Истилоҳшиносӣ ва таҳияи усулҳои истилоҳсозӣ дар даврони Истиқлол Назарзода С.

 Дар замони истиқлол чун вазифаҳои  иҷтимоии забон дигаргун шуда  аҳамияти  сиёсӣ касб кардааст, лозим аст, ки дастгоҳи истилоҳсозии он ҳадди ақал имкони баёни истилоҳоти  мавриди ниёзи замони навро таъмин намояд. Вале, ҳангоме ки авзоъ ва аҳволи ин шохаи забонро дар замони хеш менигарем, мебинем, ки ба ҷуз аз фазои мусоиди сиёсӣ дар ин замина таҳаввулоти ҷиддие сурат нагириф­тааст. Бенизомиву саргардонӣ дар ин арса камтар нашуда, балки мушкилоти тозае ба он афзуда шудааст. Фаъолияти истилоҳсозӣ  дар ин давра ба суратҳои мухталиф - созмонёфта ва бештар созмоннаёфта, расмӣ ва ғайрирасмӣ ҳамчунон ҷараён дорад.

 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» талаб мекунад, ки дар қаламрави давлати Тоҷикистон коргузорӣ ба забони давлатӣ сурат гирад. Барои иҷрои талаботи ин Қонун корхонаҳо, идораҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо ва дигар созмонҳои расмӣ ва ҷамъиятӣ дар бисёр ҳолат вожаномаи истилоҳоти махсуси соҳаи худро бештар барои тарҷума (на истилоҳсозӣ) ба дасти  тарҷумонҳо медиҳанд. Мутарҷимон ҳам ҳар кадом мувофиқи фаҳмишу дониши худ дар соҳаи забон ва риштаҳои тахассусӣ баъзе истилоҳотро аз решаҳои забони ҳозираи тоҷикӣ сохта, миқдореро тарҷума ва баъзе дигарро аз форсӣ ё дарӣ гирифта, вожаномае барои он соҳа тартиб медиҳанд. Сипас ин вожаномаҳо бидуни арзёбии (экспертизаи) мутахассисон дар истеҳсолот ва ё коргузории идораҳо ба кор бурда мешаванд. Дар натиҷа як истилоҳ дар корхонаву муассисаҳои гуногун гоҳҳо ба шаклҳои мухталиф ба кор бурда мешавад.

 Авзои истилоҳоти асноди давлатӣ ва мукотиботи расмии идораву корхонаҷот аз ин беҳтар нест. Азбаски бино ба расми пешин ин ҳуҷҷатҳо аввал ба забони русӣ таҳия шуда, сипас ба тоҷикӣ баргардонида мешаванд, гоҳҳо бидуни истифодаи матни русӣ дарки мазмуни баъзе қарору фармоишҳои  давлатӣ ва асноди расмӣ душвор аст. Чунин бесару сомонӣ боиси сӯитафоҳумҳо мегардад.

Дар тӯли 70 сол забони асноди давлатӣ ва коргузорӣ забони русӣ буд. Забони тоҷикӣ дар ин риштаҳо забони тарҷума буд ва истилоҳоти он низ зери таъсири забони русӣ ташаккул ёфта буд. Ба ин далел садҳо луғату истилоҳот, ибораву таркиботи қолабӣ дар забони тоҷикӣ дохил шуда ва  дар калимасозии он таъсир гузоштаанд. 

Барои ҳалли проблемаҳои номбурда ба андешаи мо бояд пеш аз ҳама усулҳои истилоҳсозии забони тоҷикӣ аз нав баррасӣ ва таҳия гардад. Зеро «Принсипҳои асосии терминологияи забони тоҷикӣ» (1971) дар бисёр маврид ниёз ба бознигарӣ дорад ва дигар наметавонад ба талаботи имрӯзаи инкишофи истилоҳсозии забони тоҷикӣ ҷавоб диҳад. Дуюм  он ки усулномаи нав бояд дар асоси дастовардҳои навтарини илми забоншиносии муосир ва бозёфтҳои истилоҳшиносӣ ва истилоҳсозии он, таҷрибаҳои ҳосил­кардаи забони тоҷикӣ дар ин муддат, бо ҷалби усулномаи истилоҳсозии  забони муосири форсӣ, пешниҳод ва тавсияҳо дар хусуси истифодаи манобеи истилоҳсозӣ, чигунагӣ ва сифати истилоҳоти баргузида ё сохта ва амсоли он таҳия гардад.

