ТАВЗЕҲИ ЧАНД ТОПОНИМИ «ШОҲНОМА»-И ФИРДАВСӢ

Тураев Б.Б. (Бузургмеҳр)

Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ

 

Шоҳасари лозаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсии Тӯсӣ на танҳо бузургтарин асари назмии шеъру адаби форсӣ-тоҷикӣ, балки яке аз аввалин сарчашмаи хаттии забони тоҷикӣ маҳсуб меёбад. Ва забони ин асари нотакрору оламшумул беҳтарин намунаи ташаккул ва рушди забони адабии тоҷик дар асрҳои IX-X ба ҳисоб меравад.

«Шоҳнома»-и Фирдавсӣ танҳо як асари назмии дарбаргири корнамоиҳои шоҳони ориёии дудмони пешдодӣ, каёнӣ ва ҳахоманишию сосонӣ ва дигар тоифаҳои эронинажод набуда, балки бузургқомус ва уқёнуси нопайдоканори забони ноби форсӣ-тоҷикӣ аст, ки дар ниҳонхонаи худ беҳтарин дурру марворидҳои забон, яъне калимаву иборот ва номвожаҳои суфтаву рехта ва намакину пуробурангро маҳфуз доштааст.

Аз нигоҳи номшиносӣ (ономастика) «Шоҳнома»-и устод Фирдавсӣ нахустин ва комилтарин сарчашмаест, ки дар он номҳои ҷуғрофӣ (топонимҳо), яъне номҳои куҳани шаҳру ноҳияҳо, давлату кишварҳо ва маҳалҳо, номи деҳаҳо ва нуқоти маскунӣ (ойконимҳо) номи кӯҳу пуштаҳо (оронимҳо), талу теппаҳои кӯҳҳо ва ғору камарҳо, яъне мавзеъҳои сатҳизаминӣ (спелеонимҳо), номи дарёҳо ва рӯду наҳрҳову чашмаҳо (гидронимҳо), номи дижҳо (қалъаҳо) ва дидбонгоҳҳо, номи мавзеъҳо ва маҳалҳои мухталифи ҷуғрофӣ (топонимҳо), номҳои вобаста ба номи растаниҳо, гулу гиёҳҳо ва дарахтон (фитонимҳо), номҳои вобаста ба ҳайвоноту ҷонварон (зоонимҳо-зоотопонимҳо), номҳои тоифаҳо ва гурӯҳҳову қабилаҳо ва халқиятҳо (этнонимҳо - этнотопонимҳо), номи ашхос ва номҳои ҷуғрофии вобаста ба номи ашхос (антропонимҳо) ва дигар қабатҳои ономастикӣ гирд оварда шудаанд, ки ҳар яке аз ин номҳо дорои хусусиятҳои хеле хубу нотакрори забонӣ мебошанд ва тавассути «Шоҳнома»-и лозавол то ба мо омада расидаанд.

Муҳаққиқи бузургу шинохтаи рус ва яке аз саромадони риштаи илми номашиносӣ В.А. Никонов дуруст қайд кардааст, ки: «- Шаҳрҳо хароб гардиданд, давлатҳо барҳам хӯрданд, забонҳо ва худи халқҳо аз байн рафтанд, аммо номҳо боқӣ монданд…» (Никонов, 1965, 179 с.)

Тавассути «Шоҳнома»-и бузургқомус ва зарчашмаи нодиру нотакрори забон ва адаби форсӣ-тоҷикӣ номи тамоми номҳои ҷуғрофии дунёи қадим (аз замони Пешдодиён то замони Сомониён) то ба имрӯз бе газанд омада расидаанд. Ва дар байни номҳои маҳфуз дар «Шоҳнома» номҳои ашхос (антропонимҳо), номи дарёҳо, рӯду наҳрҳо ва чашмаҳо (гидронимҳо), номи мавзеъҳои ҷуғрофӣ (топонимҳо), номи кӯҳҳо (оронимҳо), комонимҳо ва ойконимҳо (номҳои нуқоти маскунӣ, шаҳру навоҳӣ ва вилоёту кишварҳо) мавқеи хоса доранд. Ба вижа ба назари мо дар «Шоҳнома» ойконимҳо мавқеи ниҳоят хоса ва муҳим дошта, дар ин бахш тавзеҳ ва таҳлилу маънидоди баъзе аз онҳо аз фоида холӣ нахоҳад буд. Чунки донистани маънои ҳар як аз нуқоти маскунӣ, ба вижа номи шаҳрҳо ва вилоёту кишварҳо ва манотиқи нопайдоканори ниёгон, ки мо имрӯз дар яке аз гӯшаҳои хурду биҳиштосои он сукунат дорем, воҷиб мебошад.

