


Корбасти лексикаи динӣ-ирфонӣ дар маснавии “Мантиқ-ут-тайр”-и Аттор
Шайх Аттори Нишопурӣ яке аз намояндагони маъруфи аҳли тасаввуф ва шоири бузурги ориф буда, бо осори гаронбаҳои ирфонияш дар рушду такомули забони форсӣ-тоҷикӣ нақши босазое гузоштааст. Лексикаи динӣ-ирфонӣ дар эҷодиёти Аттор чун дигар ҳама намояндагони бузурги тасаввуф мавқеи хосро ишғол мекунад. Вожаҳои ифодакунандаи маънии динӣ-ирфонӣ на танҳо дар маснавии рамзию тамсилии “Мантиқ-ут-тайр”-и Аттор, балки дар тамоми осори суханварони бузурги ориф мавқеи муҳим дорад. Аттор, ки аз овони хурдсолиаш дар тарбияи пирони аҳли ирфон ва дар мактаби аҳли ирфон ба камол расида буд, зиндагии маънавии хешро бидуни андешаи ирфонӣ ва муҳити ирфонӣ тасаввур карда наметавонист.
Ёдоварӣ мебояд, ки аз рӯзгори пайдоиши инсоният дину имон дар шакли гуногун дар маркази андеша ва тафаккури инсонӣ қарор дошта, ягона василаи раҳоӣ аз буҳрони ноумедӣ ва тарбияи ахлоқию маънавӣ будааст.
Ирфон ва тасаввуф, агар дар нигоҳи маънавӣ зинаи расидан ба камолоти баланди маънавии инсонӣ, яъне, дарёфти маърифат ва ҳақиқати Кулл бошад, аммо аз нигоҳи умури иҷтимоии инсонӣ ягона василаи мубориза барои накӯҳиши беадолатиҳои замон ва тарбияи маънавию ахлоқии омма маҳсуб мешавад.
Дигар ин, ки аҳли тасаввуф ва дар маҷмӯъ шоирону суханварон истилоҳи динӣ-ирфониро ҳамчун воситаи муассир ва пуробуранги каломи бадеъ ва ё каломи мавзун истифода кардаанд.
Маълум аст, ки вожаи тасаввуф арабист ва маънояш пашминапӯш мебошад ва вожаи суф ба маънои пашм аст. Аммо дар забони тоҷикӣ вожаи “суф” маънои дигар дошта, матои ҳарирест, ки аз риштаи пахта бофта шудааст ва “сӯфӣ” дар маҷмӯъ ба маънии сафедпӯш аст. Дар замони ҷоҳилияти араб тоифаеро аз ходимони Каъба, ки одоби тарки дунё ва руҷӯъ ба ботин доштанд, аҳли суффа мегуфтанд. Ва баромади истилоҳи тасаввуфро ба ин ҷиҳат донистаанд. Баъзан баромади ин истилоҳро бо мафҳуми фалсафии юнонӣ – теософия низ алоқаманд кардаанд. Вожаи сӯфӣ бо баробари падидаҳои тасаввуф тадриҷан аз асри VIII оғоз ёфта, дар ҷомеа густариш пайдо кардааст. Аслан тасаввуф аз ҷиҳати баромад падидаи мураккаби иҷтимоӣ мебошад, ки замони дурударози рушду такомулро аз сар гузаронидааст. Хусусан, аввалин нишонаҳои он ҳангоми ба вуҷуд омадани зиддияти табақотӣ, муборизаи гурӯҳҳо ва зуҳури мухолифат бо ҳокимияти хилофати Уммавия ба вуҷуд омада буд. Ин давра замоне буд, ки нишонаҳои тақводорӣ ва тарки дунё (аскетизм) ба миён омад.
Тасаввуф решаи амиқ дар таърихи башарият дорад, зеро аз зуҳури Одам то паямбари ислом Муҳаммад (с) ва дар тамоми динҳои аҳли китоб ҳам паямбарон мисли Иброҳим, Яъқуб, Юсуф, Исо, Хизр, Мӯсо ва диг. беҳтарин намунаи аҳли тасаввуф ва зуҳду тақвоянд, ки пайравону умматони хешро доим ба роҳи ростӣ, парҳезкорӣ ва одамият даъват карда, душмани беадолатӣ ва зулму тааддӣ будаанд.