Дар вақти таҳияи усулхои нави истилоҳсозии забони тоҷикӣ таҷрибаи ҳамзабонон дар ин арса, махсусан усулномаҳои истилоҳсозии забони муосири форсӣ бояд дар назар гирифта шавад. Интихоби ингуна усулномаҳо илова бар қаробати мавзӯъ ва ягонагии забон сабабҳои дигари таърихӣ ва созмонӣ ҳам дорад:

1. Ин сарчашма  дар даврони Шӯравӣ дар вақти омода кардани усул ва принсипҳои истилоҳсозии забони тоҷикӣ бо сабабҳои объективӣ (идеологӣ) ва субъективӣ (бехабарӣ ва ё таассуби беҷои  муттасадиёни ин кор) ба назар гирифта нашуда буд. Ин имтиёзест, ки асосан баъди истиқлолият насиби мутахассисон шудааст.

2. Сарнавишти забони тоҷикӣ ва форсии Эрон дар асри ХХ шабоҳатҳои зиёде бо ҳам доранд. Ҷунбиши ислоҳ кардан ва ба ниёзҳои нави ҳаёт мутобиқ сохтани забон, ҷустуҷӯи роҳи ҳалли проблемаҳои истилоҳсозии онҳо, тақрибан дар як давра шурӯъ шудааст. Масалан, фаъолияти таҳия ва танзими истилоҳоти нави забони тоҷикӣ охири солҳои бистум, дар ибтидо зери роҳбарии К.М. Алифбои нав оғоз гардид ва соли 1935 барои танзим ва суботи ин соҳа мақоми махсус – Кумитаи истилоҳот дар назди КМИ Шӯрои Комиссарони халқи Тоҷикистон таъсис гардид. Дар Эрон низ нахустин гурӯҳи истилоҳгузинӣ дар ибтидои солҳои сӣ дар Вазорати ҷанг ба кор оғоз кард ва соли 1314 (1935) Фарҳангистони Эрон таъсис гардид ва дар тӯли умри ҳафт солаи худ (1320 (1941)) 1500 луғат ва истилоҳоти нави илмӣ, фаннӣ ва фарҳангӣ дар баробари вожаҳои аврупоӣ ва арабӣ сохта ба тасвиб  расонд.

[1]

3. Сабаби бунёди ҳар ду мақом зарурати муодилсозӣ, интихоб ва ё сохтани вожаҳои муносиб ва мутобиқ ба меъёрҳои забони тоҷикӣ ва форсӣ барои вожаву истилоҳоти тозаворид аз Ғарб буд.

4. Ҳадафи ин ҳар ду мақом ҳам пешгирӣ аз бенизомӣ дар фаъолияти истилоҳсозӣ ва интихоби роҳу шеваҳои дурусти илмӣ барои инкишофи ин ришта буд.

5. Манбаи асосии ин кор, яъне забон дар ҳарду кишвар ягона буд ва усулҳои истилоҳсозӣ низ тақрибан яксон. Фарқи асосӣ дар иқтибосгирӣ буд. Дар забони тоҷикӣ истилоҳоти нав аз забони русӣ гирифта мешуданд ва дар усулномаи истилоҳгузинии забони тоҷикӣ ин манбаъ ошкоро сабт буд ва дар форсӣ онҳо аввал аз забони фаронсавӣ ва дертар асосан аз забони англисӣ иқтибос мешуданд.

6. Тафовути дигар дар имло буд. Азбаски забони тоҷикӣ дар аввал ба алифбои лотинӣ ва дертар ба алифбои кириллӣ гузашта буд, тарзи навишт ва истилоҳоти нав дар асоси имлои русӣ муқаррар гардида буд.

