


ЧАНД МУЛОҲИЗА ДАР БОРАИ НОМАНИГОРИИ УСТОД СОТИМ УЛУҒЗОДА
Мавзӯи нома ва номанигорӣ дар таърихи адабиёти халқҳои мутамаддини дунё, аз ҷумла мо тоҷикон таърихи қадима дошта, то кунун ҳамчун навъе аз жанрҳои асосии наср ва баъзан дар шакли назм корбаст шуда меояд. Ин анъанаи деринаи адабиёти мо дар давраи нави муносибатҳо аз ҳарвақта дида, аҳаммияти иҷтимоӣ ва ҳунарӣ касб кардааст.
Аз таҷрибаи адибони ҷаҳон бармеояд, ки дар миёни офаридаҳои ҳунарии онҳо осоре ҳаст, ки ба сурати нома (мактуб) нигошта шудаанд. Дар ин марид набояд фаромӯш кунем, ки нома аз навъи таълифоти зеҳнист ва дар он аксари масъалаҳо аз диди шахси номнавис ва доираи таваҷҷӯҳи ду тараф фаро гирифта мешавад. Аммо дар ин маврид ҳам мактуби маҳрамонаву хусусии ду инсони муқаррариро аз мукотибаи шахсиятҳои иҷтимоӣ бояд тафовут дод. Ин ҳам маълум аст, ки гоҳо номаи ин афрод ба шахсони наздики хонавода ва ҳатто миёни ин ду ҷанбаи маҳрамона мегирад ва љанбаи зеҳниаш бештар хоҳад буд, вале дар ин қабил номаҳо низ нуктаҳову далелњо ва воќеиятњои ҷолиби диққате аз зиндагии хусусӣ, ҳолати равонӣ, муносибатҳои дарунихонаводагӣ ё дарду алам, шодиву ғам, изҳори дарди дил барин ҷиҳатҳои дӯстони қаринро, ки бисёр пураҳмият аст, дарёфт кардан мумкин аст.
Номанигорӣ, хосса номаи адибон, ки агар аз чеҳраҳои дурахшон ва пешрав (пешкисват) бошанд, дорои аҳамияти бузургест. Зеро онҳо дар худ аз зиндагии хусусии адибон то масъалаҳои муҳимми раванди адабӣ ва иҷтимоиву сиёсии давру замонро фаро мегиранд. Дар фаъолияти чеҳраҳои дурахшони адабиёти муосири тоҷик, аз ҷумла нависандаи донишманди мшњуру мумтоз Сотим Улуғзода нома ва номанигорӣ мавқеи асосӣ дошта, бо шакл ва ниёзҳои замон идома ёфтааст. Дар иртибот ба ин мавзӯъ, дар адабиётшиносии тоҷик солҳои охир пажӯҳишҳо анҷом ёфта бошанд ҳам (масалан, маќолаи академики фаид Хуршеда Отахонова), ҳанӯз масъалаҳои зиёди бевосита ба мавзӯи нома, махсусиятҳои он ҳамчун навъи махсуси адабӣ, ҳунари номанигорӣ, қонунмандиҳои дохилии он, анъана ва навовариҳо, сарфи назар шудани анъанаҳои номанигорӣ вобаста ба вазъи сиёсати замон, одоби муошират дар номаҳо..., берун аз доираи таҳқиқот мондаанд. Чунон ки таъкид намудем номаҳо бештар хусусияти зеҳнӣ доранд ва дар онҳо масъалаҳо, албатта, аз диди шахси номанигор баён мешаванд. Ҳатто муҳим аст дар назар дошта бошем, ки ин мукотиба миёни киҳо сурат гирирфтааст, чунки он ба чигунагии иттилооти мавҷуда ва баҳо ба масоили зиндагӣ муассир меафтад. Ба ин маънӣ, ба номаҳо муносибати айниву илмӣ ва таърихӣ намудан, ба фикри мо,, аз шартҳои муҳимми пажуҳиши номанигорӣ мебошад. Бинобар ин, тадқиқи номанигорї дар адабиёти муосири тоҷик аз вазифаҳои муҳим ва пурмасъулияти муҳаққиқон бояд ба шумор ояд.