Дар ибтидо тасаввуф як навъ эътирози табақаҳои миёна ва поёни ҷамъият ба муқобили сарватмандии давлатдорон ва табақаи ҳукмрон буд ва мафкураи ягона надошт. Таълимоти тасаввуф асосан аз се зина иборат аст: шариат, тариқат, ҳақиқат. Маҳз таъсири зиёди таълимоти мазҳабӣ, фалсафӣ, расму одатҳо барои ба вуҷуд омадани як қатор асарҳои манзуму мансури ирфонӣ мусоидат намудаанд. Аттор вожаҳои ифодакунандаи диниро, ки дар рӯзгори худ хеле ривоҷ ёфта буданд, барои ифодаи афкор ва таълимоти тасаввуф, яъне пайравии роҳи тариқат, ҳамчунин таълимоти муайяни ахлоқӣ, равонӣ ва расму одоби сӯфия, зинаҳои ба камолот расиданро дар маснавӣ ба тариқи рамз ба кор бурдааст. Ба ин восита дар маснавии “Мантиқ-ут-тайр” Аттор истилоҳоти қуръонӣ ва марбут ба арзишҳои муқаддаси исломӣ ва таълимоти тасаввуфро фаровон ба кор бурда, ба ин васила таркиби луғавии маснавии хешро ғанӣ гардонидааст. Қисми назарраси лексикаи ин гурӯҳро вожаҳои динӣ-ирфонии арабӣ ташкил додаанд, ки дорои хусусиятҳои муайяни маъноӣ мебошанд. Аз ин рӯ, мо зарур донистем бархе хусусиятҳои маъноии ин гурӯҳи вожаҳоро дар ин маснавии Аттор аз назар гузаронем.
Муҳаққиқ Қ. Мухторӣ дуруст қайд мекунад, ки “шеър калом ва андешаи бадеии мухайял (тахайюл, хаёлоти марғуб, андешаҳои рӯъёӣ) аст, вазифаи каломи бадеӣ, андешаронии бадеӣ, баръакси андешаронии илмӣ аст" [6, 47] яъне, эҷодкор ҳангоми эҷоди шеър барои таваҷҷуҳи хонандаи шеър ва каломи мавзунро ба худ ҷалб кардан ба бадеият дода мешавад ва лафзу маъниро тавассути ташбеҳу маҷоз ва дигар санъатҳои лафзию маъноӣ ба ҳадди иғроқ бурда мерасонад, ки он: “маърифати олам ва ин чӣ оламро иҳота кардааст, аз рӯйи омӯзиш ва азнавсозии эҷодӣ аст” [4]. Ба андешаи ин муҳаққиқ ҳангоми таҳлили хусусиятҳои луғавию маъноии осори адибон ба забоншинос зарур аст, ки ба ҷанбаи илмии асар таваҷҷуҳ карда шавад, на ба моҳияти бадеии асар, зеро муайян кардани моҳияти бадеии асар кори муҳаққиқони риштаи адабиёт аст. Бинобар ин, “ҳангоми таҳлили лексикаи марбут ба дину мазҳаб, яъне хосатан лексикаи динӣ-ирфонии осори ҳар адиб ин ҷиҳати каломи бадеъро на танҳо фаромӯш набояд кард, балки сахт ба назари эътибор бояд гирифт” [6, 47]
Вожаи дин ва вожаҳои ифодакунандаи таълимоти динӣ, аз қабили кофир, имом, намоз, арш, курсӣ, зот, уммат, масҷид, маҳшар, ҷаннат, тақво, Каъба, биҳишт, адн, зоҳид, Кавсар ва амсоли инҳо дар маснавӣ серистеъмол буда, ба таври васеъ истифода шудаанд.
Масалан, вожаи дин назар ба дигар калимаҳои динӣ-ирфонӣ дар маснавӣ фаровон ба кор бурда шудааст, ки маъноҳои эътиқод ба мавҷудияти қувваҳои фавқуттабиаи иродакунандаи олам, кеш, мазҳаб ва тариқ, роҳ; ойин, маслак. корбаст шудааст [5, 472]. Аттор бо зикри ин вожа маънои амиқи фалсафӣ, василаи шинохти Офаридагору олам, яъне роҳи расидан ба ваҳдати вуҷудро ифода кардааст:
Кас чӣ донад, то дар ин баҳри амиқ
Сангреза қадр дорад, ё ақиқ.
Ақлу ҷону дину дил дарбохтем,
То камоли заррае бишнохтем [ 10, 25].