Бо такя ба сарчашмаҳои мӯътамади забоншиносӣ аз рӯи имкон тавонистем то андозае чанде аз номҳои ҷуғрофии «Шоҳнома» ба вижа ойконимҳои зеринро мавриди таҳлил ва тавзеҳу баррасӣ қарор бидиҳем. Аз ҷумла: Ховар [xāvar] 192

     Зи Ховар биёрост то Бохтар,

     Падид омад аз фарри ӯ кони зар (Шоҳнома, ҷ.1, саҳ. 41).

Вожаи «Ховар» [xāvar] вожаи паҳлавӣ (форси миёна) буда, маънои яъне макони тулӯи офтоб, қутби замин ва дар бисёр фарҳангҳо ҳам ба ҳамин маъно шарҳ дода шудааст. Аз ҷумла дар «Нахустин фарҳанги алифбоии қиёсии забони форсӣ»-и доктор Маҳшиди Маширӣ ҳам вожаи мазкур чунин шарҳ дода шудааст:

Ховар [xāvar] (вожаи паҳлавӣ) 1. маҳалли тулӯи Хуршед; Машриқ; Хусрави Ховар – Хуршед:

«Саҳар чун Хусрави Ховар алам бар кӯҳсорон зад,

Ба дасти марҳамат ёрам дари уммедворон зад.»

2. Шарқ, кураи замин, мутазоди (антоним) Бохтар (Маҳшиди Маширӣ, 1992 (1371), 390).

Бохтар [Ӣāxtar] – номи яке аз кишварҳои воқеъ дар ғарбии паҳнои Ориёно – Эронзамин (воқеъ дар Афғонистон ва қисмати ҷанубии Тоҷикистони имрӯза), ба маънои Мағриб, яъне қутби ғарбӣ.

Дар катибаҳои (сангнавиштаҳо) хати мехии аҳди Ҳахоманишӣ ин вожа ба тариқи зайл аст:

Ӣāxtri – «Бохтар, Балх» - яке аз кишварҳои мутеи шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ, форс. бост. Ӣāxtri, ав. Ӣāxδi, паҳлавӣ Ӣaxl>Ӣalx ф.н. (аз роҳи табдили xl-lx), юнонӣ βάκτρα; дар ҳолатҳо (падежҳо): βāxtriš Nom. занона, Ӣāxtriyā Instr., Ӣāxtriyā All (Саймиддинов, 2007, 164).

Вожаи мазкур дар «Нахустин фарҳанги алифбоии қиёсии забони форсӣ» бошад ба сурати зайл шарҳ ва маънидод карда шудааст;

Бохтар [Ӣāxtar] (вожаи паҳлавӣ) – 1. Мағриб:

«Чу Хуршед дар Бохтар гашт зард,

Шаби тира гуфтам, ки аз роҳ гард» .Фирдавсӣ

Мутазоди (антоним) Ховар (М. Маширӣ, 1371 (1992), 110).

Ҳамчунин дар «Фарҳанги мухтасари Шоҳнома» омадааст: Бохтар 1. мағриб, ғарб:

Чу аз Бохтар тира шуд рӯи меҳр,

Бипӯшид дабои мушкин сипеҳр. (Фирдавсӣ)

Топоними Порс [Pārs]:

605 Сипаҳбад сӯи Порс бинҳод рӯй,

Ҳаме рафт пурхашму дил кинаҷӯй. (Шоҳнома, ҷ.1., с.446)

Дар мисраи аввали байти боло вожаи «Порс» ба маънои кишвари Порс (макони порсизабонон) омадааст. Вожаи мазкур аз нигоҳи сохт вожаи сода аст. Он ҷое, ки порсизабонон сукунат доштанд (Эрони имрӯза) Порс номидаанд.

Дар форсии бостон ин номвожа дар чунин шакл омада аст: Pārsa// Pārsaiy – 1. Порс – номи кишвар (маркази шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ), юнонӣ Пεpσia; Persia: Pārsa Nom. мардона, Pārsam Acc., Pārsahyā Gen., Pārsā Inst., Pārsaiy Loc.; 2. «порсӣ» (сифати нисбӣ) (Саймиддинов, 2007, 174).

