


ИНСТИТУТИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТ
ИНСТИТУТИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ба номи Рӯдакии Академияи миллии имлҳои Тоҷикистон яке аз муассисаҳои нахустин ва муҳимтарини илмӣ-таҳқиқотии кишвар мебошад, ки дар он масъалаҳои забон, адабиёт ва фолклори тоҷик нақд, баррасӣ ва пажӯҳиш мешаванд. Бунёдгузории он ба ташкили базаи илмии тоҷикистонии АИ ИҶШС, ки дар ҳайати он мувофиқи қарори Президиуми АИ ИҶШС аз 17 марти 1932 сектори таъриху забон таъсис ёфт, вобаста аст. Дар асоси он 19 ноябри 1940 Институти таърих, забон ва адабиёт ташкил гардид ва ҳамчун муассисаи мустақили илмӣ ба ҳайати Шуъбаи тоҷикистонии АИ ИҶШС ворид шуд. Пас аз таъсиси АИ Тоҷикистон (1951) мувофиқи Қарори Шӯрои Вазирони ҶШС Ҷумҳурии Тоҷикистон (14. 04. 1951) Институти забон ва адабиёт ба ҳайси муассисаи мустақил ташкил ёфт. Ба муносибати ҷашни 1100-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1958) муассисаи мазкур номи ин шоирро гирифт.
Дар Институт шуъбаҳои забон, фарҳангнигорӣ ва истилоҳот, фолклор, таърихи адабиёт, адабиёти муосир фаъолият мекунанд.
Дар назди Институт ду Шӯрои дифоъ аз рӯйи ихтисосҳои 10.01.08 – Назарияи адабиёт, матншиносӣ ва 10.02.19 – Назарияи забони Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Русия ва шӯрои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисоси 6D020500 – Филология Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.
Дар тобеияти Институт осорхонаҳои муттаҳидаи адабӣ-ёдгории С. Айнӣ (1955); М. Турсунзода (1978); А. Лоҳутӣ (1980); М.Раҳимӣ (1968) ва М. Аминзода дар шаҳри Хуҷанд (1976) таъсис дода шудаанд. Инстути бо муассисаҳои илмӣ ва мактабҳои олии ҷумҳурӣ, бо марказҳои илмию таҳқиқотии Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Арманистон, Озарбойҷон, Эрон, Афғонистон, ИМА, Англия, Фаронса, Олмон, Ҳиндустон, Покистон ва дигар кишварҳои хориҷии дӯст робитаи илмӣ дорад. Сарварони Институт: Б. Ниёзмуҳаммадов (1941−44), Ш. Ҳусейнзода (1944−47), А. Мирзоев (1947−52), М. Фозилов (1952−58), Х. Мирзозода (1958−59), Н. А. Маъсумӣ (1959−72), А. Маниёзов (1972−2000), Д. Саймиддинов (2000−2005), С. Назарзода (2006−2011), А. Турсунов (2011−15), С. Раҳматуллоҳзода (2015-2019), Салимӣ Н.Ю. (2019-2020), Шарифзода Б.Б. аз соли 2020 то ҳол.
Асосгузори сулҳу Ваҳдаи миллӣ, Пешвои миллат, Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ 5 октябри 2010, аз ҷумла, ба Академияи илмҳои ҶТ супориш доданд, ки «китоби таърихи адабиёти тоҷик таҳия ва нашр карда шавад». Ходимони илмии Институт бо дарки зарурати фавќулодаи навиштани таърихи мукаммали илмӣ ва усулии адабиёти форсии тоҷикӣ аз Даврони бостон то замони Истиќлоли давлатӣ дар панҷ соли охир бо ҷалби донишмандон ва устодони донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ ва хориҷӣ ба таҳия ва таълифи «Таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ (Аз Замони бостон то ибтидои садаи ХХ)» дар шаш ҷилд машғул мебошанд. Ҷилди аввали он «Адабиёти давраҳои Бостон, арабизабон ва асрҳои У111 ва 1Х» соли 2019 ба нашр расида, ҷилдҳои боқимонда дар арафаи чоп мебошанд.
Таджикистан
История
Экономика
Культура и образование
Туризм
Таджикистан и мировое сообщество
Государственные символы
Герб
Флаг
Гимн
Национальная валюта
Культурно-исторически места
Таджикский Национальный Парк
Гиссар
Хулбук
Саразм