Ё ин ки дар ҷойи дигар чунин мегӯяд:
Пешвоёне, ки раҳбин омаданд,
Гоҳу бегоҳ аз пайи дин омаданд [10, 26].
Ё он ҷое, ки сухан дар маснавӣ: «дар маноқиби амирулмуъминин Алӣ ибни Абитолиб» меравад, шоир чунин мефармояд:
Хоҷаи Ҳақ, пешвои ростин,
Кӯҳи ҳилму боби илму қутби дин.
Соқии Кавсар, имоми раҳнамо
Ибни амми Мустафо, Шери Худо [10, 41].
Зимнан, вожаи динии амирулмуъминин, яъне, савари муъминон, лақаби хулафои ислом, фармонравои мусалмонон [2,238] лақабе мебошад, ки ба халифаҳо ва бисёр подшоҳони Шарқи исломӣ дода мешуд. Дар ин маснавӣ Аттор вожаи “амирулмуъминин”-ро асосан ҳангоми ёд кардани хулафои рошидин, яъне, Абӯбакр, Умар, Усмон ва Алӣ ба кор бурдааст:
Рифъате, к-аз рояти имон гирифт,
Аз амирулмуъминин Усмон гирифт [10, 41].
Дар забони адабӣ ва гуфтугӯии имрӯза низ вожаҳои дин, намоз, куфр, кофир, ҷаҳаннам, дӯзах, тавба, сирот, биҳишт, ҷаннат, имон, дуо, шукр, масҷид серистеъмол ва хеле маъмул мебошанд.
Вожаи динии тоҷики асли намоз, ки муродиф ва амалҳояш дар арабӣ калимаҳои ибодат, салот, саҷда (суҷуд), рукӯъ ва қиём мебошад, дар маснавӣ, дар ибтидо дар қисмати «Дар наъти Ҳазрати Расул» омадааст, ки дар он Аттор ба мавриди фарз шудани намоз ба умматони Расул (с) ишора кардааст. Дар ин бахш вожаи намоз як ҷо бо ҷуфтҳои муродифии арабияш омадааст:
Чун шуд он нури муаззам ошкор,
Дар суҷуд афтод пеши Кирдгор.
Қарнҳо андар суҷуд афтода буд.
Умрҳо андар рукӯъ истода буд.
Солҳо ҳам буд машғули қиём,
Дар ташаҳҳуд буд ҳам умре тамом.
Аз намози нури он дарёи роз,
Фарз шуд бар ҷумлаи уммат намоз [10, 32].
Вожаҳои куфр ва кофир ҳам дар маснавӣ серистеъмоланд. Дар фарҳанг вожаи “куфр” ба маъниҳои кофирӣ, бемазҳабӣ, бединӣ, инчунин ношукурӣ, носипоӣ, кӯрнамакӣ, куфрон, вожаи “кофир” дар маъниҳои номусулмон; худоношинос, бедин, беимон, бехудо [13, 665] истифода шудааст. Аттор дар маснавӣ ин вожаҳоро дар чунин мавридҳои муносиб ба кор бурдааст:
Боз бингар Нӯҳро ғарқоби кор,
То чӣ бурд аз кофирон соле ҳазор [10, 26].
Ё:
Муъмину кофир ба хун оғаштаанд,
Бо ҳама баргашта, ё саргаштаанд [10, 28].
Дар маснавӣ ҳамчунин калимаи сохтаи кофирӣ (кофир+ӣ) истифода шудааст:
Ишқи ганҷу ишқи зар аз кофирист,
Ҳар кӣ ӯ зар бут кунад, ӯ озарист.
Зар парастидан бувад аз кофирӣ,
Нестӣ охир зи қавми Сомирӣ! [10, 70].
Ҳамчунин дар қитъаи шеърӣ се вожаи динии дигар “бут”, “озарӣ” ва вожаи этникии “сомирӣ” истифода шудаанд, ки вожаи “бут” ишора ба парастиш, яъне бутпарастон (оини буддоӣ) буда, вожаи “озарӣ” иртибот ба оташпарастон, яъне оини зардуштӣ дорад ва вожаи “сомирӣ” ишораест ба қавми қадимаи Сомирӣ (қариб ва меҳтари Мӯсо (а) буд ва ӯ гӯсолаи заррини марсеъ ба ҷавоҳир сохта...) [1, 194], яъне қавме, ки гӯсолапараст буданд ва буташон гӯсолаи тиллоӣ буд.
