


МУРОДИФОТИ ИСТИОРАВИИ “МАЪШУҚ” ДАР РУБОИЁТИ ХАЛҚӢ
Рустам Оймаҳмадов
Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулои Рӯдакии АИ ҶТ
Яке аз мафоҳими роиҷ ва пурбасомад дар рубоиёти халқӣ мафҳум ва мазмуни ишқ аст, зеро мавзӯи ишқ яке аз вижагиҳои асосии ин осор мебошад [5, 138-145]. Ҳоло мехоҳем мафҳуми ишқро дар робита бо маъшуқ, ки ифодакунандаи мазмуни ишқ аст, дар заминаи яке аз шохаҳои сувари хаёл, яъне истиораи равшан баррасӣ ва таҳлил намоем. Маъмулан яке аз таъсиргузортарин унсурҳои тасвир дар шеър истиора аст. Мақоми истиора дар шеър он қадар болост, ки Ибни Халдун “шеърро мубтанӣ бар истиора ва авсоф” медонад [4, 113]. Бархе аз асҳоби андеша дар Аврупо низ “забонро фақат хаёл ва истиора медонанд” [4, 113]. Истиора дар луғат ба маънои ория хостани луғатеро ба ҷои луғати дигаре [ 3, 53 ] ва дар истилоҳи адабӣ баёни маҷози бар пояи ташбеҳ бунёдшударо мегӯянд, ки дар он яке аз ду тарафи ташбеҳ, яъне мушаббаҳ ё мушаббаҳунбеҳ ҳазф шуда бошад [ 2, 379]. Истиораро метавон ба монанди анвои дигари санъати сухан, намаку ширинии шеър донист. Шоир бо зеҳн ва хаёли худ бар ҷаҳони атроф тасарруф мекунад ва таҷриба ва диди шоиронаи худро аз ҷаҳон дар қолаби шеър бо анвоъи воситаҳои бадеӣ, ки яке аз он истиораи равшан аст, баён мекунад. Истиора дар асл ташбеҳи фишурдае мебошад, ки зеҳни инсон барои беҳтар дарк кардан ва беҳтар шинохтани мафоҳими ҷаҳон аз он баҳра мегирад. Истиора дар шеъри шоирони форсу тоҷик корбурди густурда дорад, бахусус шеъри Ҳофиз, ки саросари онро анвоъи истиора ва дигар сувари хаёл ташкил медиҳад. Истиораи мусарраҳа, истиораест, ки дар он танҳо «мушаббаҳун-беҳ» зикр ва «мушаббаҳ» ҳазф мешавад. Баръакси истиораи макния, ки «мушаббаҳ» бо яке аз лавозими он, яъне сифоти он зикр мешавад [3, 55-59].
Аз он ҷо ки осори назми шифоҳии халқӣ бахши аъзами фарҳанги ҳар ҷомеаро ташкил медиҳад, дар ин мақола талош мешавад, ки баъзе ҷиҳатҳои истифодаи қаринаҳои истиории мафҳуми маъшуқро, ки яке аз барҷастатарин мафҳумҳои калидӣ ва корбурдии ин навъи осор ҳисоб меёбад, дар матни жанри рубоиҳои фолклорӣ баррасию таҳлил кунем. Равиши кор дар ин мақола чунин аст, ки нахуст дар матни рубоиёти халқӣ қаринаи истиораҳои мусарраҳаи ба ҷойи вожаи маъшуқ истифодашударо пайдо намуда, сипас, аз нигоҳи таҳлилӣ ба сохту бофт ва аносири созандаи онҳо назар андозем. Ҳамчунин нигоҳи мардуми одиро роҷеъ ба мафҳуми маъшуқ арзёбӣ намуда, мушахас мекунем, ки чеҳраи маъшуқ дар ин осор чӣ гуна тасвир шудааст ва мардуми одӣ дар сохту бофти чунин тасвир аз чӣ унсурҳое баҳра ҷустаанд. Баррасии муносибатҳои ошиқона низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта ва ин масъала то андозае шарҳу тавзеҳ гардидааст. Рубоиёти истифодашуда дар ин мақола аз китобҳои фолклорӣ ва бархе низ аз забони мардум ҷамъоварӣ шудааст.
