Табрикот

 

Табрикот

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ,

Бо истифода аз фурсати муносиб рӯзи фархундаи мавлудро бо беҳтарину самимонатарин орзуҳо муборакбод мегӯем.

Бо рӯзи хуҷастаи забони давлатӣ мутобиқ омадани рӯзи мавлуди Шумо аз хидматҳои мондагоратон  ба сифати ҳомию нигаҳбони забон дар амри боқию пойдории он шаҳодат медиҳад. Ба бахти мову давлати миллии мо барои Шумо умри чун умри забони модарӣ орзумандем.

 

RU