Калимаи дуо ҳам дар маснавӣ ба кор рафтааст. Дар луғат дуо ба маънои дархост аз Худо, хоҳиш; ниёиш ва дар шакли ибораи феълӣ дуо кардан а) изҳори хоҳиш ва талаб кардан аз Худо; б) ба маънои маҷозӣ видоъ кардан, хайрухуш намудан; вогузор намудан, тарк кардан омадааст [11, 400]. Аттор вожаи “дуо”-ро дар чанд маврид, аз ҷумла дар матлаби зер истифода кардааст:
Дид зери чатр рӯйи ошно,
Дар тавозуъ уфтоду дар дуо [10, 105].
Чун ба осойиш расад з- ин ёдгор,
Дар дуо гӯяндаро, гӯ, ёд ор! [10, 260]
Вожаи биҳишт ё ин ки ҷаннат дар маснавӣ дар шакли муродифи арабии он, яъне ҷаннат бештар дар истеъмол аст, масалан «Дар маноқиби халифаи сонӣ амирулмуъминин Умар (р)» вай ба сифати шамъи ҷаннат ёд шудааст:
Он ки дорад бар Сирот аввал гузар,
Ҳаст ӯ аз қавли пайғамбар - Умар ...
Шамъи ҷаннат буду андар ҳеч шамъ,
Ҳеч касро сояе набвад зи шамъ...
Чун Набӣ медид, к-ӯ месӯхт зор,
Гуфт: - Шамъи ҷаннат аст ӯ ошкор [10, 40].
Дар мисоли зикршуда ҳамчунин вожаи тоҷикии пайғамбар, ки муродифи арабии он набӣ ва расул аст, истеъмол шудааст, ки ба гурӯҳи лексикаи динӣ шомил мебошад ва дар маснавӣ доираи корбурди зиёд дорад.
Аттор дар баробари наъту ситоиши пайғамбарон сифат ва хислатҳои онҳоро низ бо калимаҳои динӣ баён кардааст:
Юсуфи сонӣ ба қавли Мустафо,
Баҳри тақвову ҳаё, кони вафо.
Кори зилқурбе ба ҷон пардохта,
Ҷони худ дар кори эшон бохта [10, 40].
Аттор зимни ҳикоят дар бораи Амирулмуъминин Алӣ ибни Абитолиб чунин мефармояд:
Хоҷаи Ҳақ, пешвои ростин,
Кӯҳи ҳилму боби илму қутби дин.
Соқии Кавсар, имоми раҳнамо,
Ибни амми Мустафо, Шери Худо [10, 41].
Вожаи имон дар дину мазҳаб ба маънои эътиқод истифода мешавад ва дар забони гуфтугӯӣ серистеъмол аст:
Дарди ман аз дасти дармон даргузашт,
Кори ман аз куфру имон даргузашт [10, 133].
Мӯйи тарсое ба як мӯяш бибаст,
Роҳ бар имон зи сад сӯяш бибаст [10, 91].
Вожаи мазкурро луғатнигори эронӣ чунин тавсиф кардааст: Имон- эътиқоди қалбӣ ба касе ё чизе, хоҷа Насриддин гӯяд: имон дар луғат тасдиқ бошад, яъне бовар доштан. Ва дар урфи аҳли таҳқиқ тасдиқе хос бошад ва он тасдиқ бувад ба он чи илми қатмӣ ба он ҳосил аст ва пайғамбар- алайҳиссалом-фармудааст. Ва маърифати пайғамбар мунфик набошад аз маърифати Парвардигори Қодир, Олим, Ҳай, Мудрик, Самиъ, Басир, Мурид, Мутакаллим, ки пайғамбарро фиристода ва аҳкому фароиз ва суннану ҳалолу ҳаром, бар ваҷҳе, ки ҳама умматро бар он иҷтимоъ бошад баён фармудааст [5, 171].
Дар маснавии мазкур вожаи шайх яке аз вожаҳои серистеъмол мебошад. Ин вожаи арабиасл дар забони муосир ва гуфтугӯӣ серистеъмол буда, маънои аслияш одами солхӯрда, куҳансол, пирамард аст ва аҳли ирфон онро ҳамчун истилоҳи ирфонӣ, ба маънои пири маънавӣ, устоди маънавии рӯзгордидаи пуртаҷриба истифода кардаанд, ки дар маснавӣ бештар ба ҳамин маънӣ истифода шудааст. Масалан, дар «Ҳикояти Шайхи Санъон ва зуннор бастани ӯ аз ишқи духтари тарсо» (78), «Ҳикояти Шайх Ҷунайд ва шаҳодати писараш» (139), «Шайх Абулҳасани Харақонӣ дар назъ» (153), «Ҳикояти Шайх Аҳмади Ғӯрӣ бо Султон Санҷар» (с.159) ва ғ. Барои намуна:
Шайхи Санъон пири аҳди хеш буд,
Дар камолаш ҳар чӣ гӯям, беш буд.