7. Ва ниҳоят он ки имрӯз истилоҳоти гуногун «сохти эронӣ» дар забони тоҷикӣ ба таври оддӣ дохил шуда истодаанд. Ошноӣ ва муқоисаи усул ва қоидаҳои маъмули забони форсӣ бо забони тоҷикӣ имконият медиҳад, ки дар вақти таҳияи усулҳои  нави истилоҳсозии забони тоҷикӣ аз бозёфтҳо ва таҷрибаи ҳамзабонон дар ин арса истифода гардад.

 Бинобар ин ба ақидаи мо, дар вақти таҳия ва тартиби усулномаи нави истилоҳсозии забони тоҷикӣ пеш аз ҳама имконият ва қобилияти калимасозии ин забонро ба назар гирифта, сипас онро ба бахшҳои зерин бояд тақсим кард: 1) имконоти вожасозӣ 2) манобеи истилоҳофаринӣ 3) сифат ва чигунагии истилоҳоти нав.

Имрӯз, ки мо ба ҳазорон луғату истилоҳоти нав дар заминаи фарҳангу ҳунар, муносибатҳои сиёсиву иҷтимоӣ  ва илму фан ниёз дорем, ин тавоноӣ ва имконотҳои дохилии забон бисёр мушкилоти моро метавонад ҳал кунад. Вожагон ва калимаҳо дар забони  тоҷикӣ бо рушди ҷомеа ва пешрафти иқтисоду фарҳанг доимо дар инкишоф буда ба роҳу воситаҳои гуногун сохта мешуданд. Вале дар тамоми давраҳо ва марҳилаҳои рушду инкишофи забони тоҷикӣ сохтани калимаҳо бо услуби калимасозии моделӣ, яъне сохторӣ ва истифодаи имкониятҳои дохилии калимасозӣ ва тағйири маъноӣ ва сохтории калимаҳо аз ҷараёнҳои муассири вожасозӣ дар забон будааст. 

Аз ҷиҳати пайвасти ҳиссаҳои гуногуни нутқ ва дар  асоси ин гуна пайвандшавӣ ба василаи вандҳо (пасванду пешванд ва миёнвандҳо) пайдо шудани калимаҳо ва истилоҳоти нав аз хусусиятҳои хоси забони тоҷикӣ мебошад. Аз ин рӯ, забони тоҷикӣ усулҳои муайян ва мушаххаси вожасозӣ дорад. Ин усулҳо бо мурури замон, таърихан такомул ва инкишоф ёфта, то андозае устувор ва пойдор ҳастанд, ки тайи садсолаҳо тағйир намеёбанд ва дар асоси ҳамин усулҳову қолабҳо истилоҳ ва калимаҳои нав ба вуҷуд меоянд. Ҳар як тарзи вожасозӣ нақши муҳимме дар ғаномандии таркиби луғавии забон дорад. Роҳҳои калимасозӣ ва луғатофаринӣ дар забони тоҷикӣ гуногунанд, вале мутахассисон  асосан се ё чаҳор роҳи калимасозиро асосӣ ва муҳим мешуморанд.

[2]

Ин василаҳо вожагониву наҳвӣ (лексикӣ-синтаксисӣ), сарфу наҳвӣ (морфологӣ-синтаксисӣ), сарфӣ(морфологӣ) ва вожагониву маъноӣ (лексикӣ-семантикӣ) мебошанд. Роҳи охирин, яъне вожагониву маъноӣ ба сермаъногии калимаҳо ва маъноҳои нав пайдо кардани вожаҳову истилоҳот алоқамандии қавӣ дорад.

   Дар забони тоҷикӣ каму беш ҳама ҳиссаҳои асосии нутқ, исм, феъл, сифат... метавонанд ба ҳам таркиб шуда, маъно ва мафҳумҳои тоза офаранд. Иштироки бандаки изофӣ дар таркибҳои феълӣ ва пешванду пасвандҳо дар аввалу охири калимаҳои сода ва мураккаб имконияти густариши доираи калимаҳои забонро бештар мекунанд.