Номанигории устод Сотим Улуғзода, ки миёни аҳли илму адаб, хонандагонаш ва намояндагони илму адаби хориҷӣ иртибот гирифтааст, гувоҳ ба арзиши мактубнависӣ дар омӯзиши зиндагӣ, рӯҳия, шуҳрат ва савияи инсониву адабии нависанда мебошад. Бояд гуфт, ки ин номаҳо як қисм аз номанигории устод аст, ки дар бойгонии ИЗА ба номи Рӯдакии АМИТ маҳфуз аст. Итминон дорем, ки пас аз чопи онҳо дигар аз муассисаҳо ва нафароне, ки аз устод нома гирифтаанд ба нашру табъи мукотиботи устод Улуғзода мусоидат хоҳанд намуд ва мо дар бораи ин ришта аз фаъолияти устод маълумоти бештаре ҳосил хоҳем кард. Ҳамин нуктаро низ ёдовар шудан лозим аст, ки устод, хосса аз рӯи муҳаббате, ки ба мухлисонаш дошт, ба мактубҳои онҳо посух дода ва дар рӯи лифофаҳо ё дар охири нома аз ин хусус қайдҳо ҳам кардааст.
Номанигории устод Улуғзода иборат аз номаҳое аст, ки ҳам аз дӯстдорони осори устод, ҳам аз илму адаби тоҷику хориҷӣ фароҳам омадаанд, ки миёни онҳо шоир ва тарҷумони шӯравӣ, Шоири халқии Ӯзбекистон Ғафур Ғулом (1903-1966), шоираи эронӣ Жола Бадеъ (1921-2007), адабиётшинос ва адиби озар, доктори илмҳои филологӣ Акрам Ҷаъфар (1905-1991), Навсандаи халқии Ӯзбекистон Аскад Мухтор (1920-1997), нависандагон Ҳасан Ирфон (1900-1973), Болта Ортиқов (1924-2001), муҳаққиқону донишмандон Алоуддин Баҳоваддинов (1911-1970) – файласуфи шинохта, доктори илми фалсафа, профессор, Холиқ Мирзозода, Носирҷон Маъсумӣ, Муҳаммадҷони Шакурӣ, Шарифҷон Ҳусейнзода, Раҳим Мусулмониён, Асадулло Саъдуллоев, Ҳамроқул Шодиқулов, Раҳим Муқимов, Ҷамол Муруватов – номзади илмҳои филологӣ, яке аз хешовандони устод Улуғзода, ҳамсари Абулқосим Лоҳутӣ, ки бо номҳои Бону, Силсилабону ва Ситсилабону миёни фарҳангиёни тоҷик маъруф аст (Сесилия Бенсионовна Хейфитс, соли таваллуд 1911), шоиру нависандагони тоҷик Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакар, Раҳим Ҷалил, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсори Сафӣ ва дигарон ҳастанд.
Хушбахтона, имрӯз дар маҷмӯъ беш аз 140 нома аз мукотибаи устод Улуғзодаро зери даст дорем, ки аз он 44-то мактуб аз Сотим Улғзода аст, баќия (беш аз 100-то) аз аҳли илму адаби тоҷик ва хориҷӣ ва хонандагону мухлисон. Агар аз ҷиҳати радду бадали замонӣ ба ин мукотиба назар андозем, пас маълум мешавад, ки солҳои таълиф мухталиф буда, таносуб аз ҳарду ҷониб баробар нест ва дар солњои гуногун суръати мукотиба номунтазам ва адади он низ чандон зиёд нест.