Корбурди муродифоти маъшуқ бо анвоъи гулҳо
Истифода аз аҷзоъи табиат, бахусус гул ва анвоъи он, дар адабиёти китобӣ собиқаи тӯлонӣ дорад ва дар ашъори шоирони классик ва муосир зиёд дида мешавад. Дар адабиёти шифоҳӣ низ чунин суннати адабӣ як амри маъмул мебошад. Чунончи дар истиораи мусарраҳаи байти зер мушоҳида мешавад, ки маъшуқ ба сифати «садбарги сафед» зикр шудааст. Садбарг номи гул аст ва аз аҷзои табиат ба ҳисоб меравад. Мафҳуми байт мулоқот ва дидори ошиқона аст:
Ман омадаам ба диданат ҷонона
Садбарги сафеди ман баро аз хона [1, 161].
«Гулғунча» истиораи мусарраҳаи дигарест, ки ба шакли калимаи мураккаб истифода шудааст. Гӯяндаи ин байт духтари ҷавоне мебошад, аз ошиқаш, ки ӯро тарк ва аҳдшиканӣ кардааст, шиква ва гила намуда, дидори ӯро мехоҳад:
Номарда бигӯ, худакша мард мегира
Гулғунчаи ӯ ба хору хас мемона [1 , 158].
«Гули қимат» истиораи мусарраҳае буда, маъшуқро инъикос мекунад. Ошиқ дар ҳоли ҷудо шудан аз маъшуқи худ қарор дорад ва хоҳони иваз кардани назари маъшуқ ва мунсариф кардани ӯ аз рафтан аст, аммо дар ин кор муваффақ намешавад ва маъшуқро ба арзонӣ аз даст медиҳад:
Гуфтам биравам, савдоша баргардонам,
Ҳайфи гули қиматам, ба арзонӣ рафт [6].
«Гул» дар байти зер истиора аз маъшуқ аст. Шеър аз забони духтари ошиқ баён шудааст. Ӯ аз ҳавасбозии ошиқ гила мекунад, бо ин ки гули зебое дорад, аммо чашми ҳавас ба гулҳои дигар дӯхтааст:
Ту боғи касон омада гул металабӣ
Дар боғи худат як гули наврас дорӣ [8].
«Баргаки гул» дар байти зерин истиораи мусарраҳа аз маъшуқ аст. Байт аз забони ошиқест, ки аз дурии маъшуқ андӯҳгин ва нороҳат мебошад. «Лахчаҳаки алоб» ҳам истиора буда, маънии ғаму сӯзи ошиқро мерасонад:
Гул нотобай, баргаки гул нотобай,
Дар рӯйи дилум лахчаҳаки алобай [7].
«Лола» истиораи дигаре аз маъшуқ аст. Дар рубоӣ ғаму андуҳи аз даст додани маъшуқ аз забони ошиқ ҳикоя мешавад:
Дар дашт будам, ки лоларо шабнам зад,
Омад хабаре, ки нозанин бар ҳам зад.
Дар банди дилам ду доғ рӯйи ҳам зад,
Қаддам, ки камони оҳанӣ буд, хам зад [1, 94].
Дар байти зер «гул» истиора аз маъшуқ мебошад. Гӯяндаи рубоӣ «гул», яъне духтари ҷавон аст ва бо ифтихор мегуяд, ки агарчи ёри ман каси дигареро баргузидааст, аммо аз назари арзиш ва зебоӣ бо ман, ки мисли гул ҳастам, ӯ баробар нест. Ӯ маъшуқи баргузидаи ошиқро аз назари арзиш ба хор ташбеҳ мекунад. «Хор» истиораи мусарраҳа аз рақиб аст:
Гар ёр гирифт, баробари мо нагирифт,
Аз гул бигузашту домани хор гирифт [1, 98].
