони маъруф академик Муҳаммадҷони Шакурӣ, Раҳим Ҳошим, Расул Ҳодизода, Хуршеда Отахонова, Маъруф Раҷабӣ, Раҷаб Амонов, Садрӣ Саъдиев ва дигарон кор карда, ба таҳқиқу таҳлили адабиёти муосири тоҷик машғул шудед ва дар ин ҷода корҳои мондагоре ба сомон расондед. Китобҳои «Эҷоди бадеӣ, инсон ва замон» (1983) ва «Адабиёт ва нақди адабӣ» (1993) натиҷаи барҷастаи фаъолияти пурсамари Шумост.
Аз оғози фаъолияти илмиатон таваҷҷуҳи Шуморо бештар мавзуъҳои таҳқиқнашуда ва ё камтаваҷҷуҳшудаи адабиёти муосири тоҷик ба худ ҷалб намуд. Бо таҳқиқотатон, аз ҷумла бо китоби «Тасвири олами ботинии инсон, нависанда ва замон (Масъалаҳои тасвири психологӣ дар насри муосир)» (1987) собит сохтед, ки муҳаққиқи навҷӯю тозаназаре дар илму адаби тоҷик ҳастед. Сипас, пажӯҳишҳоятон «Адабиёт ва нақди адабӣ» (1993), «Нарзуллоҳи Бектош ва илму адаби тоҷикии солҳои 20-30 садаи ХХ» (2004), «Таърихи ташаккули Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон» (2004), «Достони об ё Обнома» (2004), «Нахустин рӯзномаи тоҷикӣ ва фарҳанги рӯзноманигорӣ» (2007), «Ҷусторҳо ва ибтикорот дар наср» (2009), «Ҷанги ватанӣ ва афкори адабии тоҷикӣ» (2010) ва ғайра пайи ҳам таълиф шуданд, ки дар онҳо масъалаҳои муҳимми таърихи адабиёт, аз ҷумла мавзуъҳои муҳимми сабку шакл ва ҷустуҷӯи жанрӣ дар мисоли намояндагони барҷастаи насри муосири тоҷик тадқиқ гардидаанд.
Дар саҳифаҳои матбуоти Тоҷикистону Эрон бештар аз 400 мақолаи илмию оммавиро ба табъ расонидаед, ки дар онҳо муҳимтарин масъалаҳои адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ матраҳ гардидаанд.
Дар таҳия ва манзури аҳли илму адаб намудани осори арзишманди муҳаққиқон, шоирону нависандагон, асарҳои бунёдии донишмандони шарқшинос саҳми назаррас доред. Бо ташуббус, тарҳу таҳия ва таҳрири Шумо мақолаҳои имию мубоҳисавии забоншиносии солҳои 20-уми асри ХХ зери унвони «Забони тоҷикӣ дар мабнои мубоҳисаҳо» (маҷмуаи мақолаҳои солҳои 20-ум) (2007) ва асари бунёдӣ ва мондагони олим ва адиби бузург Шиблии Нуъмонӣ «Шеър-ул-Аҷам», ки зиёда аз ҳазор саҳфа ҳаҷм дорад, бо зевари чоп ороста шуданд, аз ҷумлаи хидматҳои модагор ба шумор меравад.
Дар тарбияи муҳаққиқони ҷавон низ саҳми чашмрас доред. Зери роҳнамоии бевоситаи Шумо чор нафар рисолаҳои номзадии хешро дифоъ намудаанд, ки нишони ғамхориатон нисбат ба насли ҷавон мебошад.
Фаъолияти мунаққидии Шумо бошад барои таърихи адабиёти тоҷик корномаи мондагорест. Ба сифати як мунаққид Шумо бештар дар нақди наср маъруфият доред, ки дар ин замина осори арзишманде таълиф намудаед. Дар рӯзҳои мо анҷоми ин рисолат кори арзишмандест, на ҳар кас ба он машғул мешавад. Шумо худро масъули нақсу камоли насри муосири тоҷикӣ медонад ва пайваста ва бидуни хастагӣ дар ин замина тақриз, мақола ва китобу рисола менависед ва дар баҳсҳо фаъолона ва ҷасурона иштирок мекунед. Шумо иҷрои ин вазифаи басо душвор, заҳматталаб ва бидуни подоши моддиро шуурӣ ба уҳда гирифтаед ва суннати муқаддаси устодонро идома медиҳед. Яке аз ҷиҳатҳои муҳимми фаъолияти мунаққидии Шумо дар ин роҳ дар он зоҳир мешавад, ки бо таваҷҷҷуҳ ба ҷанбаи эстетикӣ ва ҳунарии осори адибон ба вуруди истеъдодҳои нави тозанигоҳ ва равандҳои нави адабӣ дар адабиёт даст ёфтаед.
Солҳои охир таваҷҷуҳи Шуморо масъалаҳои таърихи нақди адабӣ, поэтикаи адабиёт, нақди осори нав, сабки адабӣ ва саҳифаҳои торику номакшуфи таърихи адабиёт ба худ ҷалб кардааст, ки бо таҳқиқоти хеш – «Нарзуллоҳи Бектош ва илму адаби тоҷикии солҳои 20-30 садаи ХХ» (2004), «Ҷусторҳо ва ибтикорот дар наср» (2009), «Ҷанги ватанӣ ва афкори адабии тоҷикӣ» (2010) ва ба тозагӣ таҳияи номаҳои арзишманди Мирсаид Миршакар, адабиётшиноси озар Акрам Ҷаъфар ба Сотим Улуғзода масъалаҳои болозикрро ба таҳқиқ гирифта, кори арзишмандеро анҷом додаед.
Мунаққиди муҳтарам, 75-умин баҳори умри пурбаракататонро барои Шумо бо ихлосу самимият табрик гуфта, бароятон тандурустӣ, табъи болида, хотири осуда ва комёбиҳои эҷодӣ хоҳонем.
РАЁСАТИ ИНСТИТУТИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ БА НОМИ РӮДАКИИ АМИТ
Таджикистан
История
Экономика
Культура и образование
Туризм
Таджикистан и мировое сообщество
Государственные символы
Герб
Флаг
Гимн
Национальная валюта
Культурно-исторически места
Таджикский Национальный Парк
Гиссар
Хулбук
Саразм