Дар маљмуъ аз номаҳо маълум аст, ки Сотим Улуғзода бо мухотабон эҳтироми беандоза дошта, ба онғӯҳасосан ҷавоби эҷобӣ додааст. Ҳатто устод Улуғзода дар поёни матни номањо ва ё рўйи лифофаи онњо қайдҳо дорад, ки ки бисёр пураҳмият аст. Барои мисол дар зери номаи адабиётшинос ва адиби озар Акрам Ҷаъфар навишта, ќайди зерини устод мавҷуд аст: «22 апрел ҷавоб навишта ва навиштаҷоти Иқбол, нашри Тоҷикистон фиристода шуд. Аз Москва» (22 апрели соли 1965). Аммо номаҳои ҷавобии Сотим Улуњзода ба бештари ашхос, мутаассифона, дастнорас мебошанд. Албатта ин кор ҷустуҷӯ ва канду кови иловагиро тақозо дорад ва бояд аз корҳои ояндаи аҳли таҳқиқ ба шумор ояд.
Масоили сиёсиву иҷтимоӣ ва илмиву адабӣ дар номаҳо. Дар ин маврид ҳаминро метавон гуфт, ки номаҳо њама, то андозае, дар худ ҳолу ҳавои замонро фаро гирифтаанд ва аз онҳо метавон вазъи љомеаро, ки самти фаъолияти устодонро муайян менамояд, пай бурд. Аз љумла, ҳолати равонӣ, муносибатҳои дарунихонаводагӣ ё дарду алам, шодиву ғам, изҳори дарди дил барин ҷиҳатҳои дӯстони қаринро пайдо намуд. Ин сифатњо дар мукотибаи С. Улуғзода бо Б. Раҳимзода бисёр самимӣ аён мегардад. Дар номаи С. Улуғода (Москав, 17 июли 1969) мехонем: «Дар июл дар Куктебел будам ва алъон дар Молинуфка мебошам. Ҳар рӯзе дар сари миз соатҳо бо қаламу қоғаз менишинам ва мекӯшам чизе тақрир кунам, аммо натиҷа кам. Хаёлот гарон ва хотири парешон аз ваҷҳи фарзанди бемеҳру нохалаф роҳи фикри эҷодиро масдуд менамояд.
Мувофиқи панди хирадмандонаи Шумо худамро ба маънии «Бар сари фарзаниди одам ҳарчи ояд бигзарад» тасаллӣ дода гаштаам».
Маълум аст, ки чи Сотим Улуғзода ва чи Боқӣ Раҳимзода ба сохти сотсиалистӣ, сиёсати ҳизби коммунист бовару эътимоди комил доштанд ва агар сўйитафоҳум ва ҳатто хавфе ба ҷонашон иттифоқ афтад, на аз доирахои расми ва вазъи сиёсиву маънавии дар ҷомеа мавҷуд, балки кори дасти одамони ҷудогона ва бадхоҳонашон ва ё саҳлангории худ медонистанд. Аммо инро ҳам бояд таъкид кард, ки сохти шўравӣ онҳоеро, ки ба вай садоқат доштанд, барои таҳкиму тақвияти ҷомеи сотсиалистӣ саҳм мегирфтанд ва ғояяои ҳизби коммунистро чун ҳақиқати кулл ва бебаҳси халқпарварона ташвиқу тарғиб менамуданд, қадрдонӣ мекард. Аз байни сатрҳои мукотибаи онҳо ин ҳама гирумонҳои ҷомеи шўравиро ба мушоњида гирифтан мумкин аст.
Номаҳо бозкунандаи лаҳзаҳои сахту сангин дар сарнавишти устод Улуғзода дар солҳои гуногун, аз ҷумла солҳои 60-ум мебошанд. Мо медонем, ки С. Улуғзода аз замоне, ки ба арсаи иҷтимоъ баромад ва барои хидмат ба бунёди илму адабиёт ва фарҳанги нави тоҷикӣ камар баст, дигар пешрафту дастовард ва интиқоди ҳасудону мафкурагароён ӯро ҳамеша пайгир буд. Чи дар солҳои сиюм, чи солҳои ҷангу баъди ҷанг ва хосса солҳои 60-уми асри гузашта вай ҳамеша мувоҷеҳ ба мушкилоти гароне будааст. Аҳли илму адаб ва ҷомеаи Тоҷикистон аз достони пур аз дарду алам ва ноодилонаи танқиду муҳокима ва ҷазои ҳизбӣ додани устод дар мавриди «хиёнат»-и писараш Азиз медонанд. Устодро ба хотири падари «хоин» будан ҷазои сахт дода, аз сафи ҳизби коммунист берун мекунанд. Ин ҷазо дар он даврон барои як шаҳрванди шӯравӣ, хосса адибе, ки ҳамаи осораш бар мабнои манфаатҳои сохти мазкур бунёд ёфтааст, ҷазои бисёр сангин буд. Ҳамин зарбаи сахти рӯҳист, ки то кадом андоза хафақонӣ будани ҳолати эшон ва вазъи замонро тасаввур кардан мумкин аст. Чӣ қадар сахт аст хондани имзое чун «Улуғзодаи Беҳрӯз (балки Бадрӯз)», ки зери мактуби манзуме ба Боқӣ Раҳимзода(соли 1969) гузошта шудааст.