Дар рубоии зер «себарга» истиора аз лаб, «лолазор» истиора аз чеҳра, «боғ» истиора аз тани маъшуқ аст. Рубоӣ аз забони ошиқ суруда шуда, дар он васфи зебоиҳои маъшуқ ва изҳори ишқ баён гардидааст (Изҳори ишқ ва тавсифи маъшуқ):
Ман булбуламу баҳора дӯст медорм,
Себаргаву лолазора дӯст медорм.
Себаргаву лолазор дар боғи шумост,
Ҷонона, фақат шумора дӯст медорм [ 1, 66].
Корбурди муродифоти маъшуқ бо анвоъи дарахтон
«Навданиҳол» калимаи мураккаб буда, истиора аз маъшуқ аст. Рубоӣ аз забони ошиқе суруда шудааст, ки аз ғами ишқи маъшуқ нола мекунад:
Ин раҳаки рӯпарӯ харобам кардай,
Ин наваданиҳол ҷигаркабобам кардай.
Як сӯ ғами мурданай як сӯ ғами ту,
Мурдан чи ғамай, ғами ту обам кардай [6].
Дар рубоии зер таъбири «беди баланд» мавсуфу сифат ва истиора аз маъшуқ аст. Гӯяндаи рубоӣ нисбат ба маъшуқ изҳори ишқ ва муҳаббат мекунад:
Чашмат аҷабай, гӯшаи чашмат аҷабай
Хар кас ки тура бидид, насӯзад аҷабай
Эй беди баланду саргаят қуббаи нур
Ман ба тура чӣ рои кунум аз роҳи дур? [ 8]
Корбурди муродифоти маъшуқ бо анвоъи парандагон
Вожаи «кафтарбача» дар байти зер аз ҷиҳати сохт калимаи мураккаб буда, ба маънои истиории маъшуқ истифода шудааст. Ошиқ дар ин байт аз маъшуқе шикоят мекунад, ки онро бо “хуни дил” парвардааст, дар чанги «зоғ», ки истиора аз рақиб аст, қарор дорад. «Зоғ» ҳарчанд дар ин рубоӣ рақиб аст, аммо аз ҷиҳати дигар метавонад ошиқ барои «кафтарбача» бошад:
Кафтарбачаро ба хуни дил парвардум,
Имрӯз ба чанги зоғ мебинам ман [1, 98].
«Булбулак» истиора аз маъшуқи мард аст. Рубоии зер аз забони духтари ошиқ суруда шудааст, ки ба маъшуқ дуои бад ва нафрин мекунад. Маъмулан дар шеъри классикӣ нисбат ба маъшуқ бо ҳар ҷинсияти дуое бад ва нафрин дида намешавад ва маъшуқ барои ошиқ ҷанбаи қудсӣ дорад. Аммо дар шеъри муосир чунин суннати адабӣ чандон риоят намешавад, бахусус дар осори шифоҳӣ чунин вокуниш нисбат ба маъшуқ дар ҳар даврон мушоҳида мешавад. Монанди истиораи «булбулак» дар байти зерин:
Булбулаки ҷулида, гадоят бинам,
Шарманда ба даргаҳи худоят бинам [ 7].
«Кабутар» дар байти зерин истиорае дигаре аз маъшуқ аст. Гӯяндаи рубоӣ зебоии духтаронро бо кабутари ҳафтранг ташбеҳ кардааст.
Дар даштаки Шӯробод сесад сангай,
Дар ҳар сари санг кабутари ҳафтрангай [6].
