Пажӯҳиши бархе аз
вожаҳои архаистӣ (куҳна) дар забони вахонӣ
 
Мамадаминова Замира Бахтиевна
Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии АМИТ

 

Омӯзиш ва пажӯҳиши вожаву истилоҳоти куҳнашуда яке аз масъалаҳои муҳим буда, дар забоншиносии тоҷик бархе аз паҳлуҳои он  мавриди таҳқиқ қарор гирифта бошанд ҳам, баъзе ҷанбаҳои таърихиаш ҳанӯз ба таври пурра омӯхта нашудааст.

Бо вуҷуди он ки дар ин соҳа пажӯҳишҳои ҷудогона дар забони тоҷикӣ аз ҷониби донишмандони тоҷик, дар мисоли Н.Маъсумӣ, М.Муҳаммадиев, Ҳ.Юсуфов ва дигарон ба анҷом расида бошанд ҳам, вале дар забонҳои шарқии эронӣ, аз ҷумла забони вахонӣ аз нақшаи умумии омӯзиши таърихи тараққиёти забон берун мондааст. Аз ин ҷиҳат, омӯхтан ва муайян намудани вожаҳои куҳнашуда, ҳамчунин мавқеи истифодаи онҳо аз аҳамияти илмӣ холӣ нахоҳад буд.

 Дар ин мақола баъзе вожаҳои забони вахонӣ, ки ба як давраи муайяни таърихӣ хос мебошанд, аз рӯйи имкон то андозае таҳлил ва таҳқиқ мешаванд.  Зеро ин вожаҳо дар гуфтори имрӯзаи соҳибони забон аз истифода баромада бошанд ҳам, дар таркиби луғавии забон боқӣ мондаанд.

Вожаҳои куҳнашуда чунин калимаҳое ба шумор мераванд, ки дар як давраи муайяни таърихӣ истифода шуда, баъдан аз гуфтори соҳибзабонон ба ёди фаромӯшӣ мераванд. Бинобар ҳамин, вожаҳои куҳнашуда барои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии замони гузашта номгӯйҳое мебошанд, ки барои таърихи омӯзиши забон нақши муҳим доранд. Аз ин рӯ, муҳаққиқон, бавижа, донишмандони соҳаи таърихи забон ба чунин навъи калимаҳо эҳтиёҷ доранд ва онҳоро барои муайян намудани хусусияти таърихии ҳодисаву воқеа ҳамчун унсурҳои махсуси луғавӣ ба кор мебаранд, ки тарзи кору фаъолият ва зисту зиндагии давраи истифодаи худро нишон медиҳанд.

Ба ҳамин минвол, аз байн рафтани тарзи зисту зиндагии куҳна ва рушду густариши илму фарҳанг, техникаву технологияи нав, истеҳсолот, саноат, расму русум як бахши вожаву истилоҳот аз истифода мебароянд ва ҷойи бархе аз онҳоро калимаҳои нав мегиранд ва қисми дигарашон ба гурӯҳи калимаҳои куҳнашуда ворид гардида, танҳо дар захираи луғавӣ ба мушоҳида мерасанд.

Бо раванди рушду густариши ҷамъият, дигаргунии шароити сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ боиси он мешавад, ки теъдоди зиёди вожаҳои соҳаҳои гуногун мақоми худро оҳиста-оҳиста аз даст дода, баъдан аз забони мардум берун мемонанд.

Барои ба таври мукаммал ва ҳамаҷониба муқаррару муайян намудани мақоми вожаҳои куҳнашудаи забони вахонӣ корҳои илмие анҷом додан лозим аст, ки дар онҳо соҳаҳои гуногун дар асоси маводи мавҷудаи забон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шаванд. Ба туфайли чунин корҳои илмӣ натанҳо вижагиҳои калимаҳои куҳани забони вахонӣ, балки дар баробари ин вазъияти забон дар шароити имрӯза, ҳамчунин муносибати он ба давраҳои гузашта ва минбаъда низ муайян ва муқаррар мегардад.