Эҳтимол меравад, шояд вожаи «порс» ба маънои «озода», «шарафманд», «асилзода», «донову порсо ва сипо» бошад. Чунки дар шеваи марказии забони тоҷикӣ (гӯйишҳои фалғарӣ ва мастчоҳӣ) вожаи «порсо» маънои «покдоман», «доно», «озода», «асилзода» ва «сипо», яъне донои камгап ва ботамкинро дорад. Зеро порсҳо дар қатори модҳо асоси ақвоми ориёӣ, яъне эронинажодро ташкил медиҳанд. Ҳамчунин «порсо» [pārsā] – покдоман, диндор … (Маширӣ, 1371 (1992), 167).

Дар «Нахустин фарҳанги алифбоии қиёсии забони форсӣ» вожаи «Порс» ба ду маънӣ омадааст:

  1. Pārs - аз форсии бостон ба маънои кишвари Порс//Форс
  2. Садойи саг (зӯза кашидан) … (Маширӣ 1371, 166-167)

Топоними Эрон [Īrān]:

Манучеҳр аз Эрон гар кам шудаст,

Сипоҳро саре Соми Найрам шудаст (Шоҳнома, ҷ.1, с. 402).

Дар байти боло (мисраи аввал) вожаи «Эрон» ба маънои кишвари Эрон, паҳнои Эронзамин омадааст ва вожаи мазкур аз нигоҳи сохт вожаи сода аст. Худи мафҳуми Эрон ва ё топоними «Эрон» шакли тағйирёфтаи «ориён» ва «Эронзамин» дар сарчашмаҳои хаттии қадим ба хусус «… дар Авасто «Aryanam vayjah» (Паҳнои Ориёно - Эронзамин) дар матнҳои ҳахоманишии форсии қадим «ariya», дар навиштаҳои юнониён, аз ҷумла Ҳеродот – «Aρizaȝτoi» (arya+zanti-қабоили ориёӣ), Птоломей (Батлимус) «Apaikai» (arya+ka-ориён), дар Страбон «Apiavȝs» (ariyan-ориёиён) сабт гардида, ин калима ба мардуми таърихиву покнажоди шаҳрнишини эронитабор далолат мекунад ва онро бештари олимон сарзамини озодагон, порсоён, мутамаддин ва кишвари озод гуфтаанд.

Ҳамин тавр, истилоҳи «эронӣ», «Эрон», «ориён», «Ориён» муштақ аз «ariya» буда, ба маънии «озод», «озода», «асилзода» ва «порсо» - ву «шариф» аст ва ба ақвоми соҳибфарҳанг ва созанда далолат мекунад. Мафҳуми «Эрон» (Ориён) таърихан фарогири сарзамини бузургу паҳновари мардуми эронитабор будааст, ки маъмулан қисмати асосии Осиёи Марказӣ ба он шомил будааст. (Мухторов, 2003, 14).

Топоними «Эрон» дар сангнавиштаҳои хати мехии аҳди ҳахоманишӣ ба тариқи зайл аст: Дар форсии бостон Ariy – «ориёӣ», дар санскрит aryā – «наҷиб, шариф», ав. airya ҳамчунин ariya – «ба ориёӣ, ба забони ориёӣ». Ин вожа дар таркиби чанде аз номҳои форсии бостон низ ба кор рафтааст (Саймиддинов, 2007, с.160).

Дар «Фарҳанги мухтасари Шоҳнома» низ вожаи «Эрон» ба маънои «номи кишвари маъруф» омадааст (Иброҳим Ализода, 1992, 460).

Бағдод [βaγdād] – номи шаҳри хеле қадима ва пойтахти давлати имрӯзаи Ироқ. Вожаи мазкур аслан вожаи эронӣ буда, мансуби забони форсии бостон аст ва калимаи мураккаб буда, аз ду ҷузъ (Бағ+дод) иборат аст.

Дар аҳди қадим Бағдод ва ҳудудҳои атрофу акнофи он сарзамини ориёиён, яъне тобеи шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ буд. Дар «Шоҳнома» омадааст:

Сипаҳро зи Бағдод берун кашид,

      Саропардаи нав ба ҳомун кашид (Шоҳнома, ҷ.9, с.16).