Корбурди муродифоти истиории маъшуқ бо дигар аносир
Илова бар истиораҳое, ки аз аносири табиӣ сохта шудаанд, дар осори мардумӣ истиораҳое низ дида мешаванд, ки сохтори онҳо аз аносири дигар таркиб ёфтааст. Дар рубоии зер «чароғ» ва «Лайлӣ» истиора аз маъшуқ ҳастанд. Чароғ яке аз васоили мавриди ниёзи мардум аст ва Лайлӣ қаҳрамони қиссаҳои лирикӣ мебошад:
Парвонаем сӯи чароғ омадаем
Маҷнунему Лайлӣ сӯроғ омадаем
Ман булбуламу майл надорам ба чаман,
Бо бӯи бунафша сайли боғ омадаем [1, 123]
Дар байти зер низ «Моҳ», «Парвин», «Зулайхо» истиораҳои дигаре аз маъшуқ мебошанд. Моҳ ва Парвин аносири табиӣ буда, Зулайхо персонажи маълум ва машҳури адабӣ ба шумор меравад. Мавзӯи рубоӣ тавсиф ва орзуи дидори маъшуқ аст.
Эй моҳ баро, мо қаду боло бинем,
Парвин, ту баро, мо рухи зебо бинем.
Ин Юсуфи саргашта ба зиндони ғамай,
Як бори дига рухи Зулайхо бинем [ 8].
«Дуна» истиора аз маъшуқ аст. Ва ҷузъе аз васоили кишоварзист. Мафҳуми рубоӣ ҳасрат ва андӯҳи аз даст додани маъшуқ аст, ки ба дасти рақиб, яъне «зоғ» афтодааст. «Зоғ» истиора аз рақиб аст.
Абр омаду қиблара ба як бор гирифт
Зоғ омаду дунара ба минқор гирифт [1, 33].
Ҳамон тавре ки дидем, тасвири маъшуқ дар истиораҳои ёфташуда ағлаб тавассути аносири табиӣ сурат гирифтааст, зеро зиндагии мардум дар оғуши табиат ҷараён меёбад. Рӯзгори гӯяндагони чунин ашъор бо табиат ҳамбастагии зиёд дорад. Бинобар ин, онҳо он чиро, ки бо зеҳну дил таҷриба ва эҳсос кардаанд, бар забон овардаанд. Табиат барои мардуми одӣ манбаъи зиндагӣ аст. Дар байни аносири табиӣ анвоъи гулҳо, ки ба шакли «садбарги сафед», «гулғунча», «лола», «гул», «баргаки гул» «гули қимат», «себарга», «лолазор» истифода шудаанд, корбурди бештар доранд. Истифодаи анвоъи дигари истиорӣ, монанди «навданиҳол», «беди баланд», «булбулак» «кафтарбача» «кабутар», «Моҳ», «Парвин», «Лайлӣ», «чароғ», «дона» ва ғайра камтар ба чашм мерасад. Ташбеҳи маъшуқ ба гул баёнгари зебоӣ, латофат ва зарофати зан аст. Чунин ташбеҳ дар шеъри шоирони касбӣ ҳам басомади зиёд дорад.
Табиат дар ашъори шоирони сабки хуросонӣ муҳимтарин унсури тасвир ба шумор меравад. Шеъри сабки хуросониро бархе аз адибони саршинос шеъри табиат медонанд [4, 317]. Дар ашъори шифоҳӣ, бахусус дар рубоиёт, ба монанди шеъри сабки хуросонӣ тасвири табиат зиёд ба чашм мерасад. Яъне маъшуқ дар осори мардумӣ ба монанди маъшуқи сабки ироқӣ ва ҳиндӣ мавҷуди дастнаёфтанӣ ва ҳатто аз назари ҷинсият номаълум набуда, симои мушаххасу муайяни заминӣ дорад. Ба иборати дигар, ағлаби истиораҳое, ки симои гуногуни маъшуқро ифода мекунанд, дорои мушабаҳунбеҳи малмусу мушаххас мебошанд. Ба ҳамин хотир метавон ин осорро ба шеъри сабки хуросонӣ, ки яке аз вижагиҳои он истифодаи мафоҳим ва тасовири табиист, монанд кард.
