Муовини директор оид ба хоҷагидорӣ

 

Олим Қодиров (Қодиров Олим Акмалудинович; 14 -декабри 1976, ҷойи тав. деҳаи Капалии Тоҷикобод).

Миллат тоҷик

Зиндагинома:

Қодиров Олим 14 декабри соли 1976 дар деҳаи Капалии ноҳияи Тоҷикобод ба дунё омадааст. Солҳои 1984-1991 мактаби миёнаи № 13 деҳаи мазкурро то синфи нуҳ таҳсил намуда, аз соли 1991 ба омузишгоҳи касбӣ- техникии № 39 ноҳияи Тоҷикобод дохил шуда, соли 1994 муассисаи номбурдаро хатм намудааст. Олим Қодиров соли 2000-2005 Донишгоҳи Милли Тоҷикистон-ро бо ихтисоси филолог хатм намуда, соли 2006-2009 Донишгоҳи Тиҷорати Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатӣ:

Солҳои 1994-2001 ёрдамчии мудири амбори Фабрикаи пояфзолбарории шаҳри Душанбе;

Солҳои 2001-2003 мудири анбори Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикгаз”;

Солҳои 2003-2006 котиби матбуотии Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикгаз”;

Солҳои 2006-2012 Директори ҶДММ “Оби Сафо”;

Солҳои 2012-2016 Сардори бахши маъмурӣ ва хоҷагидории. Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон

Солҳои 2016-2019 таъминочии ҶДММ “Парвона”;

Солҳои 2019-2020 Мутахассиси шуъбаи хоҷагии комуналии Ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур;

Аз соли 2020 инҷониб дар вазифаи муовини директор оид ба хоҷагидории Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ кору фаъолият дорад;

Қодиров Олим бо шеърнависӣ шавқу рағбати зиёд дошта, айни замон муаллифи ду китоб “Навои дил” соли 2009 ва “Дар чорсӯи зиндагӣ” соли 2012 мебошад. Инчунин доир ба ҳаёт ва фаъолияти Абдураҳмони Ҷомӣ ба муносибати 600-солагии шоир китобе бо номи “Нури хирад” гирдоварӣ кардааст.

Қодиров Олим аз соли 2004 аъзои ҲХДТ буда, бо Ифтихорномаи Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикгаз” (2003).

Ифтихорномаи Иттифоқи касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фарҳанг (2015).

Ифтихорномаи Президенти АМИТ (2020).

Ифтихорномаи Институти забон ва адабиёт ба номи Рӯдакии АМИТ (2021) сарфароз гардонида шудааст.

Оиладор соҳиби 5 (панҷ) фарзанд.