Ибораҳои исмии изофии қолаби исму сифати аслӣ дар афсонаҳои халқии тоҷикӣ

                            Қодирова Салтанат Абдуллоевна

Ходими калони илмии шуъбаи забони Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакиии АМИТ 

     Мардум ба воситаи афсонаҳо зарурати некию накукорӣ, одамдустӣ ва саховатмандӣ, мардонагӣ ва бофаросатиро тарғиб кардаанд ва пайваста чунин ақидаро ба миён овардаанд, ки покдилӣ, далерӣ, ҳимматбаландӣ ва ҷавонмардӣ ҳусни инсон аст. Инсони комил бояд барои пойдории некию накӯкорӣ мубориза барад. Инсоне, ки ба некӣ бовар дорад ва дар ҳаққи дигарон бесабаб бад фикр карданро дар шаъни худ раво намебинад ва накӯкориро пеша мекунад, аз самараи некии худ баҳра мегирад ва хушбахт мегардад. Дар афсонаҳо мо ба бисьёр саволҳое, ки ба сари одами солимфикр омада, ӯро ба кӯи андеша раҳнамун месозад, ҷавобе дарёфтем. Ҳамин ақида бо забони шевои тоҷикӣ дар эҷодиёти шифоҳии мардум, хусусан дар афсонаҳо, хеле равшану возеҳ зуҳур меёбад. Аз ин рӯ, таҳлилу таҳқиқи забони жанрҳои гуногуни фолклорӣ алалхусус афсонаҳои тоҷикӣ, барои муайян намудани бунёди феълии қабатҳои мушаххаси забони тоҷикӣ: савтиёт, луғат, сарф, наҳв аҳамияти муҳими назарӣ, амалӣ ва илмӣ дорад.

         Мо дар ин мақола мулоҳизаҳои худро оид ба мавқеи корбурд ва хусусиятҳои наҳвии истифодаи ибораҳои исмии изофии қолаби исму сифати аслӣ дар афсонаҳои халқии тоҷикӣ баён хоҳем намуд.

       Оид ба ибораҳои исмии изофӣ, хоса (қолаби исму сифат) дар забоншиносии тоҷикӣ баъзе қайду ишораҳои мухтасар ба чашм расад ҳам, онҳо дар асоси маводи забони адабӣ, саҳеҳтараш насри бадеии тоҷикӣ таълиф шудаанд. Мутаассифона, то имрӯз дар забоншиносии тоҷик на танҳо масъалаҳои мушаххаси наҳви тоҷикӣ дар асоси афсонаҳои тоҷикӣ баррасӣ нашудааст, балки дар бораи сохти наҳвиёти афсонаҳо, ки яке аз жанрҳои маъмул ва машҳури эҷодиёти шифоҳии мардуми мо маҳсуб меёбад, таълифоте сурат нагирифтааст.

         Дар забоншиносии тоҷик доир ба ибораҳои изофии исму сифати аслӣ дар бархе аз асару мақолаҳо маълумот ироа шудааст. Чунончи, дар таълифоти Д. Т. Тоҷиев. «Тарзҳои алоқаи муайянкунанда бо муайян-шаванда дар забони адабии ҳозираи тоҷик» (1955, 3, 50), А. Халилов «Ибораҳои изофӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷик» (1964, 30, 37), М. Қосимова «Мухтасар оид ба ибораҳои изофии номӣ» (1967, 2, 3, 4), С. Абдураҳимов «Ибораҳои исмии забони адабии ҳозираи тоҷик» (1973), А. Мирзоев «Ибораҳои синтаксисии забони адабии ҳозираи тоҷик», (Мактаби советӣ. 1969, №4. 54 - 60), «Масъалаҳои ибора дар забони тоҷикӣ» (Душанбе: Деваштич 2002, 308) ва ғайра.

Бо мақсади саҳму арзиши ибораҳои исмии изофии қолаби исму сифати аслиро дар сохти наҳвиёти афсонаҳои халқии тоҷикӣ нишон додан 53 афсонаро аз китоби «Афсонаҳои халқии тоҷикӣ». (Нашриёти давлатии Тоҷикистон. Сталинобод 1957) аз назар гузаронидем.

         Аз маводи дарихтиёрдошта, мо аз китоби афсонаҳои халқиии тоҷикӣ 73 ибораи изофии исму сифати аслиро пайдо намуда мавриди пажӯҳиш қарор додем.

I. Ибораҳои исмии изофии қолаби исму сифати аслӣ

Сифатҳои дараҷаи олӣ ва оддӣ ба исм ғайр аз изофат бо роҳи алоқаи ҳамроҳӣ низ тобеъ мешаванд, вале ҷузъҳои ибораҳои қолаби исму симфат бештар ба тавассути бандаки изофӣ алоқаманд мешаванд. Хусусан сифатҳои дараҷаи муқоисавӣ танҳо ба воситаи бандаки изофӣ ба исм тобеъ гардида, муносибати атрибутиро бо тобишҳои гуногуни ранг, ҳаҷм, ҳолат, аломати физикӣ ва масоҳавӣ, хосияти зоҳирӣ ва ботинӣ мефаҳмонанд. Гуногунмаъноии ибора ба гуногунии маънои луғавии ҷузъҳои он вобаста аст.

Маъноҳои гуногунро ифода намудани ибораҳои исмӣ нишон медиҳад, ки дар афсонаҳои халқии тоҷикӣ ибораҳои исмии бо сифат вобаста ба ҷузъҳо хеле сермаъно мебошанд.  Аз ин лиҳоз ибораҳоро аз рӯи маъноҳояшон ба гурӯҳҳо ҷудо намуда аз назар мегузаронем.

Сифати аслӣ ҳамчун ҷузъи тобеи ибора ба ҳамаи гурӯҳҳои исмҳо алоқаи грамматикӣ баста муносибати атрибутивиро бо тобишҳои гуногун мефаҳмонад:

а) аз ҷиҳати аломати зоҳирӣ; б) аз ҷиҳати хислати ботинӣ; в) аз ҷиҳати ҳолат; г) аз ҷиҳати хислат; ғ) аз ҷиҳати ҳаҷму андоза.

Гуногунмаъноии ибора ба гуногунии ҷузъҳои он пеш аз ҳама ба калимаи асосӣ «исм» вобаста аст. Мисол: Сифати аслии «калон» - ро аз назар мегӯзаронем. Чуноне ки маълум аст ин сифат ба вожаи хурд зидмаъно аст. Агар мо сифати «калон» - ро алоқамандона бо исмҳо маънидод кунем, маъноҳои гуногунро ифода менамояд, ки он маънои иборагии калима ба ҳисоб меравад:

1. Ибораҳои исмӣ бо сифати аслии «калон» ҳаҷм ва андозаи ашёро нишон медиҳад. Калимаи асосии ин хел ибораҳо исмҳои ҷондор - номи ҳайвон, парандаҳо, хазандаҳо, исмҳои беҷон - санг, кӯҳ, роҳ, навдаи дарахт, дег, арғамчин ва ғайра ҷузъи тобеъ сифатҳои аслии «калон» ифодакунандаи ҳаҷм мебошанд. Мисол: Ҳамин вақт паҳлавон дид, ки як парандаи калон бо нӯлаш шутуреро бардошта, парида омада истодааст (128).