Забони вахонӣ ҳам мисли забонҳои шарқӣ эронии бехату алифбо асолати бунёдии худро то андозае нигоҳ дошта бошад ҳам, бархе аз вожаҳои ин забон аз гуфтори ин мардуми бумӣ бо тақозои замон аз байн рафтаанд. Бо вуҷуди он ки муҳаққиқони хориҷӣ ва соҳибзабонон, аз ҷумла H.Skold, G.Morgenstierne, D. L. Lorimer, Lentz Wolfgang(аврупоӣ), И.И.Зарубин, Т.Н. Пахалина, И.М.Стеблин-Каменский, В.С.Соколова, А.А.Бобринской (рус), Б.Лашкарбеков, А.Сайидмамадов, А.Мирбобоев, С.Матробов, Ш. Ғуломалиев, Р. Соҳибназарбекова (тоҷик) бисёр масъалаҳои забони вахониро мавриди пажӯҳиш қарор дода бошанд ҳам, баъзе паҳлӯҳои он аз доираи омӯзиш берун мондааст, ки яке аз чунин масъалаҳо вожаҳои куҳнашуда мебошанд. Ба истиснои бархе аз ишораҳои иҷмолӣ  ин масъала ба таври дақиқ ва мукаммал омӯхта нашудааст.

Муҳаққиқ И.В.Штоптова роҷеъ ба ин масъала таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, андешаи худро чунин баён намудааст: “Навоварӣ дар забон  роҳи аз байн бурдани вожаҳои куҳна нест, балки роҳест барои пур кардани таркибии луғавии забон ва такмил додани забони куҳна мебошад, зеро калимаҳои куҳна бо ворид шудани вожаҳои нав ташаккул меёбанд, дар ҳама далелҳои забонӣ, аз ҷумла дар таърих ва назарияи архаизмҳо ва неологизмҳо тасдиқ шудаанд” [7, с.15].

Мардуми Вахон аз замонҳои пеш бо вуҷуди байни силсилакӯҳҳои Бадахшон қарор доштанашон, ҳамеша бо халқияту миллатҳои дигар робитаҳои тиҷоратӣ, илмиву фарҳангӣ доштанд, ки албатта ба забон таъсири худро расоднидааст. Чунин робита боиси ворид гардидани вожаҳои иқтибосӣ ба забони вахонӣ шудааст, ки дар бораи ин масъала донишманди тоҷик С.Назарзода андешаи худро чунин баён кардааст: “Забонҳо монанди тамаддунҳо ҳамеша дар ҳоли додугирифт мебошанд” [2, с.81].

Аз ҳар забон ворид гардидани калимаву истилоҳҳо ба забони дигар, аз ҷумла барои забони вахонӣ низ табиӣ ва тадбиқи қоидаву қонунҳои дохилии забон буда, барои рушду густариш ва такмили таркиби луғавии забон имкониятҳои муфиду судманд фароҳам меоварад. Дар баробари имкониятҳои муфид таъсири манфӣ ҳам расонида метавонанд, чунки хоҳ нохоҳ ҷойи вожаҳои бунёдиро калимаҳои нав мегиранд.