КИТОБНОМА:
Руйхати гуяндаҳо
МУРОДИФОТИ ИСТИОРАВИИ “МАЪШУҚ” ДАР
РУБОИЁТИ ХАЛҚӢ
Дар ашъори шифоҳӣ, бахусус дар рубоиёт, ба монанди шеъри сабки хуросонӣ, тасвири табиат зиёд ба чашм мерасад. Яъне маъшуқ дар осори мардумӣ ба монанди маъшуқи сабки ироқӣ ва ҳиндӣ мавҷуди дастнаёфтанӣ ва ҳатто аз назари ҷинсият номаълум набуда, симои мушаххасу муайяни заминӣ дорад. Ба иборати дигар, ағлаби истиораҳое, ки симои гуногуни маъшуқро ифода мекунанд, дорои мушабаҳунбеҳи малмусу мушаххас мебошанд. Ба ҳамин хотир метавон ин осорро ба шеъри сабки хуросонӣ, ки яке аз вижагиҳои он истифодаи мафоҳим ва тасовири табиист, монанд кард. Аммо чунин ба назар мерасад, ки тасовир ва сувари хаёл дар осори шифоҳӣ дар ҳамон ваҳлаи пайдоиши худ бидуни тағйир ва бо ҳамон мафоҳими бунёдиву дур аз тасовири интизоъӣ боқӣ мондааст.
Вожаҳои калидӣ: санъати истиора, рубоиёти шифоҳӣ, аносири созандаи истиораҳо, сувари хайёл, фолклор.
МЕТАФОРИЧЕСКИЕ СИНОНИМЫ СЛОВА «МАЪШУҚ» В НАРОДНЫХ ЧЕТВЕРОСТИШИЯХ
В статье рассматриваются особенности использования метафорических синонимов слова “маъшук” в фольклорных четверостишиях, проводится сопостовление их с использованием подобных метафор в письменной поэзии, в частности в творчестве поэтов хорасанского стиля. Отмечается, что большинство метафор, выражающих облик маъшук (возлюбленной, возлюбленного), являются конкретными и осязаемыми. Думается, что система метафорических образов в фольклорных стихотворениях сохранила свою первоначальную форму и в смысловом плане также не подвергнулась изменениям.
Ключевые слова: метафора, устные рубаи, созидательные элементы метафор, образы, фольклор.
CONSIDERATION OF METAPHORIC SYNONYMS OF THE WORD “MASHUQ” IN PEOPLE QUARTER POEMS
The article discusses the features of using of metaphorical synonyms of the word “mashuq” in folklore quatrains, which they compared with the uses of similar metaphors in written poetry, particularly in the works of poets of the Khorasan style. It is noted that most of the metaphors expressing the look of “mashuq” (lover) is concrete and tangible. It seems that the system of metaphorical images in folklore poems has retained its original form and in terms of meaning has also not undergone changes.
Keywords: metaphor, oral rubai, creative elements of metaphors, images, folklore.
Маълумот дар бораи муаллиф: Рустам Оймаҳмадов - ходими илмии шуъбаи фолклори Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулло Рӯдакии АИ ҶТ, номзади илми филология, тел.: +992 93 109 39 99, е- mail: rustamjon99@gmail.com.
Сведения об авторе: Рустам Оймахмадов – научный сотрудник отдела фольклора Института языка и литературы им. Абуабдулло Рудаки АН РТ, кандидат филологических наук, тел.: +992 93 109 39 99, е- mail: rustamjon99@gmail.com.
Information about the author: Rustam Oymamadov - scientific researcher of the Department of the Folklore of the Institute of Language and Literature named after Abuabdullo Rudaki of Academy of Sciences of Tajikistan, Candidate of Philology Sciences, Phone: +992 93 109 39 99, E- mail: rustamjon99@gmail.com.
24.09.2021
Таджикистан
История
Экономика
Культура и образование
Туризм
Таджикистан и мировое сообщество
Государственные символы
Герб
Флаг
Гимн
Национальная валюта
Культурно-исторически места
Таджикский Национальный Парк
Гиссар
Хулбук
Саразм