Вале номанигории устод Улуғзода дар бораи муносибати атрофиён, хусусан ҳамқаламон далелҳои ҷолиб дорад. Номанигории устод Улуғзода маълум менамояд, ки дар муҳити Тоҷикистон, хосса дар доираҳои адабӣ (ва шояд доираҳои сиёсӣ низ) шахсоне буданд, ки ба ин тарз масъалагузорӣ ва тариқи ҷазо розӣ набуданд ва барои сабуктар шудани он кӯшишҳо ба харҷ додаанд. Дар ин маврид як номаи устод Мирсаид Миршакар ба устод Улуғзода, ки дар бойгонии С. Улуғзода маҳфуз аст (апрели соли 1982), шаҳодати рушан медиҳад. Дар он сухан дар бораи кӯшишҳои Миршакар барои сабук гардонидани ҷазои устод, ки бенатиҷа анҷомидааст ва ҳам эътирофи садоқати эшон ба Улуғзода ва ниҳоят пӯзиш пурсидан аз нотавоние, ки дар ин амалҳо дошт, равшан мешавад. Дар мавриди иштироки мусбати Миршакар дар қазияи мазкур назарҳои дигар (масалан дар ёддошти Ҷ, Икромӣ) мавҷуд аст. Аммо чун номаи Миршакар шахсист, ва ҷое барои бофтани достони басосро надорад, боваркарданист. Бино бар ин, ин номаро на танҳо чун далели як маврид аз муҳокимаҳои устод Улуғзода, инчунин метавон чун нишонаи ҷавонмардии Миршакар ба шумор овард, ки ҳам бар ҳусни ахлоқи эшон меафзояд ва ҳам ба қазияи мазкур равшании тозае илова менамояд.
Ҳамин тавр, масоили адабиву фарњангӣ дар мукотиба ҷойи асосиро дорад. Зеро устод Улуғзода на танҳо нависандаву муҳаққиќ, балки дар саргаҳи илму фарҳанги нави тоҷикӣ меистад ва худро дар ин ҷода масъул низ меҳисобид. Бинобар ин, аз номанигории ў на танҳо то чӣ андоза муҳим будани кадоме аз масоили адабӣ, балки доираи донишу фаҳмиш ва равандшиносии эшон, садоқату рафоқати онҳоро њам маълум кардан мумкин мешавад.
Ҳам ин тавр, мо дар бораи номанигории устод Улуғзода, дар иртибот ба вақти конфоронс, чанд мулоњиза умумӣ изҳор доштем. Ҳоло дар садади интишори намаҳо ҳастем, ки албатта бо муқаддимаи муфассале манзури аҳли илму адаб хоҳад гардид. Он вақт имкон фароҳам хоҳавд омад, ки дар таҳқиқотиҳо дар бораи эҷодиёти устод аз онҳо истифода кард ва онҳое, ки ба кору рўзгори устод таваҷҷуҳ доранд, аз сарнавыишту рафоқат ва инсонияти ў бештар бохабар гарданд.
Ташаккур барои диққататон.
Таджикистан
История
Экономика
Культура и образование
Туризм
Таджикистан и мировое сообщество
Государственные символы
Герб
Флаг
Гимн
Национальная валюта
Культурно-исторически места
Таджикский Национальный Парк
Гиссар
Хулбук
Саразм