ТӮРАЕВ Бурҳониддин Бузургович                                      

аз декабри соли 2017 дар вазифаи  ходими калони шуъбаи забони

Институти забон ва  адабиёти ба номи Абӯабдулло  Рӯдакии                

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  кор мекунад.

Соли таваллуд 18 апрели 1966  

Ҷои таваллуд ноҳияи Ғончӣ

Миллат тоҷик                                       

Таҳсилот   олӣ

Соли 1992 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро  (рӯзона) хатм кардааст

Ихтисос филолог

Унвони илмӣ номзади илми филолгия

Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не не

Бо мукофотҳои давлатӣ сафароз гардонда шудааст ё не  не

Вазъи оилавӣ оиладор

Суроға  ноҳияи Варзоб, Ҷамоати Чорбоғ, деҳаи Дуғоба

Кор ва фаъолияти собиқа:

 Солҳои  1992 -1996

Ба ҳайси лаборанти калони гурӯҳи яғнобшиносии назди Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АИ ҶТ, ҳамзамон коршиноси калон ва мудири китобхонаи форсии Бунёди фарҳангии Тоҷикистон, муҳаррири адабии барномаи «Гулзори сухан»-и идораи адабиёт ва ҳунари радиои Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 1996 -1998

 

Ба ҳайси ходими адабӣ ва узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Тоҷикистон» фаъолият намудааст.

Солҳои 2000 - 2004

Ба ҳайси муҳаррири тоҷикии маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон» адои вазифа намудааст.

Солҳои  2004 - 2006

Ба ҳайси ассистенти кафедраи таърихи забон ва типологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Солҳои 2006 -2007

Ба ҳайси сармутахассиси Маркази таълимию методии макотиби маълумоти миёна ва муассисаҳои таълимии олии назди Вазорати маорифи Тоҷикистон кор кардааст

Солҳои 2007 -2016

Ба ҳайси ассистент, муаллими калон ва дотсенти кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ фаъолият кардааст

Аз декабри соли 2017 то ҳол

Ба ҳайси ходими калони илмии шуъбаи забони Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулло  Рудакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.