Ба ҳамин минвол, дар муддати давраҳои дуру дарози таърихӣ ба забони вахонӣ ҳам аз забонҳои дигар, махсусан калимаҳои зиёде аз забони тоҷикӣ дохил шудааст, ки ҳоло бар ивази вожаҳои бунёдии вахонӣ муодили тоҷикии онҳо роиҷ гаштааст. Миқдори чунин навъи калимаҳо дар забони вахонӣ фаровон буда, ба меъёрҳои лексикиву грамматикии  забон ва талаффузи мардум мутобиқ гардидаанд. Бинобар ҳамин, метавон гуфт, ки калимаҳои нав доираи истифодаи вожаҳои бунёдиро танг намуда, ҷойгузини онҳо шудаанд. Дар натиҷа бархе аз вожаҳои асили вахонӣ мавқеи худро аз даст дода, ба гурӯҳи калимаҳои куҳнашуда ворид гаштаанд. Ба ин бахш метавон калимаҳои зеринро дохил кард, ки имрӯз мақоми худро аз даст дода ба ёди фаромӯшӣ рафтаанд: pizvan, um, lisun, vayč, kәlǯux//čil, dыy, čalәk, kыnәy, šot, naγdin, γәrung, čыrt, kyak, loγ, baj, loša, wundr, or ва монанди инҳо

 

1.1. Pizvan бунёди куҳан дошта, маънои “ғизои пас аз наҳор”-ро дорад, ки тақрибан байни соатҳои 10 то 11мебошад. Чунин анъана ва ё суннати тайёр кардани ғизо ва хӯрдани он дар ин вақт дигар мавҷуд нест. Аз ин рӯ, вожаи pizvan  низ бо тақозои замон аз гуфтори мардум берун монда, дигар ба кор намеравад, вале дар сарчашмаҳои илмӣ ва осори фолклорӣ ба мушоҳида мерасад. Масалан: wudg pizvan ẋak nətu, spo kəryar b tyor viti. – “Имрӯз ғизои пас аз нахор тайёр накардем, ҳашарамон ҳам ба охир расид”.

1.2. Šot  хӯроки шом. Вожаи šot дар забони вахонӣ дигар ба кор намеравад ва ба ҷойи он калимаи арабии “авқот”, ки тавассути забони тоҷикӣ ба вахонӣ роҳ ёфтааст, роиҷ мебошад. Вожаи мавриди андешаро донишманди рус И.М. Стеблин-Каменский, ки яке аз муҳаққиқони шинохтаи забони вахонӣ ба ҳисоб меравад, дар асари худ онро “хӯроки шом” маънидод кардааст [3, с.332]. Масалан, naƴd vәrz, šotәv ki it, i sariš tiz nәsyәn, i sariš tlivizәr didƴәn [9, с.25] (шаб дароз, баъд аз хурдани хӯроки шом, беъзеҳо тез хоб мераванд, баъзеи дигарашон телевизор тамошо мекунанд). Podšo yavi qыw kәrtәy ki: “Wәzyәv tәm raž awqot yawәv. –Подшоҳ онҳоро ҷеғ зада гуфт, ки: «биёед авқот хӯред»” [1, с.81].    

1.3 um. Ин вожа пурра ба ёди фаромӯшӣ рафтааст, зеро дар нутқи калонсолон ҳам ба мушоҳида намерасад. Калимаи номбурда дар забони вахонӣ дорои маънои “навозанда; шахсе, ки сурудҳои зиёдеро медонистааст” будааст, ки чунин маълумотро ҳам аз пажӯҳишҳои И.М.Стеблин-Каменский дастрас намудан мумкин аст [3, с.160], на аз соҳибони имрӯзаи забони вахонӣ. Мардуми Вахон ба ҷойи вожаи um муодили тоҷикии онро ба сурати baydguy “байдгу    й” ба кор мебаранд: Мисол: um ti tate, um ti tat, palči nәγәrdum ti tat. Da bar qыw-qыw ti tat, da ricәn cыw-cыw ti tat (халқӣ).

1.4. Yoman.  Вожаи yoman  маънои  “бо хам, бо якдигар”-ро [3, с.429] дошта, аз ҷиҳати сохт сода мебошад, ки ҳанӯз дар лаҳҷаи мардуми Вахони боло мавриди истифода қарор дорад: Масалан: yawiš dә yomanәn ыyәv//Онҳо бо ҳамдигар хоҳаранд [1, с.510].

