Рӯзи 22 –юми январи соли ҷорӣ дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулло Рӯдакии АИ ҶТ маҷлиси   Шурои олимон баргузор гардид. Нахуст дар нишаст Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати милли, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси олии мамлакат аз 22 – юми декабри соли 2017 мавриди омӯзиш қарор гирифт. Зимни баромади худ Раҳматуллозода Сахидод директори Институт қайд намуд, ки гурӯҳи олимони  Инстиути забон ва адабиёти АИ ҶТ ба шаҳру ноҳияҳои тобеъ ва дурдасти ҷумҳурӣ барои фаҳмонидани моҳияти паёми солонаи пешвои миллат ба мардум сафарбар шуда буданд. Сатторзода Абдунабӣ зимни суханронии худ қайд намуд, ки “Президенти малакат дар Паёми худ аз камбудиву норасоиҳои соли 2017 ёдовар шуда, оид ба вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар соли 2018 вазифаҳои мушахасро муайян намуданд”. Сипас  узви Шуро Аскар Ҳаким суханрони намуда оид ба нуқтаҳои муҳими Паём фикру андешаҳои худро баён намуд. Ҳамчунин олимони узви Шуро дар вохурӣ бо аспирантҳо, магистрантҳо ва олимони Институти забон ва адабиёти АИ ҶТ масоили асосии паёми навбатии Президенти кишварро баррасӣ намуда, диққати ҷавононро бештар ба масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, дур бадун аз масъалањои инфротгароиву экстремистӣ динӣ ва дар ниҳоди худ беш аз пеш ташаккули додани ҷаҳонбинии илмӣ ҷалб намуданд. Инчунин дар маҷлис Қаландариён Ҳокимшо муовини аввали директории Институти забон ва адабиёти АИ ҶТ суханронӣ намуда, баҳри  дар амал татбиқ намудани Паём аз ҳозирин даъват ба амал овард.