Сифати аслии «калон» чун ҷузъи эзоҳдиҳандаи ибораҳои исмии изофӣ дар афсонаҳои халқии тоҷикӣ серистифода буда бештар ҳаҷмро ифода менамояд: Як марди соддадили кӯҳистонӣ аз бозори шаҳр деги калон мехарад (486). … ба пеши онҳо як тағораи калон лаб-лаб оби софи хунук бароварда монд (478). Дарахте, ки Ҳамдам бори аввал ба канор баромада, дар таҳти он истироҳат карда буд, акнун дар байни боғи калон воқеъ шуда, ғарқи баргу мева гардида буд (255). Писар нисфишабӣ омада, хоҳарашро ба асп бор карда, ба болои кӯҳи калон гирифта бурду куштанӣ шуд … (416). Рафта дар мобайни як роҳи калон мурда барин дароз кашида хобид (67). Ҳамсоя зуд ду- се касро даъват намуда, гӯсфанд кушта дегҳои калонро монда ош кардан гирифт (426). Девонаҳо як арғамчини калон оварда ба пои маҳмадонояшон бастанд (401). Подшоҳ ҳайрон шуд, ҷуволчаро кушода дид, ки як санги калон (395). Девона як шохи дарахтро шикаста покиза кард, як калтаки калон шуд (391).Вале роҳи ҳавлии ӯро палангҳои бадҳайбат посбонӣ мекунанд ва дар даромадгоҳи ҳавлиаш аждаҳои калон хобидааст (217).

Берун аз ин шаклҳои синтаксисӣ доираи сермаъноии калимаи мазкур тангтар мегардад, аз ин рӯ дар таркиби чунин қолабҳои муайянкунандагӣ омӯзиши ин ҳодисаи забонӣ бамаврид мебошад (1; 24, 7).

Чуноне ки дар боло қайд намудем сифати аслии «калон» чун ҷузъи эзоҳдиҳандаи ибораҳои исмии изофӣ дар афсонаҳои халқии тоҷикӣ сервазифа аст. Инчунин баъзан дар ибораҳо хусусияти такрор шуда омаданро низ дорад. Мисол: Ман хамир мекунаму то дами субҳ ду нони калон-калон мепазам. Сифати аслии «калон-калон» калонҳаҷмии нонро таъкид мекунад. Ибораҳои исмии изофӣ бо сифати «калон» маъноҳои дигарро низ ифода намудаанд, ки онҳо аз маънои аслии он сар задаанд. Маҳз табиати шеваҳо имкони сермаъно гаштани калимаи «калон»-ро фароҳам овардааст, ки дар натиҷа, он муродифоти зиёде пайдо кардааст. 2. Сифати аслии «калон» дар афсонаҳои тоҷикӣ вобаста ба маъноҳои луғавии ҷузъи асосии ибораҳо маъноҳои  гуногунро низ ифода менамояд: Дар ин ибораҳо сифати аслии «калон» бо исмҳои савдогар, истеъдод тобеъ гашта маънои маҷозӣ пайдо намуда, ифодагари мартаба ва мавқеи шахс дар ҷамъият мебошад. Мисол: Ман зани савдогари калон (одами обруманди мансабдори пулдор (С. Қ)) ҳастам (359). Писари подачӣ ба хондан шавқу мароқи зиёд, зеҳни нағз ва истеъдоди калон (истеъдоде, ки Худо ба одам додааст С. Қ)) зоҳир мекард (273).

3.Ибораҳои исмии изофӣ бо сифати аслии «калон» маъноҳои дигарро низ ифода намудаанд, ки онҳо аз маънои аслии он сар мезанад. Табиати гӯйиши афсонаҳои тоҷикӣ сермаъно гаштани калимаи «калон»-ро фароҳам овардааст, ки дар натиҷа чун муродифи синтаксисӣ ба ҷойи калимаҳо зиёд истифода мегардад: Баъзан маънои «калон» дар ибора мушаххас намегардад, тобиши маъноии он дар ҷӯмла ва матн равшан мегардад. Мисол: Подшоҳ аз писардор шуданаш шод гашта, ба ин муносибат зиёфати калон (зиёфати пурдабдаба (С. Қ)) барпо кард (296). Сифатҳои аслии ифодакунандаи аломат бо ашёҳои мушаххас омада таъмро ифода кардаанд: Рузе вай дар беша як дарахти хушки арчаро афтонда, майда карда истода буд, ки аз куҷое як Хирси калон пайдо шуда, ба пешаш омад (77). Занак пешвоз баромад дид, ки шавҳараш бо як хирси бадҳайбат омада истодааст (78). Афандӣ ба балоғат расида, зан гирифтанӣ шуд ва тӯйи калоне (тӯйи пурдадаба (С. Қ)) дод (493). Қозӣ туйи калон сар кард (389).

Ибораҳое, ки аз исмҳои маънӣ ва ҳолат ба монанди «қаноатманд», «музаффарият», «воҳима» ва сифати аслии «калон» ташкил ёфтаанд муносибати гӯяндаро ба ирода ва ҳиссиёти худи ӯ ифода мекунанд. Ин ибораҳо аксар вақт дар забони гуфтугӯ, инчунин дар забони персонажҳои асари бадеӣ истифода мешаванд. Ҳамчунин дар афсонаҳои тоҷикӣ низ истифода мешавад: - Оре, ту дили бузург дорӣ, дар он муҳаббати калон ҷӯш мезанад, вале баъзе чизҳоро фаромӯш мекунӣ (240).

Сифати аслии «калон» ҳам дар забони гуфтугӯ ва ҳам дар забони матбуот баъзан нодуруст истифода мешавад (1; 53).

Ба андешаҳои Абдураҳимов мувофиқ ҳастам, чунки дар забони гуфтугӯ ва матбуот баъзан сифати аслии «калон» нодуруст истифода мешавад. Мисол: ибораи «раҳмати калон», ки дар натиҷаи тарҷумаи таҳтуллафзии ибораи русии «большое спасибо» пайдо шудааст дар забони матбуот ва ҳам дар забони гуфтугӯӣ бемавқеъ истифода мешавад.

Ба сермаъно гаштани калимаи «калон» дар ибора пеш аз ҳама иҳотаи синтаксисӣ сабаб гаштааст. «Маълум аст, ки калима маъмулан дар худ маъноҳои гуногун ва бо ҳам алоқамандро ифода мекунад. Бисёре аз ин маъноҳо сохт ва сабаби синтаксисӣ ҳисобида мешавад» (1; 97, 212).

4. Дар афсонаҳои тоҷикӣ сифати аслии «калон» вобаста ба ҷӯзъи тобеъкунанда маънои миқдору дараҷаро низ ифода мекунад. Мисол: Дуздон он гилемро дар бозор ба пули калон (пули бисёр (С. Қ)) фурухтанд (362). – Дар қаср як устои овозадор ҳаст, вай ба ин гилем баҳои калон (баҳои баланд) монда медиҳад (363). – Ман ба шумоён фоидаи калон (манфиати бисёр) мерасонам (362).