Бар ивази вожаи мавриди андеша имрӯз дар бархе аз лаҳҷаҳои забони вахонӣ калимаи тоҷикии “ҳамдигар” ба сурати  amdәgar ба кор меравад, ки ба талаффузи мардуми ин минтақа мувофиқат мекунад. Тибқи қоида ва қонунҳои дастурӣ агар вожаи бо ҳарфи “ҳ” оғозёфта пеш аз садоноки “а” бошад, дар забони вахонӣ “ҳ” ихтисор мешавад, ки ин андешаро чунин мисолҳо тақвият медиҳанд: тоҷ. ҳамдигар, вах. amdәgar; тоҷ. ҳамсоя, вах. amsoya; тоҷ. ҳамсинф, вах. amsinf; тоҷ. ҳамроҳ, вах. amra; тоҷ. ҳамсол, вах. amsol; тоҷ. ҳамкурс,  вах. amkurs; тоҷ. ҳафт, вах. aft;  тоҷ. ҳашт, вах. ašt ва ғайраҳо.

Ҳамин тавр, вожаи тоҷикии “ҳамдигар” имрӯз ҷойгузини yoman-и вахонӣ гардида, онро аз доираи истифода берун карда истодааст ва насли ҷавону миёнсол истифода бурдани калимаи amdәgar-ро афзалтар мешуморанд. Маслан,  ar buy tә amdәgar ruy didƴәnәt әč kum zarai šәxsak nәcart//ҳар ду ба ҳамдигар нигоҳ карда, ягон нафарашон ҷуръати гузаштан намекунад [9, с.20].

1.5. Вожаи дигари бунёдии забони вахонӣ or буда, ба маънои “чормағз” истифода мешавад [3, с. 372].  Ин вожа низ асолати бунёдии худро оҳиста-оҳиста аз даст дода, бар ивази он калимаи тоҷикии “чормағз” маъруфият пайдо намудааст. Бо вуҷуди ин, баракси вожаҳои дигари куҳаншуда дар гуфтори бархе аз куҳансолони вахонӣ гоҳ-гоҳ вирди забон меояд. Аз ин ҷо маълум мегардад, ки вожаи номбурда ҳам мавқеи худро аз даст додааст. Масалан: yaw sk ti sar or škəndыvd.-“Вай дар болои сарат чормағз мешиканад”.

1.6. loša. Маънои вожаи loša “хароб, лоғар” мебошад, ки ба ҷойи он калимаи тоҷикии “хароб” ба гунаи xrob роиҷ аст. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки дар забони вахонӣ мувофиқи талаффузи мардум бо тағйироти овозӣ, яъне садоноки “а” ихтисор шуда, ба шакли  xrob даромадааст. Антоними вожаи  loša калимаи  baj мебошад, ки он ҳам ҷойи худро ба калимаи тоҷикии “фарбеҳ” дода, дар забони вахонӣ ба гунаи fǝrbi ба кор меравад.

И.М. Стеблин-Каменский  ин калимаро эҳтимолан аз решаи baj-и забони афғонӣ,  ки маънои “ғӯла”-ро дорад, донистааст [3, с. 393].  

1.7. Dǝma. Вожаи dǝma каму беш дар гуфтори куҳансолон истифода гардида, маънои онро аксари соҳибони забон намефаҳманд.  Маънои аслии ин калима дар забони вахонӣ (махсусан дар гуфтори куҳансолон) “вазидани боди бошиддат” мебошад. Бо вуҷуди ин муодили тоҷикии он “шамол” дар забони имрӯзаи вахонӣ ба гунаи šǝmol корбурди бештар дорад. Вале байни онҳо тафоввути семантикӣ мавҷуд аст. Агар вожаи вахонии dǝma дар мавриди шамоли бошиддат ба кор равад, калимаи “шамол, ба мафҳуми  “боди сабуки форам”-ро дорад. Дар ин забон калимаи мазкур ҳар ду маъноро ифода менамояд. Масалан, агар боди бошиддат вазад, ибораи bizib šǝmol истифода мешавад ва агар боди сабук вазад, ибораи kamək šǝmol-ро ба кор мебаранд.