Шайх буд андар ҳарам панҷоҳ сол,
Бо муриде чорсад соҳибкамол .... [10, 78].
Вожаи динӣ-ирфонии суҷуд шакли ҷамъи саҷда буда, дар абёти зерини Аттор ба маънии розу ниёз кардан ба ҳақиқати Кул, ба он Зоти мутлақ омада, эҳсосҳои орифонаи шахси гӯяндаро самимона ифода кардааст:
Дар суҷудаш рӯзу шаб Хуршеду Моҳ
Ҳишта пешонии худ бар хоки роҳ.
Ҳаст дар симои эшон аз суҷуд,
Кай бувад бе саҷда симоро вуҷуд! [10, 19]
Чун шуд он нури муаззам ошкор,
Дар суҷуд афтод пеши Кирдгор.
Қарнҳо андар суҷуд афтода буд,
Умрҳо андар рукуъ истода буд [10, 32].
Дар маснавӣ ҳамчунин вожаи Каъба, ки макони зиёрати мусулмонҳост, зикр шудааст:
Гашта андар Каъба он соҳибқабул,
Бутшикан бар пуштии дӯши расул.
Дар замираш буд макнуноти ғайб,
З-он баровардӣ яди байзо зи ҷайб ...[10, 42].
Дар мисраи аввали абёти зикршуда, сухан дар бораи Иброҳими Халилуллоҳ меравад ва дар мисраи дуюм ишора ба мӯъҷизаи пайғамбар Мӯсо (а) аст ва яди байзо (аз ҷумлаи мӯъҷизоти Мӯсо (а)) [1, 162] яъне, дасти сафеде, ки муъҷиза меофарад, оварда шудааст.
Вожаи муъмин фоили имон буда, дар фарҳангҳо ба маънии боимон, имондор, диндор тафсир шудааст. Дар фарҳанги Саҷҷодӣ вожаи мазкур ин тавр шарҳ дода шудааст: “муъмин-он ки ба Худованд ва анбиё ва кутуби осмонӣ бовар дорад ва дастуроти онҳоро итоат мекунад”[5, 750]. Шайх Аттор вожаи муъминро ба маънии шахси диндор (имондор) корбаст намудааст:
Он дигар гуфташ, ки рав сокин бибош,
Боз имон овару муъмин бибош [10, 83].
Будат аз кофир вафову эминӣ,
Кун вафодорӣ, агар ту муъминӣ! [10, 164]
Дар маҷмӯъ, лексикаи динӣ-ирфонӣ қисми бештари лексикаи маснавии «Мантиқ-ут-тайр»-ро ташкил медиҳад, ки ин бесабаб нест. Шайх Аттор яке аз шахсиятҳои маъруфи аҳли тасаввуф буд. Бино бар ин табиист, ки корбурди лексикаи динӣ-ирфонӣ дар осори назму насри ӯ, аз ҷумла маснавии «Мантиқ-ут-тайр» назар ба дигар гурӯҳҳои лексикӣ бартарии возеҳ дорад.
Хулоса, истилоҳоти динӣ-ирфонӣ дар маснавии «Мантиқ-ут-тайр» басомади болое дорад. Фаридуддини Аттор дар маснавии мазкур вобаста ба ормони ҳунарӣ ва ирфонии худ дар маснавӣ аз истилоҳоти динӣ-ирофнӣ чун донандаи хуби назокатҳои забони модарии худ фаровон истифода намудааст, ки ба чунин намуна чанде аз онҳоро аз назар гузаронидем.