Вожаи Бағдод чуноне зикр шуд аз ду ҷузъ шакл гирифтааст, ҷузъи якуми вожа бағ – буда, дар форсии бостон ӣaƍa - «Худо», ав. ӣaƍa // ӣaγa – «бахш, бахт, бахти нек», ҳ.б. ӣhaƍa «бахшандаи бахти нек»; дар таркиби номҳои форсии бостон: Ӣaƍāӣiƍna-, Ӣaƍaӣuxša-, Ӣaƍāyadi-; (суғ. Ӣaγa); ф.м. ӣaƍ/ӣay 1. «Худо»; 2. = šahryār, xvadāy; дар ҳолатҳо: ӣaƍa-Nom. муфради мардона, ӣaƍāha Nom. ҷамъ, ӣaƍānām Gen. ҷамъ, ӣaƍaiӣiš Inst. ҷамъ (Саймиддинов 2007, 166).

Ҷузъи дуюми вожа «дод» [dāta] буда, ин ҷузъи вожа ҳам аслан калимаи забони форсии бостон аст ва ҳамчунин ин вожа дар тамоми забонҳои дигари эронӣ мустаъмал будааст. Дар матнҳои хати мехӣ ба сурати зайл аст: dāta – «қонун», ав. dāta -, ф.м. dāt/ dād = ф.н.; аз решаи dā «офаридан; додан», ав. dā-; dātā Nom. ҷамъи миёна, яъне «қавонин».

Дар маҷмӯъ вожа ва ё топоними Бағдод маънои «бахшандаи адлу дод», «Худои бахшандаи бахти нек», «Худованди адлу дод», «ҷойгоҳи Худои бахшандаи бахт ва адлу дод» - ро дорад. Маънидоди мардумии ин вожа, ки садсолаҳо боз аз даҳон ба даҳон ва аз авроқе ба авроқе омадааст «боғи дод», «боғ – чаманистони адлу дод», «фаришта ё муаккали адлу дод» (шаҳри пурфайз ва ҷайгоҳи адлу дод) аст. Лек ҳамоно, ки дар боло зикр шуд вожаи ё ҷузъи Бағ (дар забонҳои шарқи эронӣ, ба вижа авастоӣ ва суғдӣ ӣaγ ва ӣaγa аст, аммо дар забонҳои эронии ғарбӣ – ф.б., ф.м. ӣaƍ) маънои «Худо», «Худованд» - ро дорад. Калимаи «Бағдод» (дар асл ӣāƍa+dāta) шакли талаффузи арабии он аст. Дар забони арабӣ, ки ҳарфи «г» (гоф) вуҷуд надорад Ӣāƍadāta// Ӣaƍdāt – ро «бағдод» навишта ва талаффуз мекардагӣ шуданд.

Ҷузъи «ӣaƍ», «ӣaγ» - ро муаллифи «Нахустин фарҳанги алифбоии қиёсии забони форсӣ» низ чунин шарҳ медиҳад: [ӣaƍ] ӣaγ (авастоӣ) 1. Худо, 2. Эзад; фаришта (Маширӣ 1371 (1992), 141).

Номҳои ҷуғрофии фавқуззикр дар қатори даҳҳо номҳои дигари ҷуғрофӣ аз оғоз то анҷоми «Шоҳнома» ба назар мерасанд.

Китобнома:

  1. Ализода Иброҳим. Фарҳанги мухтасари Шоҳнома / Иброҳим Ализода. – Душанбе: Адиб, 1992. – 492 с.
  2.  Алимӣ Ҷ. Топонимика / Ҷ. Алимӣ. - Душанбе, 1995, 63 с.
  3.  Бурҳониддин Тураев. Тавзеҳи чанд топоними дараи Яғноб //Номаи пажӯишгоҳ, № 13-14. -Душанбе, 2006, – С. 43-48.
  4.  Деҳхудо Алиакбар. Луғатномаи Деҳхудо. Ҷ.4. / Алиакбар, Деҳхудо. –Теҳрон:Интишороти донишгоҳи Теҳрон. 1998, - 4889 саҳ.
  5. Маҳшид Маширӣ.Нахустин фарҳанги алифбоии қиёсии забони форсӣ / Маширӣ, Маҳшид – Теҳрон: Суруш, 1371(1992), - 1190 с.
  6. Мухторов З. Таърихи забони тоҷикӣ. З.Мухторов. -Душанбе, 2003, 152с.
  7. Никонов В.А. Введение в топонимику В.А. / Никонов. -М., 1965. - 179с.
  8.  Ҳомидов Д. Сарнавишти вожаҳо / Д.Ҳомидов. -Душанбе, 2008,-144с.
  9. Ҳомидов Д.Р. Топонимияи водии Кешрӯд / Д.Р. Ҳомидов. -Душанбе, 2002, 104с.
  10. Олимҷони Муҳаммадҷон. Баррасиҳо дар номшиносии тоҷик/ Муҳаммадҷон Олимҷони.-Душанбе, 2004, 84с.
  11.  Офаридаев Н. Ойконимияи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон/ Н. Офаридаев. -Душанбе, 2001, 163с.
  12. Саймиддинов Д. Форсии бостон / Д. Саймиддинов. - Душанбе, 2007, 190 с.
  13.  Тураев Б.Б. Вожаҳои суғдӣ дар топонимияи Яғноб // Паёми Донишгоҳи Миллӣ, № 2. - Душанбе, 2008. – С. 62-67.
  14.  Тӯраев Б.Б. Таҳқиқи лексикӣ-семантикӣ ва калимасозии микротопонимияи водии Яғноб / Рисолаи номзадии илми филолог. -Душанбе – 2010, - 223 с.
  15. Фирдавсӣ Абулқосим. Шоҳнома.Ҷ.1. / Абулқосим Фирдавсӣ -Душанбе: Адиб, 1987. - 480 с.
  16. Фирдавсӣ Абулқосим. Шоҳнома.Ҷ.9. / Абулқосим Фирдавсӣ -Душанбе: Адиб, 1991, - 496 с.
  17. Шамсуллоҳи Исмоил. Нақши Авасто дар топонимияи Тоҷикистон / Исмоил Шамсуллоҳ. - Душанбе, 2011, 92с.