Сарчашмаи асосии истилоҳофаринӣ дар ҳар забон маҷмӯаи вожагони  он аст ва вожаву истилоҳоти нав бояд дар асоси онҳо сохта шавад. Ба андешаи мо истифодаи манбаи миллӣ аз бахшҳои гуногун иборат мебошад ва онҳо дар таҳияи усулномаи нави истилоҳсозии забони тоҷикӣ ва дар фаъолияти амалӣ бояд дар назар гирифта шаванд:

- Истифодаи ҳадди аксари сарватҳои луғавии забони адабии ҳозира ва ҷалби маводи луғавии барои аксарияти мардум фаҳмо аз лаҳҷаҳо, истилоҳоти касбӣ ва ҳатто унсурҳои алоҳидаи забони гуфтугӯӣ;

- Истифодаи забони адабиёти классикӣ. Ин манбаъ дар назди истилоҳсозон чунин вазифаро мегузорад:

а) Пеш аз ҳама бояд забони осори боқимонда аз оғози шаклгирии забони форсии дарӣ аз дидгоҳи вожасозӣ таҳқиқ шавад. Яқин аст, ки дар он ганҷина вожаҳои ноб ва усулҳои нодири вожагузинии нуҳуфта ва ё ноёфта ҳанӯз бисёр аст. Забони форсии дарӣ дар он давра ҳанӯз беолоиш ва дар ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ ва зояндагӣ буд. Агар нуфузи дар бисёр маврид нолозими забони арабӣ тавассути баъзе фазлфурӯшон ва муншиёни тамаллуқкори дарбори туркони асрҳои миёна ин растохез ва боландагии ҷавониро намешикаст, шояд забони мо имрӯз дар арсаи сиёсату иҷтимоиёт, илму фарҳанг ва баёни мафҳуми онҳо дучори чунин мушкилот намешуд;

б) Ҷустуҷӯ дар девони шоирони бузурги он давра ва баъди он мисли Рӯдакӣ ва ҳамзамононаш, Фирдавсӣ, Ҷалолиддини Румӣ, Камол, Саъдӣ, Ҳофиз, Бедил ва чанд тани дигар, ки осорашон яке аз манбаъҳои асосии вожаҳо ва истилоҳоти забони форсии дарӣ ва шеваҳои калимасозии ғайричашмдошт мебошанд;

в) Мутолиа ва баррасии таркиби луғавии забони осори достонҳои омиёна, сафарномаҳо. Нависандагони ин асарҳо аз дарборҳо дур ва ба таври куллӣ аз сабку тарзҳои нигоришоти печида ба саҷъҳо ва калимаву истилоҳоти арабӣ озодтар буданд.

 г) Таҳқиқ ва таҳлили фарҳангҳо махсусан луғатномаҳои оғози фарҳангсозии забони тоҷикӣ аз нигоҳи вожагузинӣ ва истилоҳшиносӣ ва амсоли он.

      - Истифодаи забонҳои бостонии эронӣ.

   - Истифода аз захоири вожагон ва истилоҳоти навсохти ҳамзабонон. Азбаски нуфуз ва истифодаи «наввожаҳо»-и форсӣ имрӯзҳо дар ҳоли густариш аст, бинобар ин забони тоҷикӣ бояд муносибати худро ба ин вожагон  ба таври куллӣ муайян намояд. 

Имрӯз барои забоншиносони тоҷик шароит фароҳам аст, ки таҷрибаву бозёфтҳо ва захираҳои истилоҳоти забони тоҷикӣ, форсӣ ва дариро олимона таҳлилу баррасӣ карда, муносибтарин ва озмудатарини онҳоро баргузинанд.

       - Истифодаи  калимаҳои арабӣ.