1.8. loγ.  Ин вожа ҳам мақоми худро аз даст дода, оҳиста-оҳиста ба ёди фаромӯшӣ меравад. Калимаи loγ  каму беш дар гуфтори куҳансолон ба мушоҳида расида, наслҳои ҷавону миёнасол ва ҳатто аксари калонсолон ба маънои он сарфаҳм намераванд. Ба ҷойи ин вожаи бунёдӣ муодили тоҷикии он “шӯхӣ” ба кор меравад. Яъне маънои вожаи loγ  “ҳазл, шӯхӣ” буда, дар забони вахонӣ бидуни тағйироти фонетикӣ, ба гунаи “шухӣ” роиҷ гаштааст: Масалан, muysfid yar ati: e tu loƴ mәcar//мӯйсафед ба ӯ гуфт: эй, ту шӯхӣ накун [1, с.80].

1.9. Кyak. Вожаи аслии вахонии kyak низ байни соҳибзабонон ба таври пурра ҳам набошад, коҳиш ёфтааст ва танҳо онро метавон аз забони пирамардону пиразанҳо ба қайд гирифт. Мардуми Вахон бар ивази калимаи kyak вожаи тоҷикии “гаранг”-ро ба сурати gərang истифода менамоянд. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки дар забони вахонӣ садоноки ҳиҷои аввал, яъне овози “а” ба овози “ə”(=ба у-и кутоҳ) табдил ёфтааст, ки ин қоидаи дастурии забони вахонӣ мебошад ва дар забони мазкур вожаҳои хеле зиёди тоҷикӣ мавҷуданд, ки ба чунин қоидаҳои забонӣ мутобиқ гардидаанд. Маслан: шамол- šəmol, сафар- səfar, ҷавон-jəwon ғайраҳо.

Калимаи “гаранг” дар “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ” маъноҳои “1) камҳуш, сустфаҳм, кундзеҳн; 2) ҳайрон, саргум”-ро дорад [4, с.305]. Дар забони вахонӣ низ бо ҳамин маъноҳо мавриди истифода қарор дорад.

1.10. Вожаи čыrt дар забони вахонӣ маънои “фикр, андеша”-ро ифода мекунад ва доираи истифодаи он дар шароити имрӯза хеле маҳдуд гашта, ба бахши калимаҳои куҳнашуда ворид шуда истодааст. Истеъмоли вожаи мавриди пажӯҳишро калимаи “фикр”-и забони тоҷикӣ, ки аз арабӣ ба тоҷикӣ иқтибос гардидааст, ба вахонӣ низ таъсири худро расонидааст. Масалан: čыrt dәšt ki anәn: “aždәor gыnos rә yupk cә wәrәṩt, šak”//фикр мекунад, ки “мегӯянд, агар ҷасади аждаҳор дар об монад, хуб нест” [8, с.10].

Вожаи čыrt дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” дар шакли чурт ба маънои “ғинав, ғинам, пинак, ҳолати байни хобу бедорӣ” (5, с.550) сабт гардидааст, ки ба андешаи мо аз як решаанд. Ин калима дар ﻔﺍﺭﺴﯽ ﺰﺒﺍﻦ ﻔﺭﻫﻨﮓ ҳам айнан дар шакли тоҷикидошта čort - ﭽﺭﺖ  “ﺴﺒﮏ ﺨﻮﺍﺐ ؛ ﺒﻴﺪﺍﺭﯽ ﻮ ﺨﻮﺍﺐ ﺒﻴﻦ ﺤﺍﻠﺖ”  сабт гардидааст (10, с.335).