Бо дарназардошти он ки дар забони тоҷикӣ ибораҳои исмии бо сифат вобаста ба ҷузъҳо хеле сермаъно мебошанд, тасмим гирифтем, ки ин ибораҳоро аз рӯи маъноҳояшон ба гурӯҳҳо ҷудо намуда, таҳлил намоем:

1.Ибораҳое, ки аломати зоҳирии ашёро нишон медиҳанд

Ибораҳои исмӣ бо сифати аслӣ, ки ҷузъҳо ба воситаи изофат алоқаманд гаштаанд, дар афсонаҳои халқии тоҷикӣ муносибати муайянкунандагӣ (атрибутӣ)-ро бо тобишҳои зиёди маъноӣ ифода месозанд, мисол:Ҷузъи асосии ибора исми шахс, калимаи эзоҳдиҳанда сифати аслии ифодакунандаи ранг буда, дар ин навъи ибораҳо аломати зоҳирии шахс ифода ёфтааст. Мисол: Ман духтарамро ба ғуломи сиёҳ дода наметавонам, бинобар ин ҷазо додани ӯро амр мекунам (247)!

Ибораҳои исму сифатро аз рӯйи тобишҳои нозуки маъноӣ наметавон бо дигар навъи ибораҳои исмӣ қиёс кард, зеро «аломатҳои хоси он одатан дар дохили ибора равшан зоҳир мегардад» (1; 29.132).

Ибораҳое, ки ҷузъи асосиашон исми шахс, хос ва ҷузъи тобеашон сифати аслии ифодакунандаи аломати хоси инсон аст бо семантикаи худ чунончӣ, дар ибораҳои Зуҳрои нозанин, Ширини нозанин, духтари нозанин, марди хушсурат, сифатҳо ифодагари симои зоҳирии исм (шахс) мебошанд. Мисол: – Аз кӣ мегӯӣ? Аз худи Зуҳрои нозанин шунидаам (240). Ширини нозанин бо ҳамроҳии падару модари солхӯрдаи худ дар қалъаи бошукӯҳи мустаҳкаме истиқомат доштааст (269). Як вақт дид, ки як духтари нозанин аз сандуқ баромад (109). Духтараки нозанин зарду хароб гардида хазон шуд (111). Эраҷ бодиққат ба он шахс нигоҳ кард: вай як марди хушсурат ва баландқомат буд (148).

Бо ҳамин маъно дар афсонаҳо боз ибораҳои исму сифат дар саҳифаҳои 58, 98, 109, 151, 175, 176, 180, 181, 185, 209, 212, 218, 230, 236, 239, 257, 259, 275, 295, 316, 323, 369, 416 корбаст шудаанд.

– Ту саги кистӣ? – пурсид Гург аз Саги сафед (29). Ибораи «Саги сафед» аломати зоҳирии ҳайвонро нишон медиҳад, «саг» исм, ҷузъи асосии ибора, «сафед» сифати аслие, ки аломати зоҳирии вожаи асосиро нишон медиҳад. – Ман саги як кулол, – ҷавоб дод Саги зард (29). Калимаи асосии ибораи «Саги зард», «Саг» исм, ҷузъи тобеъ «зард» сифати аслии нишондиҳандаи аломати зоҳирии калимаи асосӣ. Рӯбоҳ мазаи ҳаловатбахши думбаро тасаввур намуда, ба худ як қувваи иловагие ҳис намуду беихтиёр аз ҷояш хеста нигоҳ кард, ки дар ҳақиқат дар таги чоҳ як думбаи сап - сафеди калон намудор аст (72).

Дар афсонаҳои халқии тоҷикӣ ибораҳое, ки ҷузъи асосиашон исмҳои ғайришахси ҷондор ва ҷузъи тобеашон сифатҳои аслии нишондиҳандаи аломати зоҳирии ҳайвон аст хеле фаровон қолаббандӣ шудааст: саги устухондор, гови пир, гови ҷавонтар, хари бедум ва ғайра.

Саги устухондор бо тамоми қувваташ давида, худро ба тарафи дарё заду аз купрук гузашта истода назараш ба об афтода монд (11). Ибораи «саги устухондор» аломати зоҳирии ҳайвонро нишон медиҳад, «саг» ҷузъи асосӣ, исми ҷондор, ҳайвон, «устухондор» ҷузъи тоеъ сифати аслӣ нишондиҳандаи аломати зоҳирӣ.

– Ман мехоҳам, ки аз ҳамин ду гови пир яктоашро фурӯхта ба ҷояш як гови ҷавонтар харам (394). Ду ибораи исму сифат дар ҷумла корбаст шудааст. Ибораҳо вобаста ба ҷузъи тобеъ-сифат ба ҳамдигар муқобил-маъно буда ҷиҳати аломати зоҳирии ҳайвонро нишон медиҳанд.

Айнан бо ҳамин маъно чунин ибораҳои исму сифат дар саҳифаҳои 21, 35, 37, 90, 55, 59, 155, 170, 192, 203, 216, 260, 317, 350, 423, 427, 488, 506, 521 корбаст шудааст.

Дар афсонаҳои халқии тоҷикӣ барои ифодаи аломати хоси ҳайвонот сифатҳои аслии хоса маъмуланд: Бегоҳӣ бузаки ҷингилапо аз чарогоҳ омад (59)

Дар гӯйиши афсонаҳои халқии тоҷикӣ барои ифодаи аломати хоси парандаҳо сифатҳои аслии хоса маъмуланд: зоғи ало, кабки ҳилол, мурғи марҷон ва ғайра.

Вай ба пеши Зоғи ало рафта, бо ғамгинӣ арз кард (66): Ҳафтдодарон ҳамеша ба шикор рафта, дар байни кӯҳҳои баланд гашта, оҳу, кабки ҳилол, ҳайвонҳои ваҳширо зада меоварданд (106). Бача ҳайрон шуда, ба таги сандуқча нигоҳ кард, ки дар ҳақиқат як мурғи заррин хобидааст (118).   

Ҷузъи асосии ибора исмҳои конкрет ва калимаҳои эзоҳдиҳанда сифатҳои аслии ифодакунандаи ранг буда, дар ин навъи ибораҳо аломати ашё ифода ёфтааст: Ях об шудааст, дар лаби ҷӯй сабза дамидааст, гулҳои зард рӯида, райҳону занҷабил баромадааст(105).

Бо исмҳои маънӣ пеш аз калимаи асосӣ омадани ҷузъи тобеи бо сифат ташкилёфта барои афсонаҳои халқии тоҷикӣ хос мебошад. Ин навъи тарҳбандии ибораҳои исмӣ, махсусан дар гӯйиши афсонаҳои тоҷикӣ доираи васеи истеъмол дошта, бо исмҳои шахсу ғайришахс ва мушаххас алоқамандшавии сифатҳои аслӣ маъмул аст:  – Дар як лаҳза қаҳру кинаи Аваз, монанди сиёҳии шаб аз фурӯзон шудани чароғ гум шуда, ҷои онро нисбат ба чунин духтар меҳру шафқати фораму гуворо фаро гирифт.

Дар афсонаҳои тоҷикӣ дар қолабҳои «сиёҳии шаб», «шаби  сиёҳ», «тафси ҷубор», «ҷигари тафсон» омадани ибораҳои исму сифат маъмултар мебошад.

