Шӯъбаи Забон

 Шуъбаи забон аз рӯи мавзӯи “Таърихи пайдоиш ва таҳаввули забони тоҷикӣ”, роҳбари лоиҳа н.и.ф. Сайфиддин Мирзоев мебошад. Ҷамъоварии мавод ва дар шакли китобу рисолаҳо пешкаш намудани натиҷаҳои тадқиқот ҳадафи асосии ин мавзӯъ мебошад. Таҳқиқи лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ, забонҳои помирӣ ва яғнобӣ яке аз паҳлуҳои асосии кори шуъба мебошад. Мавзӯи таҳқиқотӣ дорои зермавзӯъҳои зерин мебошад: таърихи забон, таҳқиқи лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ, баррасии забонҳои шарқии эронӣ, дар мисоли забонҳои яғнобӣ, осетинӣ ва гурӯҳи забонҳои помирӣ. Тибқи ин мавзӯъҳо осори мондагори зиёде мунташир кардаанд, ки намунаи онро меорем: М.Маҳмулов, Ғ.Ҷӯраев “Фарҳанги гӯйишҳои ҷанубии забони тоҷикӣ“ (2014), “Шеваи ҷанубии забони тоҷикӣ” (коллектив,иборат аз 5 ҷилд, 1980), М.Маҳмулов, Б.Бердиев “Луғати лаҳҷаи Бухоро” (1989), Д.Саймиддинов “Вожашиносии забони форсии миёна” (2007), С.Мирзоев “Яғноби зивок” (синфи 1-4), С.Мирзоев “Фарҳанги яғнобӣ-тоҷикӣ-англисӣ”, Ғ.Ҷӯраев “Системаи лексикаи лаҳҷавии забони тоҷикӣ” (2017), С.Хоркашев “Баррасии лингвистии гӯрӯҳҳои мавзӯии таркиби луғати лаҳҷа”.( 2014), Ғ.Ҷӯраев “очерки забони дарии Афғонистон” (2017), С.Раҳматуллозода “Словообразования имён существительных в южных и юго-восточных говорах таджикского языка” (2016) ва ғ. Дар назди шуъба “Сексияи забоншиносӣ” фаъолият мекунад, ки донишмандони соҳаро муттаҳид карда, масъалаҳои муҳими илмиро матраҳ менамоянд. Ба он профессор Ғ.Ҷӯраев роҳбарӣ мекунад.

T J