


ОСОРХОНАҲОИ МУТТАҲИДАИ АДАБӢ-ЁДГОРӢ
Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ
Осорхонаҳои муттаҳидаи адабӣ-ёдгорӣ дар тобеияти Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ буда, аз панҷ осорхона иборат аст. Соли 1981 онҳо якҷоя номи Осорхонаҳои муттаҳидаро гирифтаанд.
Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ дар ш.Душанбе, н. И.Сомонӣ, кӯчаи Ҳамза Ҳакимзода №1 воқеъ гардидааст. Осорхонаи мазкур соли 1978 бо Қарори Комитети Иҷроия, Шӯрои Вазирон ва Қарори Юнеско ба муносибати садумин солгарди зодрӯзи устод дари худро барои бинандагон боз намудааст. Дар ин манзил устод Садриддин Айнӣ се соли ҳаёти хешро (1951-1954) бо аҳли байт сипарӣ намудааст.
Осорхонаи адабӣ-ёдгории Мирзо Турсунзода дар ш.Душанбе н. И.Сомонӣ, кӯчаи Лоиқ Шералӣ № 79 воқеъ гардидааст. Осорхонаи мазкур бо Қарори Комитети Иҷроия ва Шӯрои Вазирон 25-уми сентябри соли 1981, ба муносибати 70-солагии устод таъсис гардидааст. Дар ин манзил устод ҳамроҳи аҳли байт наздики бист сол (1949-1969) зиндагӣ кардааст.
Осорхонаи адабӣ-ёдгории А. Лоҳутӣ дар ш.Душанбе н. Шоҳмансур, кӯчаи Истаравшан 4 воқеъ гардидааст. Осорхонаи мазкур ба муносибати 100 - солагии шоир бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон чоруми декабри соли 1987 ифтитоҳ гардидааст. Дар ин макон устод А. Лоҳутӣ ҳамроҳи хонавода аз соли 1941 бо соли 1943 зиндагӣ ва эҷод намудааст.
Осорхонаи адабии Муҳаммадҷон Раҳимӣ нахуст дар маркази ш.Душанбе хиёбони Рӯдакӣ, 56 ҳуҷраи 8 воқеъ буд. Соли 1969 баъди вафоти шоир Ҳукумати Тоҷикистон ба қарор омад, ки хонаи зисти ӯро ба осорхона табдил диҳад. Шоир дар ин хона аз соли 1966 то соли 1968 зиндагӣ ва эҷод кардааст. Соли 2017 ба сабаби сохтмони шаҳрсозӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Осорхонаи адабӣ-ёдгории Муҳаммадҷон Раҳимӣ ба хиёбони Рӯдакӣ кӯчонида ва баъд аз кӯчонда шудан номи «Осорхонаи адабии Муҳаммадҷон Раҳимӣ»-ро гирифта, аз 10-уми апрели соли 2018 фаъолияти худро оғоз намудааст.
Осорхонаи адабӣ-ёдгории Муҳиддин Аминзода дар ш. Хуҷанд, кӯчаи Лермонтов, 127 воқеъ гардидааст. Осорхонаи мазкур соли 1976 бо Қарори Комитети Иҷроия ва Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфтааст.
Таджикистан
История
Экономика
Культура и образование
Туризм
Таджикистан и мировое сообщество
Государственные символы
Герб
Флаг
Гимн
Национальная валюта
Культурно-исторически места
Таджикский Национальный Парк
Гиссар
Хулбук
Саразм