арчанд муайянкунандаҳои препозитивӣ дар забони адабӣ мустаъмал бошанд ҳам, вале ин ҳодиса дар гуфтугӯ ва гӯйишҳо бештар истеъмол мешавад.

Ҷузъи асосии ибора исми ҷондор ва калимаи эзоҳдиҳанда сифати аслии ифодакунандаи ранг бошад, дар ибора аломати предмет ифода меёбад: Диданд, ки мушаки хокистарранг аз даруни хонааш ба сару фукаш хок бароварда партофта истодааст (283).

Сифат дар ибора ба ғайр аз маънои асосии худ вобаста ба семантикаи исмҳо маъноҳои маҷозӣ зоҳир менамоянд. Мисол: Вожаи асосии ибораҳои аслӣ исмҳои ҷондор ва ҷузъи тобеъ сифати аслӣ буда, дар ин ибора аломати зоҳирии ҷузъи асосӣ ифода мегардад: Чанд шабу чанд рӯз роҳ рафта ба манзили деви сесара мерасад (98).

ҳои аслии ифодакунандаи ранг дар афсонаҳои тоҷикӣ метавонанд бо исмҳои маънӣ аломати ашёро нишон диҳанд: – Акаи Зоғ, ба сари ман кайҳо боз як рӯзи сиёҳ афтидааст (66). Ҷузъи асосии ибора исмҳои конкрет ва калимаи эзоҳдиҳанда сифатҳои аслии ифодакунандаи ранг буда, дар ин навъи ибораҳо аломати ашё ифода ёфтааст: Ҳалим – Паҳлавон гушнаву ташнаю маҷрӯҳ дар дами марг хобида буд, ки ногаҳон дар осмони соф абри сиёҳе пайдо шуду як пораи он канда шуда, ба пеши ӯ омада афтод (126). Музаффар берун баромада, боғҳои сабз, осмони кабуд, обҳои равонро дида зор-зор гиря кард, ки ҳамин қадар илмҳоро аз худ карда, дар бораи олами равшану зинда чизе намедонистааст (198). Рушноии зардчатоби рӯзро тумани нуқраранг иваз кард (249).

ҳои аслии ифодакунандаи аломат бо ашёҳои мушаххасмаъно омада таъмро ифода кардаанд: – Ана нишаллои ширин, ҳар кас, ки хӯрад ҳузуру ҳаловат мекунад, ин хел нишаллои балаззат дар Самарқанду Бухоро ҳам ёфт намешавад (489). Зани бозургон меҳмонро обу зиёфат кард, оши балаззате пухта оварда, ба пешаш монд (407). Дар ҳар дег хӯроки бамазза тайёр шуда истодааст (86). – Хайр, акнун мо палави болаззатро аз дасти кӣ мехӯрем? (450)

Барои ифодаи аломат сифатҳои аслии «тоза», «сахт», «пуршиддат» дар афсонаҳои тоҷикӣ серистеъмол буда, шаклҳои бо ин калимаҳо ташкилёфта маъноҳои якрангро ифода мекунанд: Ҳавои тоза (357). Вақте ки вай ба болои ағба мебарояд, шамоли сахте мехезад, раъду барқ ба амал омада, бошиддат борон меборад ва жола мезанад (487). Шамоли пуршиддат сабзаҳои заминро ба замин пахш карда мешикаст, дарҳои хонаҳоро пора мекард (287). Баъди ҳар як тӯфони сахт вай се рӯз бемадор шуда мехобад (287).

 2.Ибораҳои ифодакунандаи хислати ботинӣ

Дар афсонаҳои халқии тоҷикӣ бештар ибораҳое мавриди истифода қарор гирифтааст, ки ҷузъи асосӣ бо исмҳои шахс, ҷондор ва ҷузъи тобеъашон бо сифати аслии оқила, нодон, зирак, қобилакак, доно, фиребгар ва ғайра ифода ёфта, хислати ботинии шахсро ифода менамоянд. Мисол: – Зоғ гуфт, ки «зани оқила, марди нодонро оқил карда метавонад» – ҷавоб дод вазир (405).

Ибораҳои исму сифат бо сифати аслӣ, ки ифодагари маънои хислатҳои ботинии одамон мебошанд, инчунин дар саҳифаҳои 98, 101, 104, 112, 119, 121, 127, 134, 141, 179, 196, 223, 233, 238, 240, 249, 255, 268, 280, 283, 284, 285, 309, 313, 316, 372, 394, 404, 406, 418, 424, 428, 453, 462, 464, 477, 481, 482, 502, 506 мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Маводи гирдовардаи мо нишон медиҳад, ки ибораи исмӣ бо сифатҳои аслӣ нишондиҳандаи хислати ботинии вожаи асосӣ дар афсонаҳо хеле фаровон истифода гардидаанд: – Қуд-қуд-қуд, уй Рӯбоҳи маккор, асо ба даст гирифтаӣ, худро ба пирӣ задаӣ, мехоҳӣ, ҷондоракеро фиреб карда хӯрӣ (12)! – Эй Фили бераҳм, хонаамро вайрон, бачаҳоямро нобуд кардӣ (19)!

Саги чашмгурусна дар рӯи дарёи тез бо азоб шино карда истода, фаҳмид, ки фиреб хӯрда, «аз ин монда ва аз он ронда» шудааст» (11). Бо ҳамин Сангпушт ва Мӯрча аз Рӯбоҳи ҳилагар халос шуда ҳосили арзанро дар байни худ тақсим карда гирифтанду тамоми зимистон аз хӯрокворӣ таъмин гардиданд (35). Ба гӯшаш овози мавзуни зане расид (170).

Ба ҳамин монанд ибораҳо боз дар саҳифаҳои 30, 39, 50, 54, 55, 90, 230, 321, 497 ба назар мерасанд.

Ҷузъи асосӣ бо исмҳои ҷондор ва ҷузъи тобеи ибора бо сифати аслии ифодакунандаи хислату хусусияти парандаҳо ифода ёфта, хусусият ва хислати ботинии парандаҳоро ифода менамояд: Саъба бо чашми пуробу бо дили кабоб ба назди ошнои худ Зоғи доно рафт (19). Мурғи зирак душманро дида, доду фарёдкунон ба шохи дарахт парида шишт (25). Буд – набуд як Симаки қобилакак буд (66). Пасванди «акак» дар афсонаҳои халқии тоҷикӣ хело фаровон истифода шудааст. Нақши пасванди «акак» дар афсонаҳо ниҳоят бузург аст. Барои муъҷазбаёнӣ ва ҷаззобнокии гӯйиш гӯянда ин пасвандро мавриди истифода қарор м12едиҳад.

Аз омӯзиши ибораҳои исмӣ бармеояд, ки гуногунқолабандӣ гардидани ибора дар лаҳҷа зиёдтар мебошад ва ин аз мавқеъ доштани навгониҳо дар он дарак медиҳад. Вобаста ба ҳолату руҳияи сухангӯ фикр дар шаклҳои гуногун намоён мегардад. Ибора масолеҳи сохтмонии воҳиди ифодагари фикр – ҷумла, мебошад ва дар дохили он гуногун намоён мегардад. Золотова Г. А. вазифаи ибораро дуруст муайян кардааст: ибора фақат тавассути ҷумла ба системаи робитаи забон дохил мешавад» (1;  41. 66).

