САҲМИ ПРОФЕССОР Н.ШАКАРМАМАДОВ ДАР ИНЪИКОСИ ИЛМИИ  ФАРҲАНГИ МАЪНАВИИ МАРДУМИ БАДАХШОН

(маълумоти библиографӣ)

 Ғуломшоева Зебогул

   Таҳлили библиографии корҳои илмии профессор Шакармамадов Н.    самтҳои гуногуни илмиро дар бар мегирад, ки дар маҷмӯъ ду  равияро таҷассум мекунанд:  забон ва ҳаёти фарҳанги маънавӣ. Дар доираи ин равндҳо профессор Шакармамадов Н.    як катор маколаҳо ва китобҳоро ба тасвир расонидааст, ки  таҳлили  онҳоро мо ҳамчун максади асосии ин макола   пеша намудем.  Давраи  фаъолияти илмии профессор Шакармамадов Н.   аз солҳои 80-ӯми асри ХХ оғоз мешавад. Дар ин давра профессор Шакармамадов Н.    дар мавзеи Бартанг тадқиқоти саҳрогиро ба сомон мерасонад, мавзӯи онро  мероси маънавии мардуми ин диёр ташкил медиҳад. Дар давоми ин тадқиқот афсонаҳо, ривоятҳо, урфу одати мардумӣ,  мероси фолклорӣ ва дигар шаклҳои маънавиёти мардум  аз забони мардум навишта мешаванд. Дар натиҷаи ин фаъолият, бойгонии бузурги шахсии профессор Шакармамадов Н.    ҷамъоварӣ гардид, ки он то ба имрӯз дар фонди бойгонии Институти илмҳои гумманитарӣ  бо  номи фонди ФБ1:4681—4684 - Н. Шакармамадов  маҳфуз аст.[1] Дар ҳамин давра – солҳои 80-90 асри ХХ   профессор Шакармамадов Н.  тадқиқоти навбатиро ба анҷом мерасонад, ки он   таърихи остонҳо ва зиёратгоҳҳои Помирро дар бар мегирифт. Соли 1993 китоби вай бо номи  «Фолклори Помир.  Остонҳо – осори таърих ва фарҳанги мардуми Бадахшон»  (Тадқиқи зиёратгоҳҳои Кӯҳистони Бадахшон)   аз чоп мебарояд. Ин китоб дар ҳаҷми 119 саҳифа буда,  аксарияти зиёратгоҳҳо ва остонҳои Помирро дар бар гирифт. Муаллиф тавонист дар шакли кутоҳ дар бораи ҳар кадоме аз онҳо маълумот  пешкаш намояд. Аҳамияти ин кори илмӣ дар он буд, ки бори аввал аз нуктаи назари илмӣ  топонимика  ва  этнонимикаи остонҳо ва ривоятҳои оиди пайдоиши онҳо  мавриди таҳқиқ карор дода шаванд.

     Дар асоси тадқиқотҳои саҳрогӣ дар соли 1992  китоби  Шакармамадов Н.  бо номи  «Даргилик – жанри махсуси фолклор»    дар  нашриёти «Дониш»  аз чоп баромад. Дар ин маҷмуа  сурудҳои  мардумӣ   ҷамъоварӣ шуданд, ки мавзӯи асосии онҳоро  ёди ватан ва диёр ташкил медиҳад.

 Дар солҳои 2000 як катор тадқиқотҳои профессор Шакармамадов Н.    дар мавзӯи Наврӯзи Бадахшон  амалӣ мешаванд, ки дар натиҷаи онҳо хусусиятҳои хоси ин оини мардумӣ   таҳлил мешаванд. Олим тамоми ҷанбаҳои ин оини мардумиро бо хусусиятҳои хоси ҳар як маҳал таҳлил намуда фикрҳои худро дар як катор маколаҳои илмӣ  ҷой медиҳад. [2] Соли 2003 аввалин китоб доир ба ҳамин мавзӯъ бо номи «Наврӯзи Бадахшон»  нашр гардид. Аз он ҷумла  дар тадқиқоти  устод наврӯзи деҳаи Ёгед ҷои намоёнро мегирад.  Устод қайд мекунад, ки этноними  калимаҳои наврӯзӣ решаи қадимаи суғдӣ доранд.   Мувофиқи маълумоти Н.Шакармамадов  авҷи иди Наврӯз «шаби Бурвеҷ», рамзи хайробод бо соли рафта ва истиқболи соли нав, шаби баробаршавии шабу рӯз маҳсуб мешавад.[3]      