Инчунин, калимаи мазкур дар гӯйиши тоҷикони Бадахшон низ маъмул буда, дар шакли чурт ба маънои 1) майл, хоҳиш, хост; 2) фикр, андеша ба кор меравад, ки инро муаллифони фарҳанги ҷанубӣ ба қайд гирифтаанд (6,  с.760). Дар гуфтори мардуми деҳаҳои Ёзғанд ва Лангари Кӯлоб бошад, ба гунаи чърт “гумон, шубҳа” (6, с.766) талаффуз мешавад.

Аз ин ҷо чунин бар меояд, ки вожаи čыrt, чурт ё чърт дар забони давраи пеш маъмул буда, баъдан ба ҷойи он калимаи арабии “фикр” ҷойгузин гаштааст. Масалан, ya ka fikri kәrti, ati: “ay dәriƴ... // Писарак фикр карда гуфт: “вой дареғ...” [1, с. 82]. 

1.11. Bыw. Ин калима низ аз ҳамин қабил вожаҳоест, ки ба гурӯҳи вожаҳои архаистӣ ворид шудааст. Маънои вожаи bыw “фиреб, найранг” буда, шакли бунёдии онро насли имрӯза дар гуфторашон ба кор намебаранд. Ба ҷойи калимаи асили вахонии bыw вожаи тоҷикии “фанд” роиҷ шудааст. Масалан: and: nәy, ti qsaiš kы fand, to ki žә nionvi mar nәẋan, qәbыl nәcarәm// Мегӯяд: “не, ту ҳамаашро дурӯғ гуфтӣ, то нишонаҳоямро нагӯӣ гуфтаҳоятро қабул намекунам” [8, с.15]

1.12. γәrung. Дар забони вахонӣ вожаи γәrung маънои «вазнин, гарон»- ро дорад. Мутаассифона ин калимаи зебо ва куҳанбунёд ҳам аз доираи истифода берун монда, дар нутқи пиронсолон боқӣ мондаасту халос. Чунки ба ивазаш калимаи тоҷикии “вазнин” ворид гардида, ҷойи худро мустаҳкам намуда, γәrung-ро аз забони вахонӣ берун кардааст ва ба сурати  wazmin талаффуз мешавад.  I sol γa wazmin zәmdәma viti//як сол бисёр тундбоди вазнин вазида буд [9, с.12].

1.13. Naγdin. Ин калима мафҳуми вақтро дошта, маънои “субҳ, субҳгоҳон, саҳар”-ро ифода мекунад ва аз ҷиҳати сохт сохта аст. Асоси вожаи номбурда naγd буда, маънои “шаб”-ро дорад ва бо илова гардидани пасванди –in, ки  ҷузъи дуюми калима мебошад, маънои “субҳ”-ро гирифтааст.  Масалан, I kori  naγdini ẋә mәltiqi dыrzdәt tә ku kor crak rәṩt//рӯзе саҳарӣ шикорчӣ милтиқашро гирифта ба кӯҳ барои шикор меравад [9, с.19].

Матаассифона, имрӯз вожаи бунёдии забони вахонӣ naγdin ба ёди фаромӯшӣ рафта, ба ҷойи он вожаи тоҷикии “саҳар”, ки аз арабӣ ба тоҷикӣ иқтибос шудааст, ба сурати saar роиҷ гаштааст. Масалан, saari ruxn wost, yašvi pәdn carәn, sәwor wocәn awәn// саҳар субҳ дамида, аспҳоро зин намуда, савор шуда ба роҳ мебароянд [8, с.24].

1.14. Wundr.  Вожаи wundr истилоҳи кишоварзӣ буда, дар забони вахонӣ маънои “замини корам”-ро ифода мекунад. Масалан: mis dawra xurkryar twәtk, ki ẋә δartvi dә xurvәn ar wundrvi nivәtkәv, drawakәt xakәt ksak bә dә kryarn twәtk//Дар давраҳои пеш ҳашар бо хар маъмул буд, поруро бо харҳо ба замин мекашонданд, даравидан, кашондан ҳам тариқи ҳашар анҷом меёфт [9, с.10].