Маводи гирдовардаамон нишон медиҳад, ки муайянкунандаҳои тавсифии аз такрори ҳиҷои аввали калима ва илова кардани овозҳои п.р сохташудаи бо алоқаи изофӣ ба исм тобеъшаванда низ ибораро ташкил медиҳанд. Ин навъи муайянкунандаҳо асосан хоси шеваи шимоли забони тоҷикӣ мебошанд. Дар афсонаҳои тоҷикӣ низ ин навъи муайян-кунандаҳои тавсифӣ маъмуланд: Гунҷишкаки чир-чирӣ, чир-чир то миён (385).

3.Ибораҳои ифодакунандаи ҳолат

Сифатҳои аслӣ дар ибораҳои исмӣ ҳолати ашёро низ ифода кардаанд: Ҷузъи асосии ибораҳои исмӣ исмҳои ҷондор ва ҷузъи тобеъ сифатҳои аслӣ буда, дар ин ибораҳо ҳолати ҷузъи асосӣ ифода мегардад, мисол: Як марди соддадил рӯзи тирамоҳ дар саҳро алафи хушк ҷамъ намуда, ба болои гов бор карда маҳкам мебандаду ба ҳавлиаш рафтанӣ мешавад (488). «Ой мушаки бечора – фикр кардам, – агар ягонта халта медошт, ин хел азоб намекашид» (283). Симурғ дар роҳ мори мурдагӣ ва дар таги чинор паҳлавонро дида гуфт (128). Рӯбоҳ бо шиками гушна ба хонааш омад (11). Инчунин ибораҳои исму сифатеро дар афсонаҳои халқии тоҷикӣ мушоҳида намудем, ки маънои духӯрагӣ дорад: Духтари бечора кӯдакро ба оғӯшаш гирифта шабро, гоҳ бехуду гоҳ бахуд бо нолаву фиғон рӯз кард (413). Ибораи «духтари бечора» маънои ҳолати инсонро ифода мекунад: Вожаи асосии ибора «духтар» исми шахс, ҷузъи тобеъ «бечора» сифати аслӣ нишондиҳандаи ҳолати шахс. Ибораҳо дар баъзе мавридҳо метавонанд дар афсонаҳо бо алоқаи ҳамроҳӣ биёянд: духтари бечора = бечора духтар, умри ғулом = ғулома умраш.

Инчунин ибораҳои исмӣ бо сифати аслӣ дар афсонаҳо метавонанд ҳолати вожаи асосиро нишон диҳанд: Эй Гурги нолон (24). Бо ҳамин қолаб ибораҳоро бештар дар порчаҳои назмие, ки дар афсонаҳо истифода шудаанд рӯ ба рӯ шудем.

Бештар дар шакли баръакс, пеш аз ҷузъи асосӣ омадани ҷузъи тобеи ибораҳои бо сифат, ки аломати шахсро ифода мекунанд барои афсонаҳои тоҷикӣ хос аст: Балки ба камбағалтарин мард зан шуда, ӯро осудаҳолу хушбахт мекунам (337)! 

Барои аломати хоси шахсро ифода сохтан дар гӯйиши афсонаҳои тоҷикӣ калимаҳои хоси шева фаровон истеъмол мегардад, ки дар натиҷа мақсаду мароми гӯянда равшану возеҳ баён мегардад: «сағираи бепадар», «паҳлавони Салим».

Муайянкунандаҳои пешмавқеъ бо тобиши маъно аз ҳолати пасмавқе фарқ доранд. Дар ин навъ ибораҳо ҷузъи тобеъ, ки бо сифат ифода ёфтааст, аломати муайяншавандаро бо тобишҳои маъноии предметӣ эзоҳ медиҳад. Ин тарзи алоқамандшавии муайяншаванда бо муайянкунанда дар забони адабӣ ва дар бархе аз лаҳҷаҳо низ мустаъмал буда, омӯзиши ин масъала аз мадди назари муҳаққиқони забоншинос дур намондааст. Пеш аз ҷузъи асосӣ омадани калимаи тобеъ вазифаи услубӣ дошта, дар натиҷаи ин тарзи иборасозӣ мақсади сухангӯ пурра ифода меёбад.

Дар афсонаҳои тоҷикӣ дар қолабҳои «духтари бечора» ва «бечора духтар» омадани ибораҳои исму сифат маъмултар мебошад.

Ҳарчанд муайянкунандаҳои препозитивӣ дар забони адабӣ мустаъмал бошанд ҳам, вале ин ҳодиса дар гуфтугӯ ва гӯишҳо бештар истеъмол мешавад. Ғаффоров Р. хосияти сирф шевагӣ доштани ин тарзи ифодаро қайд кардааст (4. 320). Камолиддинов Б. дар адабиёти бадеӣ низ зиёд истифода шудани ин навъи ибораҳоро зикр намудааст (5; 132). Дар ин ибораҳо, ки тарзи субъективии тартиби калима истифда мешавад ва дар натиҷа ибора тобиши нави маъноиро касб менамояд, зарурати ифодаи грамматикӣ мушоҳида мегардад (1; 22, 24, 56, 37, 59, 21). Барои талаботи ифодаи фикр аз қолабҳои гуногуни забонӣ истифода бурда мешавад (1; 118), ки ҳар як шакли синтаксисӣ маънои забониеро бар дӯш дорад. Гуногун қолаббандӣ гардидани ибораро дар забони адабии муосири тоҷик забоншиносон нишон додаанд. Аз ҷумла Мирзоев А. ин ҳодисаро чунин ба қалам додаст: «Қолаби алоқаи синтаксисии ибора дар забони адабии тоҷик бисёр маҳдуд, аммо шакли зоҳир шудани ин қолабҳо дар нутқ ва дар матн беҳисоб аст» (8; 38).

Аз омӯзиш ва таҳлили ибораҳои исмӣ бармеояд, ки гуногун-қолаббандӣ гардидани ибора дар афсонаҳои тоҷикӣ зиёдтар мебошад ва ин аз мавқеъ доштани навгониҳо дар он дарак медиҳад. Вобаста ба ҳолату рӯҳияи сухану фикр дар шаклҳои гуногун намоён мегардад. Инчунин ибораҳои исму сифат дар афсонаҳо муносибати синусолиро ифода мекунанд, ки дар ин маврид одатан калимаи асосии ибораро исмҳои шахс ташкил медиҳанд: Рӯзе бародари калонӣ пеш-пеш миёна аз ақиби ӯ ва хурдӣ аз паси миёна ба як саҳро расиданд (308).

Ибораҳои исму сифат, ки маънои дороиро ифода мекунанд: Духтар аз ин гапҳо пай бурдааст, ки ҳеҷ гоҳ падару модараш ӯро ба ятим нахоҳанд дод, онҳо дар ҷустуҷӯи ягон домоди хушпул мебошанд, ки ӯро бо баҳои тамом ба вай фурӯшанд (374).

Бо маънои дороӣ ибораҳо дар саҳифаҳои 42, 59, 137, 152, 186, 246, 251, 289, 312, 315, 316, 320, 324, 326, 336, 350, 363, 469 мавриди истифода қарор гирифтаанд.

– Эй меҳмони мӯътабар, шумо кистед? (40). Ба ин маънӣ танҳо як ибора дарёфт намудем.

