Рӯзи 26 январи соли 2018 дар Шуъбаи таърихи адабиёти Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулло Рӯдакии АИ ҶТ маҷлиси навбатӣ баргузор гардид. Дар нишист масъалаҳои зеррин баррасӣ шуд:

  1. Вазъи таълифи ҷилдҳои 1, 2, 3 ва “Таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ” “Аз замони бостон то ибтидои асри ХХ”
  2. Дар бораи Нақшаҳои инфиродии илмӣ ва шартномаҳои меҳнатӣ барои соли 2018.
  3. Омодагӣ ба ҷашнҳои устод Айнӣ, Шамсиддини Шоҳин ва Сайидои Насафӣ.
  4. Масъалаҳои марбут ба чорабиниҳо.

а) Номаҳои расида.

б) Дар бораи Қарорҳои Шӯрои илмии Институт ва супоришҳои раёсати АИ ҶТ ва маъмурияти Институт.

                  Профессор Сатторзода Абдунабӣ мудири шуъбаи таърихи адабиёти Институти мазкур суханронӣ намуда чунин қайд карданд, ки то моҳи марти соли ҷорӣ ҷилди якум ва то охири сол ҷилди дуюми “Таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ”-ро бояд ба чоп супорем.

                  Ҳамчунин таъкид, ки ҳамаи олимони шуъба бояд нисбат ба ҷашнҳои устод С. Айнӣ, Ш. Шоҳин ва С. Насафӣ пурра тайёрӣ бинанд ва мақолаҳои илмӣ пешниҳод намоянд.

Супориш шуд, ки пас қарорҳои Шурои олимони Институт ва қарорҳои раёсати Академияи илмҳо бояд сармашқи корҳо қарор гирад.