Адабиёт
Корбасти лексикаи динӣ-ирфонӣ дар маснавии “Мантиқ-ут-тайр”-и Фаридуддини Аттор
Шайх Аттори Нишопурӣ яке аз пешвоёни аҳли тасаввуф ва шоири бузурги ориф буда, мероси адабии ӯ таҷассумкунандаи сарвати луғавии забони форсии тоҷикӣ ба ҳисоб меравад. Маснавии “Мантиқ-ут-тайр” аз шоҳкориҳои Аттор ва машҳуртарин асари ирфонӣ мебошад. Вижагии хосси ин маснавӣ аз он иборат аст, ки бо забони хеле шево ва содафаҳм эҷод шудааст. Аттор ҳамчун сарояндаи ақидаву мазмунҳои ирфонӣ аз истилоҳу роиҷи замонаш аз ҷумла, лексикаи динфӣ-ирфонӣ ба таври фаровон вобаста ба муҳтаво ва мароми ҳунарии хеш истифода намудааст. Тавре ки маълум гардид, вожаҳои динӣ-ифронӣ дар маснавӣ серистеъмол буда, Аттор бо зикри ин вожаҳо маънои амиқи фалсафӣ ва роҳи расидан ба ваҳдати вуҷудро ифода мекунад. Аз таҳқиқу баррасии мавод бар меояд, ки баъзе аз истилоҳот калимаҳои тоҷикӣ буда, доираи истеъмолашон васеъ будааст.
Калидвожаҳо: лексика, ирфон, дин, вожа, тасаввуф, суф, Аттор, ориф, маснави, истилоҳ.
Использование религиозно-мистической лексики в "Мантик-ут-тайр" Фаридуддина Аттара
Шейх Аттори Нишопури - один из лидеров мистики и великий поэт знаний, а его литературное наследие воплощает лексическое богатство таджикского персидского языка. Маснави «Мантик-ут-тайр» - один из шедевров Аттара и самое известное произведение мистицизма. Особенность этого текста в том, что он написан очень элегантным и простым языком. Аттар, как певец мистических идей и содержания, использовал термины и фразы своего времени, включая религиозно-мистическую лексику, в зависимости от содержания и цели своего искусства. Как оказалось, в маснави широко используются религиозно-мистические слова, и, упоминая эти слова, Аттар выражает глубокий философский смысл и путь к достижению единства. Изучение материала показывает, что некоторые термины являются таджикскими словами и имеют широкий диапазон употребления.
Ключевые слова: лексика, гнозис, религия, слово, мистика, суф, Аттар, Ариф, Маснави, терминология.
The use of religious-mystical vocabulary in the text "Mantiq-ut-tayr" by Fariduddin Attar
Sheikh Attori Nishapuri is one of the leaders of Sufism and a great poet of knowledge, and his literary heritage embodies the lexical richness of the Tajik Persian language. Masnavi "Mantiq-ut-tayr" is one of the masterpieces of Attar and the most famous work of mysticism. The peculiarity of this text is that it is written in a very elegant and simple language. Attar, as a singer of mystical ideas and contents, used the terms and phrases of his time, including religious-mystical vocabulary, depending on the content and purpose of his art. As it turned out, religious-mystical words are widely used in the Masnavi, and by mentioning these words, Attar expresses a deep philosophical meaning and the way to achieve unity. The study of the material shows that some of the terms are Tajik words and have a wide range of usage.
Keywords: vocabulary, gnosis, religion, word, mysticism, Suf, Attar, Arif, Masnavi, terminology.
Маълумот дар бораи муаллиф: Мухамедхоҷаева Рахшанда Ахмадҷоновна - ходими илмии шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳоти Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ. Нишона: Тоҷикистон, 734025, шаҳри Душанбе, кӯчаи Рӯдакӣ, 21, тел: +922985210006; e-mail: sun_1989@list.ru
Сведения об авторе: Мухамедхоҷаева Рахшанда Ахмадджновна - научный сотрудник отдела лексикологии и лексикографии Института языка и литературы им. Рудаки НАНТ. Адрес: Таджикистан, 734025, г. Душанбе, улица Рудаки 21, тел: +922985210006; e-mail: sun_1989@list.ru
Information about the author: Mukhamedkhojaeva Rakhshanda Ahmadjonovna - Senior Researcher of the department of the Institute of Language and Literature by name Rudaki TNAS. Address: Tajikistan, 734025, Dushanbe City, Rudaki Street: Phone: +922985210006; e-mail: sun_1989@list.ru
Таджикистан
История
Экономика
Культура и образование
Туризм
Таджикистан и мировое сообщество
Государственные символы
Герб
Флаг
Гимн
Национальная валюта
Культурно-исторически места
Таджикский Национальный Парк
Гиссар
Хулбук
Саразм