Дар афсонаҳои тоҷикӣ ибораҳо метавонанд ба воситаи бандаки изофӣ муносибати атрибутивиро ифода карда ва бо сифатҳои дараҷаи олӣ бо роҳи алоқаи ҳамроҳӣ ба исм тобеъ шуда ибора ташкил кунанд: «пирамарди камбағал» (исм+и+сифат), «камбағалтарин пирамард» (сифат+суф+исм) ҷузъи эзоҳдиҳанда барои таъкид пеш аз калимаи асосӣ омадааст, ки ин қабил ибораҳо бештар дар матбуот, лаҳҷаву забони гуфтугӯӣ истифода мешавад (307), «духтари камбағал» (исм+и+сифат) (40), «хонаи камбағал» (исм+и+сифат) (380), «ҷавони камбағал» (исм+и+сифат) (165), «одами камбағал» (исм+и+сифат) (358), «писари камбағал» (исм+и+сифат) (120), «марди камбағал» (исм+и+сифат) (119) ва ғайра.

ҳои аслӣ бо алоқаи изофӣ ба исмҳои мушаххасмаъно тобеъ шуда ҳароратро ифода кардаанд: Акааш бедор шуд, ки кулчаҳои гарм тайёр, тушбера тайёр (108). Нонҳои гарм хунук шуданд, ош ланҷ шуда рафт, ҳамсоя маҷбур шуд, ки ба болои бом баромада фарёд кунад (426).

4.Ибораҳои ифодакунандаи хислат ва хусусият

Дар афсонаҳои халқии тоҷикӣ бештар ибораҳое мавриди истифода қарор гирифтааст, ки ба вазифаи ҷузъи асосӣ исмҳои маънии аз қабили «суҳбат», «муҳаббат», «овоз» ва ғайра, ҷузъи тобеъ бо сифатҳои маънои маҷозӣ доштаи навъи «наздик», «паст» инчунин бо сифати аслии ифода-кунандаи хислату хусусияти одамон ифода ёфта, хусусият ва хислати ашё ё шахсро ифода менамоянд. Мисол: Як рӯз яке аз дӯстони наздики табиб ба ӯ мегӯяд (101). Духтари зирак аз воқеа пай бурда, то нисфи шаб нахобида бо писари табиб сӯҳбати самимона мекунад, ҳикояю афсона мегӯяд (101). Баъд аз ин модар ҳар рӯз ба ин ҷо баромада, ин дарахтони ғалатиро бо муҳаббати самимона тамошокунон ба онҳо дуру дароз чашм медӯхт (112). Ногаҳон ба гӯши ӯ овози форами ду ҷонвар расид (141): - Ин ҷавони кӯтоҳфикр ҳам ба кофтукови мо омадааст (141). Тӯтиҳо бисёр ҳикояҳои ширин мегӯянд, гӯш карда кайф мекунӣ (141). Бача боз оби дидаи шашқатори хоҳараки ягонаашро дида, раҳмаш омада ба ҷӯстуҷӯи тӯтиҳои сухангӯй барома рафт (141). Пиразан аз духтарак минатдор шуда, ба ивази ёриаш ба ӯ хурмачаи шӯълапаз бахшид (223). Тоҳир аз шунидани чунин гапҳои дилсахтонаи подшоҳ дар ғазаб шуда гӯфт (238): Рафта, ба духтарам гӯед, ки Тоҳир ба майли худ аз ишқи Зӯҳро даст кашида дар ҳаққи ваю, падараш гапҳои нолоиқ гӯфт (238). Вай як рӯз дар миёнҷои бозор як турба хокистарро монда: «Доруи мушкушак мефурӯшам, доруи мушкушак!» гӯён фарёд задан гирифт (453). Ба ту оинаи ҷаҳоннамо лозим аст, ки ба пешат монда, тамоми оламро тамошо карда шинию хафагӣ аз дилат равад (140).

Гарчанде ки ҷузъи тобеи ин ибораҳо бандакҷонишин гирифта бошад ҳам, он ба ҷӯзъи асосӣ - тааллуқ дорад. Мисол: Барои он ки бойи қишлоқ доимо хар савор шуда мегашт, ҷӯраҳои ҳазлкашаш ба ӯ хар лақаб монда буданд ва дар куҷое ки бинанд, ӯро «хар» мегӯфтанд (491). Агар як моҳ мегаштанд, аз пою қадами муборакашон ҳамаи қишлоқҳо харобазор мешуд (497).

Ҷузъи асосӣ бо исмҳое, ки бо тахайюлот вобастагӣ доранд ва ҷузъи тобеи ибора бо сифатҳои аслии ифодакунандаи хислату хусусияти девҳо ифода ёфта, хусусият ва хислати ботинии «девҳо»-ро ифода менамоянд: Деви бераҳм бошад, якбора, сайдашро дида монду Шераку Сураёро ба оғӯши гирдбод гирифта, поён бурд (287) ва ғайра.

5.Ибораҳои ифодакунандаи ҳаҷму андоза

Ибораҳои исмӣ бо сифати аслӣ ҳаҷмро низ ифода кардаанд. Вожаи асосии ин хел ибораҳо исмҳои мушаххасмаъно ва ҷузъи тобеъ сифати аслии ифодакунандаи ҳаҷм мебошанд:

Вожаи асосии ибораҳои номбурда аз исмҳои макон /кӯча, ҳуҷра, роҳ/ ва ашёҳо /кӯҳ, қад/ ифода ёфта, ҷузъи тобеи ибора аз сифатҳое, ки ҳаҷму андозаро нишон медиҳанд, ташкил мегардад: Доя бошад, бачагонро аз кӯҳҳои баланд ва биёбонҳои беканор гузаронида, ба як ҷойи хеле дурдаст гирифта мебурд (138). Лаклаки бечора ба табақи паҳн нӯл мезад - нӯл мезад, аммо бо нӯли дарозаш ҳеҷ чиз хӯрда наметавонист (10). Занак пешвоз баромад, дид, ки шавҳараш бо як хирси бадҳайбат омада истодааст (78).

Сифати аслии «баланд» чун ҷузъи эзоҳдиҳандаи ибораҳои исмии изофӣ дар афсонаҳои халқии тоҷикӣ серистифода буда, вобаста ба маъноҳои луғавии ҷузъи асосии ибораҳо маъноҳои гуногунро ифода менамояд: «чинори баланд», «сафедори баланд» ва ғайра. Сӯзан чинор шудааст, чинори баланд шудааст, ба осмон расидааст(226). Ин беди баланд, баргакаш зард шудаст (386). Вай рафта, рафта ба кӯҳи баланди дурдасте расида аспашро нигоҳ дошта, кордро аз миёнаш кашид ва бо нафрат ба синаи хоҳараш халониданӣ шуд (410). Акнун ӯ як ҷавони ботануманди чорпаҳлӯ шуда буд, ки қади баланд ва бозувони мустаҳкаме дошт (145). Мардум савори зеборо зуд шинохтанд, ӯро бо овози баланд табрик мекарданд (156). - Чи хеле ки шунидаам, девҳо, махлуқҳои бисёр бадҳайбат ва бераҳм ҳастанд (148). Ҳар се рафтанд, рафтанд ва баъди чанд рӯз як манори баландро диданд (162).