          Дар баробари наврӯз, дар мақолаҳои профессор Шакармамадов Н.   инчунин мавзӯъҳои  расму оини  динӣ ҷои намоёнро мегирифтанд. Масалан дар як қатор  маколаҳои Шакармамадов Н.    масъалаҳои оини динӣ ба монанди  адо кардани суннати чароғравшанкунӣ  таҳлил мешавад. Дар тадқиқотҳои худ профессор  Шакармамадов Н. фикрхои А.Шохуморовро такмил дода, алокамандии оинҳои динӣ ва ориёиро  мавриди таҳқиқ қарор медиҳад, ки яке аз онҳо ин суннати чароғравшан мебошад. [4]  Гарчанде, ки ин оини динӣ аст, аммо равшании оташ ва  накши оташ  ба фикри муаллиф боқимондаи мукаддасоти ориёӣ мебошад, ки  чор унсури табиатро  мукаддас мешумориданд ва яке аз онҳо ин оташ мебошад. Дар «Видевдат»  омадааст, ки оташ рамзи тозагӣ мебошад, зеро тамоми  махлути зарароварро нест мекунад.[5]

  Дар давраҳои минбаъда профессор Шакармамадов Н.   инчунин образи ҳайвонот ва ривояту нақлҳои мардумиро дар бораи ҳайвонот мавриди таҳлил қарор дод. Дар натиҷаи ин таҳлилҳо  чандин маколаҳо ва рисолаҳо ба тасвиб расиданд, ки ин мавзӯъ  қисми асосии онҳоро тартиб дод. Дар тадқиқотҳои ин самт образи ҳайвоноти хонагӣ, нахчир, асп, хар ва дигар ҳайвонот, ки бевосита бо ҳаёти  мардуми кӯҳистон алоқа доранд, дар асоси маълумоти дақиқи мардум ва  ривоятҳо  таҳлил гардиданд. [6]

 

  Ҳамин тавр маколаро ба итмом расонида,  қайд карданӣ ҳастам, ки  таҳлили библиографии корҳои илмии профессор Шакармамадов Н.     дар самтҳои  гуногуни илмӣ ва ба хусус дар иро дар бар мегирад, ки дар маҷмӯъ ду  равияро таҷассум мекунанд:  фолклор   ва  ҳаёти фарҳанги маънавии мардуми бадахшон нақши босазо гузошт.  Авҷи фаъолияти илмии профессор Шакармамадов Н.    ба давраи душвори солҳои 80-90-ӯми асри ХХ рост омад, аммо ба тамоми душвориҳои зиндагӣ ва  проблемаҳои  иҷтимоӣ, ки  хоси ин давра буданд,  нигоҳ накарда, профессор Шакармамадов Н.   тавонист  тадқиқотҳои  муҳимми  соҳаи маънавиётро  ба сомон расонад. Таҳлилҳои устод дар бораи расму оинҳои мардумӣ,   мероси маънавии мардум,   афсонаҳо, ривоятҳо, урфу одати мардумӣ,  мероси фолклорӣ ва дигар шаклҳои маънавиёти мардум, ки дар тадқиқотҳои олим  ҷои асосиро гирифтанд,   аз забони мардум навишта   шуданд ва аз ҳамин ҷиҳат аҳамияти  калони илмӣ доранд. Имрӯз ин дастовардҳои олим ҳамчун сарчашмаи  тадқиқотҳо дар  самти ҳаёти маънавии мардуми Бадахшон васеъ аз тарафи олимони ҷавон  истифода мешаванд.  Устод бори нахуст  топонимика  ва  этнонимикаи зиёратгоҳҳо ва остонҳои Бадахшон таҳқиқ намуда,  ривоятҳо  оиди пайдоиши онҳоро  мавриди таҳлили илмӣ қарор дод, ки ин барои   тартиб додани  хатсайрҳои сайёҳӣ   ва тадқиқотҳои илмии минбаъда ҳамчун дастури методӣ хизмат менамояд.