Дар шароити имрӯза ба ҷойи ин калима вожаи “замин”-ро, ки аз забони тоҷикӣ иқтибос шудааст, истифода менамоянд.

И.М. Стеблин–Каменский ин вожаро дар асоси ava-antara-и забонҳои форсии бостон ва авастоӣ шарҳ додааст, ки дорои маънои “замини махсуси корами ба як хонавода тааллуқдошта ва ё замини махсус ҷудошуда” будааст  [3, с. 393]. 

Ҳамин тавр, бештари вожаҳои куҳнашуда, ки дар ин мақола мавриди таҳлил ва таҳқиқ қарор дода шудаанд, аз ҷиҳати сохт, ба истиснои калимаи naγdin вожаҳои сода мебошанд.

Аз таҳлил ва пажӯҳиши бархе аз вожаҳои бунёдӣ, вале куҳнашудаи  забони вахонӣ метавон ба таври умум ба чунин натиҷа расид:

  1. Таҳқиқи вожаҳои куҳнашуда яке аз масъалаҳои муҳиму судманди ҳар як забон, аз ҷумла забони вахонӣ ба ҳисоб рафта, аксари онҳо матолиби гузаштаи ин мардуми бумиро фаро мегиранд.
  2. Вожаҳои куҳнашуда, чуноне аз пажӯҳиши онҳо маълум мешавад, дар луғоти забони вахонӣ ҳамчун  унсурҳои гуногуни таърихӣ ва суннатӣ боқӣ монда, имрӯз қариб ки ба кор намераванд ва бар ивази онҳо калимаҳои тоҷикӣ маъмул гаштааст.
  3. Омӯзишу таҳқиқи чунин навъи вожаҳо натанҳо барои забони вахонӣ, балки барои ҳалли бархе аз масъалаҳои этимологӣ низ аҳамияти вижаи забоншиносӣ доранд.
  4. Калимаҳои мавриди пажӯҳиш дар бархе аз забонҳои помирӣ ва гӯйишҳои тоҷикони Бадахшон бо баъзе тафовутҳои фонетики ба кор мераванд, ки ин нишонаи доираи густариши онҳо мебошад.

 

Адабиёт:

  1. Грюнберг А.Л., И.М. Стеблин-Каменский. Языки восточного гиндушуа. Ваханский язык / А.Л. Грюнберг, И.М. Стеблин-Каменский. – Москва: Наука,  1976. – 670с.
  2. Назарзода С. Нақши матбуот ва тарҷума дар ташаккули истилоҳоти забони тоҷикӣ//Оинаи забон (маҷмӯаи мақолаҳо)/ С.Назарзода. – Душанбе, 2003. –  с.81-85.
  3. Стеблин-Каменский И.М. Этимологический словарь ваханского языка/И.М.Стеблин-Каменский.–СПб.:«Петербургское Востоковедение», 1999. — 480 с.
  4. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ. Ҷ.1.–Душанбе: ҶММ Ксероксленд,  2008. -949 саҳ.
  5. Фарҳанги забони тоҷикӣ. ҷ.2. –М.: Совецкая эциклопедия. 1969. -952с.
  6. Фарҳанги гӯйишҳои ҷанубии забони тоҷикӣ. –Душанбе: Дониш, 2017. – 841с.
  7. Шпотова И. В. Стилистическая функция - новый смысл существования лексических архаизмов / И. В. Шпотова Дис. канд. –Махачкала. 2003 -149 c  
  8. ẋиквор җиндаищ  (афсонаҳо ба забони вахонӣ) (Гирдовардагон: Я.Обртелова, Р.Соҳибназарбекова, Б.Неъматова). –Душанбе: “ЭР-граф”,  2016. – 128 саҳ.
  9. ẋиквор нақлищ завӯр (ҳикояҳо барои хурдсолон ба забони вахонӣ) (Таҳияи С.Шайдоев).  –Душанбе: “ЭР-граф”, 2016. – 48 саҳ.
  10.       . ص ە۱۱۹-.۱۳۷۱.ﺴﺭﻮﺶ :ﺘﻬﺭﺍﻦ – .ﻔﺍﺭﺴﯽ ﺰﺒﺍﻦ ﻔﺭﻫﻨﮓ .ﻤﺸﻴﺭﯽ ﻤﻬﺸﻴﺭ   

