ШУЪБАИ «ТАЪРИХИ АДАБИЁТ»

Шуъбаи «Таърихи адабиёт» яке аз сохторҳои аввалин ва асосии Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ буда, фаъолияти илмӣ ва таҳқиқотиашро аз солҳои 30 ва 40 асри гузашта оғоз намудааст. Дар ибтидо он дар дохили сохторҳои муштарак, аз ҷумла, бахши сектори таърих ва забоншиносӣ (ноябри 1933), сектори адабиёт ва фолклор (ноябри 1940) ва баъд ба сифати шуъбаи мустақили «Адабиёти классикӣ» (марти 1951) амал мекард. Аз соли 2012  шуъбаи «Таърихи адабиёт» ном дорад.

Дар ин фосила вазифаи мудирии шуъбаи мазкурро академик А. Мирзоев (1951-1958), д.и.ф. Х. Мирзозода (1958-1960), д.и.ф., проф. Р. Ҳодизода (1972-1995), д.и.ф., узви вобастаи АИ ҶТ М. Муллоаҳмадов (1995-2008), д.и.ф. Ҳ. Қаландариён (2008-2011) ва н.и.ф. Ғ. Қодиров (2011-2012, иҷрокунандаи вазифа) ба уҳда доштанд. Феълан ба он д.и.ф., проф. А. Сатторзода (Аз 2012 то ҳол)  роҳбарӣ мекунад.

ДАСТОВАРДҲОИ ШУЪБА ТО ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Шуъбаи «Таърихи адабиёт» дар  оғози таъсис  то ба ҳол  бо таҳқиқи таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ аз Даврони бостон то ибтидои асри ХХ, аҳвол, осор ва афкори намояндагони он машғул аст.  Муҳимтарин дастовардҳои шуъба аз инҳо иборат аст:  китобу рисолаҳои А. Мирзоев «Биноӣ» (1957) ва “Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ” (1958), Р. Ҳодизода «Адабиёти тоҷик дар нимаи дувуми а. Х1Х» (1968) , С.Саъдиев «Адабиёти тоҷик дар а. ХУ11» (1985) ва “Сайидои Насафӣ ва муҳити адабии Мовароуннаҳр дар нимаи дувуми а.ХУ11” (2018),  А. Абдуллоев «Адабиёти форсу тоҷик дар нимаи аввали а. Х1» (1974),  У. Каримов «Адабиёти тоҷик дар нимаи дувуми а. ХУ111 ва аввали а. Х1Х» (1974) , Р. Ҳодизода, У. Каримов, С. Саъдиев «Адабиёти тоҷик (а. ХУ1-Х1Х ва ибтидои а. ХХ» (1988), ва ғ

ДАСТОВАРДҲОИ ШУЪБА ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Р.Ҳодизода, А. Хуросонӣ «Таърихи адабиёти форсӣ (дарӣ, тоҷикӣ)  (қуруни ХУ1-ХХ) (2006), М. Муллоаҳмадов «Паёми ахлоқии Фирдавсӣ» (2003), В.Самад «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва Чернишевский» (2004), Ҳ. Қаландариён «Рӯдакӣ ва исмоилия» (2012), А.Маликзод «Нигоҳе ба рӯзгору осори Робиаи Балхӣ» (2010) ва “Шаҳиди Балхӣ – шоири бузурги замони Сомониён” (2015), Б.Раҳимӣ «Ошноӣ бо Бедил» (2009) ва «Зиндагиномаи Бедил» (2017),  Ш.Муҳаммадиев   “Адабиёти форсии тоҷикӣ дар асрҳои У111-1Х”  (2019), А.Сатторзода  «Аз Рӯдакӣ то Лоиқ» (2013) ва “Назариёти адабии Абдурраҳмони Ҷомӣ” (2014),   “Донишномаи Рӯдакӣ (дар се ҷилд) (2008-2018), “Ёдномаи Рӯдакӣ” (2014),  С.Саъдиев “Сайидои Насафӣ ва муҳити адабии Мовароуннаҳр дар нимаи дувуми а.ХУ11” (2018). «Таърихи адабиёти тоҷикӣ (аз давраи бостон то ибтидои асри хх). Ҷ.1- Адабиёти давраҳои бостон, адабизабон ва асри  VIII-IX (2019) ва ғ.

T J