Маҷлиси Раёсати Институти забон ва адабиёти ба номи

Абӯабдулло Рӯдакии АИ ҶТ

 Рӯзнома:

  1.  Рафти омодагӣ ва натиҷаи пешниҳоди мақолаҳо бахшида ба Ҷашни 140-солагии устод С. Айнӣ.
  2. Масъалаи тартиб ва таҳлили луғат (ба анҷом расонда шудани ҳарфи Б, таҳлили ҳарфҳои В., Г., Д).
  3. Таҳлили мактубҳои воридшуда.

     Дар ҷаласа директори Институт С. Раҳматуллозода зикр кард, ки то моҳи март тамоми мақолаҳои бахшида ба 140 -солагии устод Айнӣ пешниҳод ва таҳрир карда шавад. Мудирони шуъбаҳои Институт вазифадор шуданд, ки барои ҷамъ овардани мавод ва гузаронидани вохӯриҳо бахшида ба 140-солагии устод Айнӣ омода шуда, дар моҳи март тамоми чорабиниҳои ба қайд гирифтаро амалӣ намоянд.

      Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаи ба чоп омода кардани ҷилдҳои 1, 2 ва 3-юми осори устод Айнӣ ва саривақтӣ анҷом додани ҷилдҳои дигари устод мавриди муҳокима қарор гардид. Ва ба мудири шуъбаи адабиёти муосир Ш. Раҳмонов супориш дода шуд, ки барои ба чоп омода шудани осори устод Айнӣ ва пешниҳод гардидани мақолаҳои имлӣ назорат баранд.

     Оид ба масъалаи тартиб ва таҳлили луғат (ба анљом расонда шудани ҳарфи Б, таҳлили ҳарфҳои В, Г, Д) ба мудири шуъбаи луғат ва истилоҳоти Институт супурда шуд, ки аз рафти кор ҳар ҳафта ба љонишини директор маълумот диҳад.

     Ба мудири шуъбаи фолклор А. Мажнунов супурда шуд, ки барои дар сатҳи баланд гузаронида шудани Иди Наврўз ҳамаљониба омодагӣ дида, вобаста ба он чорабиниҳои заруриро ба наќша гирад. Махсусан, барои танзими овезаҳо аз суханони Ҷаноби Олӣ – Эмомалӣ Раҳмон матнҳо пешниҳод шавад.

     Таҳлили мактубҳои воридшуда: Директори Институт С. Раҳматуллозода зикр кард, ки аз роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмон Озода Эмомалӣ дар доираи эълон гардидани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  аз љониби раёсати илму маърифат дар мувофиқа бо Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода иқтибос аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шиору байтҳо вобаста ба соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ пешниҳод гардид. Мақсади иқтибос ва шиорҳои пешниҳодшуда бо тартиби муқарраргардида тарғибу ташфиқ тавассути воситаҳои ахбори омма, сомонаҳои расмӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ иборат мебошад. Варақаи иқтибосҳо ба ҳар як мудири шуъба расонида шавад.

      Аз ҷониби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ пешниҳод гардид, ки бо мақсади таъсиси Векипидияи тољикӣ дар Интернет ва дар он љойгир намудани мавод оид ба Тоҷикистон, аз он љумла, маълумоти таърихӣ ва энсиклопедӣ оид ба а) шаҳру ноҳияиҳои ҷумҳурӣ, вазъи иҷтимоию иқтисодии онҳо; б) шахсиятҳои барљаста, аз љумлаи арбобони сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ, олимон, омӯзгорон ва ғайра: в) вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, таърихи таъсис ва самти фаъолияти онҳо ба сомонаи https://tg.wikipedia.org  ирсол шавад, бо ин тасмими мавќеи Тоҷикистон аз рўйи шумораи љойгиркунии мавод дар Интернет, ки дар байни давлатҳои ҳамсоя дар љойи 62-юм меистад, баланд бардошта мешавад.

         Ба Институт наќшаи чорабиниҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «Соли рушти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  бо Қарори Раёсати АИ ҶТ бо мақсади дар муҳлатҳои муқарраргардида таъмин намудани иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои мазкур пешниҳод гардид (барои таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон №АП-992 аз 20 январи соли 2018).

         Дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти ҶТ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар љараёни сафари  корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Бобоҷон Ғафуров ва мулоқот бо фаъолони вилояти Суғд (рӯзҳои 23-25 марти соли 2017) баён доштанд, ҷиҳати иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озода Эмомалӣ №24/10-157 аз 11.04.2017, ба Институт Қарори Раёсати АИ ҶТ бо мақсади таъмини иҷрои банди 18 наќшаи чорабиниҳои мазкур, яъне «Ба роҳ мондани омўзиши мероси адабии шоири классики тољик Сайфуддини Исфарангӣ» расонида шуда супориш дода шуд, ки масъалаи мазкур ҳаматарафа таҳқиқ карда шавад ва иҷрои он ба шуъбаи таърихи адабиёт вогузор гардад.

         Раёсати АИ ҶТ барои омода ва гузаронидани Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсолоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯзҳои 15-16 марти соли 2018 таъсис додани гурӯҳи корӣ дар самти илмии институт ва омода кардани саволнома, тест ва супоришҳои хаттӣ барои гузаронидани давраи ниҳоии олимпиадаро ба Институт вогузор карда ва пешниҳод кардани маводро барои баррасӣ то 02 марти соли 2018 ба ҳайати Кумитаи тадорукот супориш дод.

         Дар бораи тадбирҳои АИ ҶТ љиҳати иҷрои қарори Маљлиси умумии солонаи АИ ҶТ аз 8 январи соли 2018 қарори Раёсати АИ ҶТ бо замима расид, ки кормандони Институт барои иҷрои саривақтии тадбирҳои банди 1-и қарори мазкур мусоидат намоянд.

         Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронида шудани Иди байналмилалии Наврӯз, тарғибу ташвиқи аҳамияти бузурги маънавии ин ҷашни миллӣ аз љониби Президенти АИ ҶТ амр дод шуд, ки дар арафаи таљлили Наврўз дар пештоќи биноҳои маъмурӣ овезаҳо бо матнҳо ва суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ашъори шоирони классику муосир овехта шуда, атрофи биноҳо тозаву озода карда шаванд.

         Ба маълумоти раёсати Институт протоколи маљлиси машваратии назди Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа расид, ки дар он 1) Оид ба ташкил ва баргузории чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва варзишию оммавӣ дар ҳудуди Душанебе; 2) Оид ба эълон кардани озмун барои интихоби рамзи 30-солагии Истийлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шудааст. Матни протоколи мазкур ба мудирони шуъбаи Институт расонда шуд.

         Дар ҷаласа таълифи мақолаҳо оид ба аҳамияти китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат», омӯзиши паҳлуҳои нави ҷашнҳои сегонаи Сада, Наврӯз ва Меҳргон бо иттилоот ғанӣ гардонидани Википедияи тољикӣ баррасӣ гардид.