Ҳадаф ин ҷо вожаҳои забони арабии муосир набуда, балки калимаҳоест, ки корбурди онҳо дар забони тоҷикӣ собиқаи тӯлонӣ доранд. Солҳои сиюми асри гузашта, чунончи пештар ишора шуд, мубориза  бо «арабизм»-ҳое, ки забони тоҷикиро «ифлос» мекунанд, оғоз гардид. Дар Эрон ҳам дар ҳамин солҳо чунин тамоил пайдо шуда буд ва гурӯҳе ба номи «порсии сара», ҳаракат мекарданд, ки вожаҳои арабӣ ва умуман тамоми калимаҳои бегонаро аз забони форсӣ хориҷ карда ба ҷойи онҳо вожаҳои «сара»-и форсӣ муқаррар намоянд. Вале гузашти замон ва инкишофи забони тоҷикӣ ва бахши истилоҳсозии он нишон дод, ки бар хилофи чунин даъвоҳо калимаҳои арабии дар забони тоҷикӣ решаҳои таърихӣ дошта то ба ҳол яке аз унсурҳои муҳимми истилоҳсозии забони тоҷикӣ мебошанд.

- Манбаи байналмилалӣ ва русиву аврупоӣ ба андешаи мо дар оянда низ аҳамияти худро гум накарда, ҳамчунон боқӣ хоҳад монд. Зеро илова бар таъсири мустақими ин забон дар ташаккули истилоҳоти нави забони тоҷикӣ, ягонагии алифбо, имло ва тарзи талаффузи луғату истилоҳоти бегона ин вобастагиро бисёр амиқ ва мустаҳкам кардааст.

Ва ниҳоят, вожа ва истилоҳоти мунтахаб  бояд дорои сифатҳои зерин бошанд:

- Дақиқӣ. Калима бояд аз ҷиҳати интиқоли маъно дуруст, илмӣ ва ба қадри имкон расо ва дақиқ бошад.

- Шаффофият. Тавре ки медонем, маъношиносон калимаҳоро аз нигоҳи маъно ба ду гурӯҳ тақсим мекунанд: шаффоф ва тира. Шаффоф калимаҳое ҳастанд, ки аз рӯи сохт ё овоз маънои онҳоро дарк ва ё тахмин кардан мумкин аст, яъне маънои онҳо дар зоҳирашон пайдост, монанди «фурӯшанда», «бофанда», «меҳмонхона», «яхшикан», «бадахлоқ» ва ғайра. Бинобар ин бояд кӯшиш кард, ки то ҷойи имкон аз ҷумлаи калимаҳои шаффоф истилоҳоти интихоб кард, то ки маънои онҳо равшан бошад ва бархӯранда аз дидан ва ё шунидани он, то андозае ба маънои калима сарфаҳм равад ва ё робитаи наздики онро бо маънои истилоҳе, ки барои баёни мафҳуми он баргузида шудааст, пай барад.

- Тасрифпазирӣ ва иштиқоқпазирӣ. Калимаҳо бояд ҳатталимкон таркибпазир бошад. Дар он сурат бо истифода аз пешоянду пасояндҳо ва ё дигар имконоти забонӣ муштақот ва таркибҳои гуногун аз он сохта мешавад ва интиқоли маъно зудтар сурат мегардад.

- Сохтори дастурӣ. Вожаҳои  баргузида бояд ҳамоҳанг ва ё созгор ба меъёрҳо ва сохтмони дастурии забон бошанд. Албатта ин чунин маъно надорад, ки истилоҳот ҳатман аз решаҳои калимаҳои «тоҷикии асил» бошанд, балки метавонад аз решаҳои забонҳои бегона ҳам гирифта шаванд. Вале албатта бояд тобеи талаботи дастури забони тоҷикӣ бошанд. Бешубҳа ҳангоми пазируфтани чунин вожаҳо бояд принсипи  зарурати қабули онҳо аз забонҳои бегона дар назар гирифта шавад.