 

АДАБИЁТ

  1. Авеста «Закон против дэвов» (Видевдат). СПб.: Изд-во Политехи, ун-та, 2008. 301 с.-С.146
  1. Охониёзов В., 2003- В. Охониёзов Образи нахчир дар назми помиризабонон .- Масъалаҳои помиршиносӣ. Барориши 5. Мураттиб ва муҳаррирони масъул: Ш. Юсуфбеков, Н. Шакармамадов. – Душанбе: Дониш, 2003.
  2. Шакармамадов, Н. Остонҳо - осори таърих ва фарҳанги мардуми Бадахшон / Н. Шакармамадов. Фолклори Помир, . 4. -: , 2015. -269 с.
  3.  Шакармамадов, Н. Фолклори Помир / Н. Шакармамадов. Ҷ 4.

Остоно – осори таърих ва фаранги мардуми Бадахшон. (Тадии

зиёратгоои Кистони Бадахшон). –Хору : , 1993. 119 с.с.

  1. Шакармамадов, Н., Шакармамадов, О. Оинҳои Наврузӣ дар

Бадахшон / Н. Шакармамадов, О.Шакармамадов. –Душанбе, 2012. –115 с.

  1. Шакармамадов Н. Шаби бурвеҷӣ Ёгед.-/Адабҷон А. Ёгед ва Ёгедиҳо. Душанбе: Матбуот. 2012. С.316.
  2.  Шохуморов А., 2003- А. Шохуморов. Чароғравшанкунӣ – суннати ориёниву исмоилии мардуми Бадахшон // Масъалаҳои помиршиносӣ. Барориши 5. Мураттиб ва муҳаррирони масъул: Ш. Юсуфбеков, Н. Шакармамадов. – Душанбе: Дониш, 2003.
  3. Шакармамадов Н., Карамов Н., 2005- Н. Шакармамадов Н., Карамов. Як намуди суннати мардумӣ // Пайёми Донишгоҳи Хоруғ. Серияи 2 (Илмҳои гуманитарӣ), -  2005,- №6.
  4. Шакармамадов Н., Қурбонхонова Н., 2005- Н. Шакармамадов, Н. Қурбонхонова. Аспу хар дар тасаввури мардум // Масъалаҳои помиршиносӣ  (Вопросы памироведения). Барориши 6. Мураттибон ва муҳаррирони масъул Ш. Юсуфбеков, Н. Шакармамадов – Душанбе: Дониш, 2005.
  5. Шакармамадов Н., Шакармамадов О., 2003- Н. Шакармамадов, О. Шакармамадов. Наврӯзи Бадахшон.  –  Хоруғ: Маърифат, 2003. 46 с.
  6.  Шакармамадов О., 2001- О. Шакармамадов. Назаре ба истилоҳи нақл ва ривоят //  Паёми Донишгоҳи Хоруғ. Бахши 2. – 2001. – 3
  7.   Шакармамадов Н., 1992- Н. Шакармамадов. Даргилик – жанри махсуси фолклор. -  Душанбе:  Дониш, 1992. 212 с.
  8.   ФБ-1:4681—4684  қ. Басид, Рушон, Шакармамадов Н.  