Сифати аслии «дароз» дар ибораҳои афсонаҳои халқии тоҷикӣ серистифода буда, тобишҳои гуногуни маъноиро ифода мекунад:

Фарҳод шерона кор карда, дар як муддати кӯтоҳ ҷӯйи дарозе мекобад(270). Рӯбоҳ ба сари хирман расида, оромона думи дарозашро ба рӯи он гузошту бо овози баланд: - Ана акнун ҳосил азони мо шуд! Лаклак нули дарози худро ба гулӯи гург дароварда, устухонро кашида гирифт (45). Солҳои дароз аз дастурхони ман нону навола хӯрдетон, имрӯз, ки ман бемор шуда аз кор базмондаам, шикоре ба даст дароварданатон лозим аст, ки ақалан ба ман қути лоямуте шавад (32).

6.Ибораҳое, ки ба хосияте соҳиб буданро мефаҳмонанд

Ибораҳои фавқ дар афсонаҳои тоҷикӣ бо чунин шакл тарҳрезӣ мешавад: ҷузъи асосӣ ҳамеша бо исмҳои шахс, маънӣ, амал, ашё, ҷузъи тобеъ бо сифатҳои гуногун. Ин ибораҳо маънои муқоисаро низ зоҳир мекунанд. Мисол: – Магар намебинӣ? ҷавоб дод Рӯбоҳ фукашро ба санг ҷафс карда, – думбаи карт хӯрда истодам (73). Хоҳараш оинаи ҷаҳоннаморо дида, бисёр шодӣ кард (140).

Дар афсонаҳои тоҷикӣ барои ифодаи аломат сифати аслии «нағз» серистеъмол буда, шаклҳои бо ин калимаҳо ташкилёфта баъзан дар иҳотаи синтаксисӣ вазифа ва тобиши нав пайдо мекунад: - Ман ҳам ягон дӯсти нағз кофта гашта будам, биёед набошад бо ҳам дӯст шавем, таклиф кардааст мушак (16). Ин гуфтаҳоро мисолҳои зерин, ки калимаи «нағз» маънои маҷозиро касб кардааст, бори дигар собит месозад: – То омадани ман ягон хӯроки нағз тайёр карда мон, ман як ҷӯраамро гирифта мебиёрам (77) «хӯроки нағз» – (бомазза). -Хари бечора касал шудагӣ барин менамояд, гӯфтанд корвониён, - Хари нағз партофта рафтан ҳайф аст (39). - Оҳ як рӯзи  бисёр сахт ба сарам омадааст, гуфтанам ҳам душвор аст (346).

1) Ба воситаи пасванди «тарин» ифода ёфтани сифатҳои дараҷаи аслӣ хоси забони тоҷикӣ мебошад, вале «маводи забонии баъзе лаҳҷаҳои тоҷик ба хулосаи истеъмолнашаванда будани пасванди «тарин» мухолиф буда, аз мавҷудияти он баъзе лаҳҷаҳо шаҳодат медиҳад» (1; 160, 201).

Бо алоқаи изофӣ ба исм тобеъ гаштани ин навъи сифатҳо дар афсонаҳои тоҷикӣ аҳён-аҳён ба назар мерасад: марди камбағалтарин, шахси беҳтарин, ғуломи сиёҳтарин.

2) Навъи дигарро муайянкунандаҳои тавсифии аз такрори ҳиҷои аввали калима ва илова кардани овози п сохташудаи бо алоқаи изофӣ ба исм тобеъшаванда ташкил медиҳанд. Ин навъи муайянкунандаҳо асосан хоси шеваи шимоли забони тоҷикӣ мебошанд.

Агар ҷузъҳои тобеи ибора алоқаи пайваст бошад, калимаи дуюми тобеъшаванда бевосита ба ҷузъи асосӣ /исм/ тааллуқ дорад: Деҳа бо ғубори тип-торик пӯшида шуд (287). Дар афсонаҳои халқии тоҷикӣ ин навъи муайянкунандаҳои тавсифӣ аҳён-аҳён ба назар мерасад: деҳа бо ғубори тип-торик пӯшида шуд (287). Дере нагузашта, Аваз ба ин ҷо меояду дар пеши ақли расою ҷамоли зебо (симои хушрӯй, дилкаш) мутеъкорона сар хам мекунад (325). Рӯбоҳ ба сари хирман расида, оромона думи дарозашро ба рӯи он гӯзошту бо овози баланд: - Ана акнун ҳосил азони мо шуд! - гӯфта қаҳ - қаҳ зада хандид(35). Садои баланди кушкаркунандаи нағора подшоҳро бедор кард ва ӯ амр дод, ки нағоразанро зуд гирифта ба пешаш биёранд (163).

Дороиро ифода мекунад:

Вай чанд вақт боз ба як боғи сермева роҳ ёфта буд (54).

1) Ба воситаи пасванди «тарин» ифода ёфтани сифатҳои дараҷаи аслӣ хоси баъзе лаҳҷаҳои тоҷикӣ мебошад ва «Маводи забонии баъзе лаҳҷаҳои тоҷик ба хулосаи истеъмолнашаванда будани пасванди «тарин» мухолиф буда, аз мавҷудияти он баъзе лаҳҷаҳо шаҳодат медиҳад» (1; 160, 201).

Бо алоқаи изофӣ ба исм тобеъ гаштани ин навъи сифатҳо дар афсонаҳои тоҷикӣ аҳён-аҳён ба назар мерасад: марди камбағалтарин, шахси беҳтарин, ғуломи сиёҳтарин.

2) Навъи дигарро муайянкунандаҳои тавсифии аз такрори ҳиҷои аввали калима ва илова кардани овози п сохташудаи бо алоқаи изофӣ ба исм тобеъшаванда ташкил медиҳанд. Ин навъи муайянкунандаҳо асосан хоси шеваи шимоли забони тоҷикӣ мебошанд.

Дар афсонаҳои тоҷикӣ сифатҳои аслии ифодакунандаи аломат бо ашёҳои мушаххасмаъно омада таъмро ифода кардаанд: Чи илоҷ кунам, ки дандонакони аз меваи турш кунд шудаам … (55).

ҳои исмӣ бо сифати аслӣ, ки ба номи гулҳо, гиёҳҳо, меваҳо, дарахтҳо мансубият доранд, муносибати муайянкунандагӣ (атрибутивӣ)-ро бо тобишҳои зиёди маъноӣ ифода месозанд:

1.Ҷузъи асосии ибора исмҳои конкрет ва калимаҳои эзоҳдиҳанда сифатҳои аслии ифодакунандаи ранг буда, дар ин навъи ибораҳо аломати ашё ифода ёфтааст: Ях об шудааст, дар лаби ҷӯй сабза дамидааст, гулҳои зард рӯида, райҳону занҷабил баромадааст (105).

2.Ҷузъи асосии ибораҳои исмӣ исмҳои мушаххасмаъно ва ҷузъи тобеъ сифати аслӣ буда, дар ин ибораҳо хусусияти ҷузъи асосӣ ифода мегардад: Ҳар шаб рафта, аз ангури ширину болаззати он шикамашро пур мекарду баъд аз он ки серу ғамаш дур мешуд, дар рӯи сабзаи мулоим хоб карда, пагоҳии барвақт хеста баромада мерафт (54). Ба дунбаяки мулоим ғӯта хуранду роҳат кунад (55).  