- Кӯтоҳии калима.  Замоне ки барои мафҳумҳои баробарӣ баргузида мешавад, бояд то ҷойи имкон кӯшиш кард, ки калимаҳои интихобшуда кӯтоҳ бошанд, то ҳам суръати интиқоли мафҳумҳо қобили қабули зеҳни шунаванда ва ё хонанда бошанд ва ҳам дар сохтмон ва баёни мафҳумҳои таркибӣ ва пайвандӣ мушкилоти зиёд пеш наояд.

- Зебоӣ ва мақбулият. Зоҳиран охирин шарти пазириши як муодил зебоӣ ва мақбулияти он барои аҳли соҳа ва агар он истилоҳ вожаи иҷтимоӣ–сиёсӣ бошад барои аҳли фаъоли ҷомеа мебошад. Муодили пешниҳодӣ албатта то ҷойи имкон бояд хушсохт, хуштаркиб, хушоҳанг ва талаффузаш осон бошад.

 Бинобар ин бояд аз истилоҳоти тумтароқ, носуфта ва ҳатто дар талаффуз мушкил то ҳадди имкон дурӣ  ҷуст ва ғ.

Тавре ки мебинем, амалӣ кардани ин шартҳо сахт аст. Вале инҷост, ки тавоноӣ ва имконоти забон ва иқтидору маҳорати истилоҳсозон маълум  мешавад.

Адабиёт

1.    

Бобомуродов Ш., Муминов А. Луғати мухтасари калимасозии забони адабии тоҷик. Дастури таълим, Душанбе,1983.

Назарзода С. Такомули истилоҳоти иҷтимоиву сиёсии забони тоҷикӣ.// Маҷ. Фурӯғи дониш. № 2, 2001, с. 5-9

Назарзода С. Забон ва истилоҳот (Андешаҳо дар атрофи забони тоҷикӣ ва ташаккули истилоҳот).- Душанбе: Дониш, 2003.-148 с.

Назарзода С. Андар номи забон // Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Точикистон, шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ, № 1, 2003. – с. 30-37

Назарзода С. Забон покиза нигоҳ дор // маҷаллаи «Номаи пажӯҳишгоҳ»-и Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, №2, 2003. с. 71-84

Назарзода С. Кӯшишҳои навсозии забони адабии  тоҷикӣ // Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Точикистон, шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ, №2, 2004, с. 22-29

Назарзода С. Ташаккули истилоҳоти забони тоҷикӣ дар қарни ХХ, Душанбе: Дониш, 2004.-303 с.

Назарзода С. Истилоҳоти забони тоҷикӣ: таърих, гароиш ва дурнамо / С. Назарзода.- Душанбе, «Бухоро», 2013.-374с.

Принсипҳои асосии терминологияи забони тоҷикӣ (тартибдиҳанда Я.И. Калонтаров).- Душанбе, 1971.-62 с.

Сабзаев С. М. Забон ва услуби шоирони маорифпарвар . – Душанбе.- 1991.

Саймиддинов Д. Вожашиносии забони форсии миёна.- Душанбе. 2001.-310с.

Саймиддинов Д. Бархе аз вожаҳои куҳан дар гӯишҳои тоҷикӣ // Номаи пажӯҳишгоҳ (маҷмуаи мақолот).- Душанбе, - 2002.- № 2.- с. 5-20.

Сатторзода А. Лузуми ҳамгун сохтани истилоҳот дар забони форсӣ (дарӣ ва тоҷикӣ).- // Ахбороти АФ РСС Тоҷикистон. Серияи шарқшиносӣ, таърих, филология.- 1991. № 4.- с. 3-10.

Ҷаъфарӣ, Саид Муҳаммад. Фарҳангистон ва сарнавишти пажӯҳиш дар Ҷумҳурии Исломии Эрон// Нашри дониш, давраи 2 шумораи 3. –Теҳрон, 1361/1983. 