 

АННОТАТСИЯ

 

САҲМИ ПРОФЕССОР Н. ШАКАРМАМАДОВ ДАР ИНЪИКОСИ ИЛМИИ  ФАРҲАНГИ МАЪНАВИИ МАРДУМИ БАДАХШОН

(маълумоти библиографӣ)

 

Дар маколаи мазкур муаллиф саҳми профессор Шакармамадовро дар инъикоси фарҳанги маънавии мардуми Бадахшон инъикос намуда, нуктаҳои асосии тадқиқотҳои вайро  аз рӯи маълумотномаи библиографӣ мавриди   таҳлил қарор медиҳад. Дар макола аз он ҷумла  чунин самтҳои тадқиқотҳои Шакармамадов Н. ба монанди таҳқиқи  остонҳо  ва  зиёратгоҳҳои Кӯҳистони Бадахшон,   таҳқиқи оинҳои Наврузӣ дар Бадахшон  оинҳои суннати ориёнии  мардуми Бадахшон,     истилоҳи нақл ва ривояти мардумӣ    ва дигар равияҳои илмии тадқиқотҳо баррасӣ шудаанд. Муаллиф   бахусус дар ҷамъоварии маводи саҳрогии  устод Шакармамадов  Н.  баҳои баланд медиҳад, зеро  ин маводҳо бевосита аз суханони мардум гирифта шуда, ҳамчун маводи бойгонӣ дар Институти илмҳои гумманитарӣ дар шӯъбаи забон ва фольклор маҳфуз дошта мешаванд.

Калимаҳои калидӣ: профессор Шакармамадов, фарҳанги маънавӣ, библиография, таҳқиқи  остонҳо,  зиёратгоҳҳо,  Кӯҳистони Бадахшон,   суннати ориёӣ.

Маълумот дар бораи муаллиф:  Ғуломшоева Зебогул – ходими илмии Институти забон ва адабиёти  АМ ҶТ, тел: 1111-400-86, gulomshoeva.z @g mail.com


[1] Бойгонии Институти илмњои гумманитарї  ба номи Б.Искандаров.-  ФБ - 1:4681—4684 - Н. Шакармамадов 

[2] Шакармамадов Н., Шакармамадов О., 2003- Н. Шакармамадов, О. Шакармамадов. Наврӯзи Бадахшон.  –  Хоруғ: Маърифат, 2003. 46 с.; Шакармамадов, Н., Шакармамадов, О. Оинњои Наврузї дар Бадахшон / Н. Шакармамадов, О.Шакармамадов. –Душанбе, 2012. –115 с. ;Шакармамадов Н. Шаби бурвеҷӣ Ёгед.-/Адабҷон А. Ёгед ва Ёгедиҳо. Душанбе: Матбуот. 2012. С.316.

[3]   Шакармамадов Н. Шаби бурвеҷӣ Ёгед.- Адабҷон А. Ёгед ва Ёгедиҳо. Душанбе: Матбуот. 2012. С.316.

[4] Шохуморов А., 2003- А. Шохуморов. Чароғравшанкунӣ – суннати ориёниву исмоилии мардуми Бадахшон // Масъалаҳои помиршиносӣ. Барориши 5. Мураттиб ва муҳаррирони масъул: Ш. Юсуфбеков, Н. Шакармамадов. – Душанбе: Дониш, 2003.; Шакармамадов Н., Карамов Н., 2005- Н. Шакармамадов Н., Карамов. Як намуди суннати мардумӣ // Пайёми Донишгоҳи Хоруғ. Серияи 2 (Илмҳои гуманитарӣ), -  2005,- №6.

[5] Авеста «Закон против дэвов» (Видевдат). СПб.: Изд-во Политехи,ун-та, 2008. 301 с.-С.146

[6] Шакармамадов Н., Қурбонхонова Н., 2005- Н. Шакармамадов, Н. Қурбонхонова. Аспу хар дар тасаввури мардум // Масъалаҳои помиршиносӣ (Вопросы  памироведения). Барориши 6. Мураттибон ва муҳаррирони масъул Ш. Юсуфбеков, Н. Шакармамадов – Душанбе: Дониш, 2005; Шакармамадов О., 2001- О. Шакармамадов. Назаре ба истилоҳи нақл ва ривоят //  Паёми Донишгоҳи Хоруғ. Бахши 2. – 2001. – 3; Охониёзов В., 2003- В. Охониёзов Образи нахчир дар назми помиризабонон .- Масъалаҳои помиршиносӣ. Барориши 5. Мураттиб ва муҳаррирони масъул: Ш. Юсуфбеков, Н. Шакармамадов. – Душанбе: Дониш, 2003.

24.09.2021