3. Ибораҳои исмӣ бо сифати аслӣ ҳаҷмро низ ифода кардаанд. Вожаи асосии ин хел ибораҳо исмҳои конкретмаъно ва ҷузъи тобеъ сифати аслии ифодакунандаи ҳаҷм мебошанд: Ин беди баланд, баргакаш зард шудаст (386).

4.Сифати аслии «баланд» чун ҷузъи эзоҳдиҳандаи ибораҳои исмии изофӣ дар афсонаҳои халқии тоҷикӣ серистифода буда, вобаста ба маъноҳои луғавии ҷузъи асосии ибораҳо маъноҳои гуногунро ифода менамояд: «чинори баланд», «сафедори баланд» ва ғайра.

Мо ба мақсади муқоиса, аз «Гулистон» - и Саъдӣ чанд ҳикояеро аз назар гузаронидем: Нушервони одил дар шикоргоҳ сайде шикор карду намак намуд (39). Маликзодае ганҷи фаровон аз падар мерос ёфт (38). Боз омадем ба ҳикояи вазири ғофил (40). Писари ҷавон чун пили маст андаромад ба салбате, ки агар куҳи оҳанин будӣ, аз ҷой баркандӣ (47). (Саъдии Шерозӣ. Гулистон - Душанбе. Маориф ва фарҳанг. 2008).

Ҳамчунин асарҳои Ӯрун Кӯҳзод. «Бандии озод», «Тақвими роҳгум» - ро аз назар гузаронидем: Ба вай осон марди салт ҳар куҷо хоҳад мегардад (41). Насиҳат ҳам ба одами хушгавҳар, ба одами аҳл таъсир мекунад (223). Латтаи сафед нишон медод, ки дар ин ҷо аз хок дида регаш бештар аст (227). (Ӯрун Кӯҳзод. Бандии озод. Тақвими роҳгум. Душанбе -  «Адиб» 2011).

Муқоисаи ибораҳои исмии изофии исму сифати аслӣ аз афсонаҳои тоҷикӣ гирдоварда бо намунаҳои насри бадеии классикию муосири тоҷикӣ нишон медиҳад, ки адибони гузаштаву муосири тоҷик дар корбасти ин навъи ибораҳо аз қолабҳои ибораороии афсонаҳои халқии тоҷикӣ баҳраи фаровон бурдаанд.

Аз омӯзиш ва таҳлили ибораҳои исмӣ бармеояд, ки гуногун -  қолаббандии ибора дар афсонаҳои тоҷикӣ бештар ба назар мерасад.

Ин қабил ибораҳои исмӣ бо сифат гарчанде аз ҷиҳати шакл чун забони адабии муосири тоҷикӣ тарҳрезӣ гардад ҳам, бо баҳрабардорӣ аз имконияти забони зиндаи халқӣ, ки посдорандаи хусусиятҳои қадимии забон мебошад, инчунин бо ифодаи маъноҳои грамматикӣ, равиши махсуси иборасозӣ ҷиҳатҳои хосро низ ба худ касб менамояд.

Ифодаи бартарии аломати як ашё нисбат ба дигараш гуногун мебошад. Аломати хоси сифат асосан дар дохили ибора бештар бо тобишҳои нозук ифода мегардад ва ҷузъи асосии ин навъи ибораҳо асосан исм - предмет мебошад. (1. 30, 42).

Ҷузъи тобеи ин навъи ибораҳо дар забони адабӣ асосан бо сифатҳои сохта ифода меёбад. Дар лаҳҷаҳои тоҷикӣ бо изофат сурат ёфтани ибораҳои ҷузъи тобеашон ифодагари зиёдии аломат бештар мушоҳида мегардад.

Адабиёти  истифодашуда

  1. Абдураҳимов С. Ибораҳои исмӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷик. 1973.
  2. Виноградов В. В. Русский язык/ Грамматическое учение о слове. Учпедкиз, М. Л. 1947, 204.
  3. Грамматикаи забони тоҷикӣ. Қ1. Фонетика ва морфология барои мактабҳои олӣ. Сталинобод. 1956, 67.
  4. Ғаффоров Р. Ибора. Забони адабии ҳозираи тоҷик. Қисми 2. Синтаксис. Китоби дарси барои факултетҳои филалогияи мак-табҳои олӣ. Душанбе. Маориф. 1984, 320.
  5. Камолиддинов Б. Масъалаҳои баҳсноки наҳви забони тоҷикӣ. Душанбе. Деваштич. 2003,132.
  6. Қосимова М. Мухтасар оид ба ибораҳои изофии номӣ. 1967. 2, 3, 4).
  7. Мирзоев А. Ибораҳои синтаксии забони адабии ҳозираи тоҷик. Мактаби советӣ. 1969, №=4. 54, 60.
  8. Мирзоев А. Масъалаҳои ибора дар забони тоҷикӣ. Душанбе: Деваштич 2002, 308.
  9. Тоҷиев Д. Т. Тарзҳои алоқаи муайянкунанда бо муайяншаванда дар забони адабии тоҷик. 1955. 3, 5.
  10. Халилов А. Ибораҳои изофӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷик. 1964. 30, 37.

 

Ибораҳои исмии изофии қолаби исму сифати аслӣ дар афсонаҳои халқии тоҷикӣ

Қодирова С. А

         Мақола ба таҳқиқу табиату хусусият ва қонуну қоидаҳои ҷумла, ибора ва бисёр масъалаҳои мураккаби гамматикаи забони тоҷикӣ, тарҳи сохтори услубии афсонаҳои халқии тоҷикӣ дар заминаи суханони муаллифон, ривоятгари кул, қаҳрамони асарҳо ба ҷойгоҳи истифодаи ибораҳои исмии изофӣ бо сифати аслӣ таҷдиди назар мегардад.

Калидвожаҳо: ибора, ҷумла, ибораҳои исмии изофи, сифати аслӣ, афсонаҳои халқии тоҷикӣ.

Қодирова С. А

Номинативные изафетные словосочетания с качественными прилагательными в таджикских народных сказках

         В статье рассматривается один из наиболее употребителных в произведениях устного народного творчества типов словосочетаний. Было определено структурное оформление таких словосочетаний, выявлено стилистическое многообразие сказок на материале языка самих сказочников и главных героев их произведений.

         Особое место в статье отведено качественным прилагательным как главному компоненту номинативных изафетных словосочетаний

Ключевые слова: словосочетание, предложения, номинативные изафетные словосочетания, относительное прилагательное, таджикские народные сказки.

Qodirova S. A

The nominative extra phrases with qualitative adjectives in Tajik folk tales.

The article considers one of the most commonly used in the folklore type phrases.  It was defined structured such word combinatifound and found stylistic diversity stories on the material of language itself storyteller and the main characters from the works. Special place in the article devoted to the qualitative adjective, as the main component of the nominative    extra phrases.

Keywords: phrases, sentenoe, nominative extra phrases, qualitative adjectives, Tajik folk.

Ходими калони илмии шуъбаи забони Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ суроға хиёбони Рӯдакӣ № 21 рақами телефон 900- 92- 02- 43. 

24.09.2021