Истилоҳшиносӣ ва таҳияи усулҳои истилоҳсозӣ дар даврони Истиқлол

Муаллиф дар ин мақола роҷеъ ба хусусиятҳои забони коргузорӣ ҳамчун як унсури муҳими забони давлатӣ ва масъалаҳои стандарткардани истилоҳоти соҳаи коргузорӣ баҳс менамояд. Забони тоҷикӣ дар даврони истиқлол ба ҳайси забони давлатӣ ташаккул ёфта, аз маҳдудиятҳое, ки дар даврони шӯравӣ ба он гирифтор шуда буд, озод гардид. Махсусан, дар ин давра забони коргузорӣ ҳамчун яке аз бахшҳои асосӣ ва нишондиҳандаи хусусияти хоси забони давлатӣ рушд намуд ва ҳоло дар давраи ташаккулёбӣ аст. Забони миллӣ барои ба забони давлатӣ табдил ёфтан ба забони коргузорӣ робитаи зич дорад. Забони коргузорӣ як бахши муҳимми забони расмиву кории забони меъёр буда, асосан дар бахши таҳияи ҳуҷҷатҳои расмӣ истифода мешавад. Ба воситаи забони коргузорӣ далелҳо ва ҳодисаҳо ба таври объективӣ, кӯтоҳ ва равшан ифода мешавад.

Ҳамчунин муаллиф ба масъалаи ҳамгунсозӣ ва стандартсозии истилоҳоти соҳаи коргузорӣ дахл намуда, ба меъёр даровардани низоми истилоҳии соҳаи коргузориро яке аз мубрамтарин масъалаҳои забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар марҳилаи кунунии рушди он мешуморад.

Калидвожаҳо: забони тоҷикӣ, даврони истиқлол, истилоҳот, коргузорӣ, стандартсозӣ, кӯтоҳӣ, ҳуҷҷатнигорӣ.

Терминология и разработки терминообразовательных методов в период независимости

Автор в данной статье рассматривает особенности языка делопроизводства как составная часть государственного языка и вопросы стандартизации терминологии делопроизводства. Таджикский язык в годи независимости получил статус официального языка. Язык делопроизводства как один из основных его элементов в тот период находился на начальной стадии становления.

В статье рассматриваются вопросы унификации и стандартизации терминов делопроизводства как  один из важнейщих направлений государственного таджикского языка в данном периоде  его  развития.

Ключевые слова: таджикский язык, литературный язык, термин, делопроизводство, документация, унификация, стандартизация.

Terminology and works out of term formation methods in the period of independence

The author observes the features of an office language as an important element of state language and the issues of standardization of terminology of an office work in this article. During  sovereignty, the Tajik language became the Nation official language, and as one of the main elements of the state language is in the period of formation. The national language in the period of transformation into the state language is directly related to the language of an office work. The language of office work as part of the official language is used in the preparation of an official and state documents.

The author also considers the issues of alliance and standardization of terms of  an office work as one of the most important issues of the Tajik language  as the state  language in this period of its development.

Key words: Tajik language, literal language, term, an office work, documentation, unification, standardization.

Маълумот дар бораи муаллиф: Назарзода Сайфиддин доктори илмҳои филология, профессор, узви вобастаи АМИТ.

Суроға: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ21, Тел.: (+992) 985-62-44-44.

Сведение об авторе: член-корреспондент Национальной академии наук Таджикистана, доктор филологических наук, профессор Назарзода Сайфиддин.

Адрес: 734025, Республика Таджикистан, г. Душанбе, пр. Рудаки 21, Тел.: (+992) 985-62-44-44.

Information about the author: Nazarzoda Sayfidddin – National Academy of Sciences of Tajikistan, Doctor of Philological Sciences, Professor, Correspondent-Member.

Address: 734025, Republic of Tajikistan, Dushanbe, Rudaki Ave, 21, Tel.: (+992) 985-62-44-44. 

 

 


 

 

[1]

Љаъфарї, Саид Муњаммад. Фарњангистон ва сарнавишти пажўњиш дар Љумњурии Исломии Эрон// Нашри дониш, давраи 2 шумораи 3. –Тењрон, 1361/1983. –С. 9-10.

[2]

Бобомуродов Ш., Муминов А. Луѓати мухтасари калимасозии забони адабии тољик. Дастури таълим, Душанбе, 1983. –С. 4.

24.09.2021