История

Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ аз муҳимтарин маркази тадқиқу таҳқиқи забон ва адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик ва дар маҷмӯъ муассисаи умдаи омӯзиши фарҳанги миллати тоҷик ба шумор меравад. Масъулияти нигаҳбонии тамоми мероси фарҳангии гузашта ва муосир бар дӯши ин муассисаи бонуфузи илмӣ буд. Институт дар заминаи бахши таъриху лингвистикаи Бунгоҳи дар Тоҷикистон будаи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис шудаст, ки моҳи марти соли 1932 ташкил ёфта буд. Вале фаъолияти воқеии ин бахш аз моҳи ноябри соли 1933 бо сарварии яке аз ховаршиносони варзидаи рус Е.Э. Бертелс оғоз гардид. Сипас моҳи ноябри соли 1940 дар заминаи бахши таъриху лингвистикаи Шӯъбаи тоҷикисто­нии Институти таърих, забон ва адабиёти АИ Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис дода шуд, ки дар бӯъди филологияи тоҷик ба омӯзиши забон ва адабиёту фолклор ихтисос ёфт. 

Минбаъд бо мақсади ҳифзу омӯзиши мунтазами мероси адабии шоирону нависандагони муосир, нашри илмию интиқодии осори чеҳраҳои шинохтаи адабиёт салоҳ дониста шуд, ки дар таркиби Институти забон ва адабиёт осорхонаҳои зерин таъсис дода шаванд: осорхонаи адабии С. Айнӣ (1955), осорхонаи М. Раҳимӣ (1968), осорхонаи адабии М. Аминзода дар Хуҷанд (1976), осорхонаи адабии М. Турсунзода (1978), осорхонаи А. Лоҳутӣ (1980). 

Дар поягузорӣ ва вусъати таҳқиқоти гуманитарӣ дар ҷумҳуриамон ва тарбияи муҳаққиқони забоншиносу адабиётшиноси тоҷик ховарши­но­сони маъруфи рус ба мисли И.И. Зарубин, Е.Э. Бертелс, А.А. Семёнов, М.С. Андреев, А.Н. Болдирев, И.С. Брагинский, В.С. Расторгуева, А.З. Розенфелд, В.С. Соколова, Р.Л. Неменова, Л.В. Успенская, М.Н. Боголюбов, В.А. Лившитс, Л.П. Смирнова, М. Занд, Д.И. Эделман, И.М. Оранский, А.Л. Хромов, В.А. Капранов, Я. Калонтаров, В.П. Демидчик, Л.Н. Демидчик, С.В. Хушенова (Благонравова), С. Нестеренко ва диг. Саҳми бузург доранд.Ин донишмандон дар омӯзиши масъалаҳои гуногуни забону адабиёт, луғатнигорӣ ва фолклори тоҷик саҳми беназир гузоштаанд.

Дар пешрафти илми филологияи муҳаққиқони тоҷик  аз қабили Л. Бузургзода, А. Мирзоев, Б. Ниёзмуҳаммадов, О. Ҷалолов, Ш. Ҳусейнзода, Ш. Ниёзӣ, А. Деҳотӣ, Б. Сирус, Р. Ҷалил, Р. Амонов, М. Шакурӣ, М. Фозилов, С. Табаров, Р. Ҳодизода, Д. Тоҷиев, Н. Маъсумӣ, Р. Ҳошим, Х. Ҳусейнов, Х. Отахонова, А. Маниёзов, Ш. Рустамов, Б. Тилавов, Б. Шермуҳам­мадов, Р. Ғаффоров, , А. Сайфуллоев, Д. Обидов, Р. Аҳмадов, Ҳ. Шодиқулов, В. Самадов, Б. Сиёев, М. Маҳадов, Ҷ. Мурувватов, А. Сангинов, Ф. Муродов, Н. Шакармамадов, Т. Ваҳҳобов, ки дар институт фаъолият кардаанд,саҳми бузург доштаанд.

Аз миёни наслҳои баъдии адабиётшиносони тоҷик асарҳои У. Каримов, Н. Сайфиев, А. Абдуллоев, Ҷ. Азизқулов, И. Ҳидоятов, С. Султонов, А. Самадов, Қ. Чиллаев, М. Диловаров, Н. Кароматуллоева, М. Ҷалилова, Т. Бойматова, З. Ҳасанова, А. Бобоев, А. Насриддинов, Ю. Салимов ҷолиб буданд. Акнун А.Сатторзода, Ҳ.С.Қаландариён, М. Муллоаҳмадов,Ш.Исрофилниё, Ш.Раҳмонов, Аскар Ҳаким, А.Набавӣ, Р.Аҳмадов, С.Фатҳуллоев, Ш. Муҳаммадиев. В. Самадов, Ҷ. Саидов, А. Маликова, М.Акбарзод,Б. Раҳимовва дигарон ба таҳқиқи масъалаҳои муҳими адабиёти муосир, классикӣ ва фолклор машғуланд. Дар баррасии масоили муҳими забоншиносӣ солҳои охир саҳми донишмандоне чунҒ. Ҷӯраев, Д. Саймиддинов, С.Назарзода, Д. Карамшоев, С.Раҳматуллозода,М.Султонов, О.Қосимов, М. Файзов, С.Сабзаев, П.Ҷамшедов, Н.Шарипова, А.Нозимов, С.Холматова, С. Мирзоев, М. Маҳмудов, Б.Бобохонов, Н.Сабуров, Б.Тӯраев,Ф.Мирзоеров назаррас мебошад.

Дар гирдоварӣ ва таҳқиқи масъалаҳои фолклори халқи тоҷик донишмандони шӯъбаи фолклор мисли Р. Амонов, Н. Нурҷонов, М. Раҳимов С. Норматов, Ф. Зеҳниева, Б. Шермуҳаммадов, Р. Аҳмадов, М. Холов, Б. Тилавов, Ф. Муродов, Б. Шермуҳаммадов, Р. Аҳмадов, Д. Обидов, С. Фатҳуллоев, Ш. Умарова, Ш. Мирзоева, Д. Раҳимов, А.Маҷнунов, Р.Оймаҳмадов ва дигарон саҳми арзишманд доранд.

Аз замони таъсиси Институт дар солҳои гуногун ба ин муассисаи илмӣ донишмандони зерин сарварӣ кардаанд: узви пайвастаи АИ ҶТ, доктори илми филология, профессор Б.Н.Ниёзмуҳаммадов (1941-1944), профессор Ш.Ҳусейнзода (1944-1947), узви пайвастаи АИ ҶТ, доктори илми филология, профессор А.Мирзоев (1947-1952), узви пайвастаи АИ ҶТ М.Фозилов (1952-1958), доктори илми филология, профессор Х.Мирзозода (1958-1959), узви вобастаи АИ ҶТ Н.А.Маъсумӣ (1959-1972), узви вобастаи АИ ҶТ, профессор А.Маниёзов (1972-2000), узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илми филология Д. Саймиддинов (2000-2005), узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илми филология, профессор С.Назарзода (2006-2011), узви пайвастаи АИ ҶТ А.Турсунов (2011-2015). Феълан директори Институт доктори илми филология, узви вобастаи АИ ҶТ Раҳматуллозода Сахидод мебошад.

RU