ТАВЗЕҲИ ЧАНД ТОПОНИМИ «ШОҲНОМА»-И ФИРДАВСӢ

Дар мақола якчанд топонимияи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ аз лиҳози забоншиносӣ бо таъбиру тафсили этимологии вожаҳо мавриди баҳсу баррасӣ қарор дода шудааст. Муаллиф кӯшиш ба харҷ додааст, ки аҳамияти омӯзиши яке аз масъалаҳои актуалии забоншиносии тоҷикро дар робита бо топонимияи ҷуғрофии яке аз ганҷинаҳои бемисоли адабӣ - «Шоҳнома» нишон диҳад.

Вожаҳои калидӣ: топонимия, «Шоҳнома», Фирдавсӣ, таҳлили этимологӣ, таҳлили лексикӣ-семантикӣ, Бохтар, Ховар, Суғд.

ЛЕКСИКО – СЕМАНТИЧЕСКИЙ И ЭТИМОЛОГИЧЕСКИЙ АНАЛИЗ НЕКОТОРЫХ ТОПОНИМОВ «ШАХНАМЕ» ФИРДОУСИ

В данной статье предлагается точное толкование нескольких топонимов «Шахнаме» Фирдоуси с лингвистической точки зрения, включая семантический и этимологической анализ лексических единиц. Автор статьи старается поднять актуальную проблему таджикского языкознания и привлекает внимание лингвистов в особенности топонимов на географические названия поэмы «Шахнаме» один из величайших произведение таджикско-персидской литературе и письменного наследия таджикского народа.

Ключевые слова: топонимия, «Шахнаме» Фирдоуси, этимологический анализ, лексико-семантический анализ, Бохтар, Ховар, Согд.

LEXICO-SEMANTIC ETYMOLOGICAL ANALYSIS OF SEVERAL TOPONYMS «SHAKHNAME» FIRDAVSI

In the article, for the first time it is proposed to accurately push «Shakhname» Firdavsi with a linguistic and etymological analysis of units. The author tries to raise the actual proӣlem of tajik linguistics and draws the attention of linguists, especially toponyms, to the geographical names of the poem «Shakhname», one of the greatest works of tajik-persian literature and written heritage of the tajik people.

 

Keywords: toponyms, «Shakhname» Firdavsi, etymological analysis, lexico-semantic, Ӣakhtar, Xovar, Sogd.

Маълумот дар бораи муаллиф: Бурҳониддини Бузургмеҳр (Тураев Бурҳониддин Бузургович) – номзади илми филология, Ходими пешбари илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ, тел: (+992) 93-522-38-00

Сведение об авторе: Бурхониддин Бузургмехр (Тураев Бурхониддин Бузургович) – кандидат филологических наук, Ведущий научный сотрудник Института языка и литературы имени Рудаки АН РТ, тел: (+992) 93-522-38-00

Aӣout the author: Ӣurhoniddin Ӣuzurgmehr (Turaev Ӣurhoniddin Ӣuzurgovich) – candidate of philological sciences, leading researcher at the Institute of Language and literature of the Academy of Sciences of the Repaӣlic of Tajikistan, phone numӣer: (+992) 93-522-38-00

24.09.2021