Пажӯҳиши бархе аз

вожаҳои архаистӣ дар забони вахонӣ

Забони вахонӣ аз ҷумлаи забонҳои бехат буда, имрӯз дар қатори дигар забонҳои бехату алифбо таҳти таҳдид қарор дорад.

Дар ин мақола бархе аз вожаҳои куҳнашудаи забони, ки имрӯз истифода намешаванд ва ҷойи онҳоро калимаҳои нав ё иқтибосии тоҷикӣ иваз карданд, мавриди пажӯҳиш қарор дода шудааст.

Калимаҳои куҳнашуда (архаистӣ) як бахши захираи луғавии забони вахониро ташкил медиҳанд, ки онҳо расму оин ва анъанаҳои давраҳои муайянро ифода мекунанд.Чунин вожаҳо дар натиҷаи аз байн рафтани расму русум ва анъаҳои мардумӣ ба ёди фаромӯшӣ рафта, ба гуруҳи калимаҳои куҳнашуда ворид мегарданд. Бо талаботи замон, ҳодисаву воқеаҳои давраҳои гуногун ба ҷойи онҳо ҷойи вожаҳои нав меоянд.

Калидвожаҳо: забони вахонӣ, забонҳои бехат, калимаҳои куҳнашуда, калимаҳои иқтибосӣ, калимаҳои таърихӣ.

Исследование

некоторых архаистических  слов в ваханском языке

Ваханский язык является одним из бесписьменных языков и в настоящее время наряду с другими бесписьменными языками находится под угрозой.

В данной статье рассматревались некоторые устаревшие слова, которые на сегодняшний день  вышли из употребления и были заменены новыми словами.

Данные архаические слова образуют основной пласт ваханского языка, поскольку они представляют собой понятия, которые выражают обычаи и традиции определенных периодов. Также с учетом времени и событий разных периодов старые слова заменяются новыми.
Ключевые слова: ваханский язык, бесписьменных языков, устаревшие слова, заимствование слова, исторические слова.
 
Researching of some archaic words in the Wakhani language
The Wakhani language is one of the languages, which do not have script ​​and at the present time is existing in the verge of disappearance. 
In order to preserve some ancient forms of this language, the author of the article researched some old words that were lost from use today and replaced with new words.
These archaic words are forming are the main layer of the Wakhani language. Archaic words  have their own concepts, which express the representation of the customs and traditions of certain periods.  Throughout of time and different events the old words are replaced by new ones.
Keywords: 
Маълумот дар бораи муаллиф: Мамадаминова Замира Бахтиевна- ходими хурди илмии шуъбаи забони Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулло Рӯдакии АМ ҶТ, тел: (+992) 501806512, E-mail: mamadaminova_87@mail.ru.

Сведения об авторе: Мамадаминова Замира Бахтиевна- младший научный сотрудник отдела языка Института языка и литературы им. Абуабдулло Рудаки НА РТ, тел: (+992) 501806512, E-mail: mamadaminova_87@mail.ru.

Information about the author: Mamadaminova Zamira Bakhtievna is a yonger scientific woker of the Language Department of the Institute of Language and Literature by name Abuabdullo Rudaki; Phone: (+992) 501806512, E-mail: mamadaminova_87@mail.ru.

24.09.2021