Шуъбаи адабиёти муосир дар мавзӯи “Таърихи адабиёти тоҷик аз оғози солҳои 50 то давраи Истиқлолият (аз дид, меъёр ва арзишҳои  нави иҷтимоӣ ва ҳунарӣ”)  корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мебарад. Шуъба ва равияи илмии онро д.и.ф. Ш.Раҳмонов роҳбарӣ мекунад. Дар тӯли 50 соли то давраи Истиқлолият насру назм, драматургия, адабиётшиносию  нақди адабии тоҷик ба марҳилаи сифатан нав ворид гардид.  Адабиёти онрӯза на танҳо аз нигоҳи мазмуну ғоя, диди нав, балки  аз нигоҳи сабку услуб, ҷанбаҳои ҳунарӣ барои пайдо намудани  равияҳои тозаю замонавӣ роҳ кушод.

  Ш.Ҳусейнзода, М.Шакурӣ, М.Раҷабӣ, Х.Отахонова, А.Ҳаким, А.Абдураҳимов аз оғоз мудирони шуъбаи адабиёти муосири тоҷик буданд. Хусусан устод М.Шакурӣ аз аввали солҳои 50 то замони истиқлолияти давлатӣ адабиётшиносӣ ва нақди адабиро дар пайроҳаи таърих ба таҳқиқ дароварда,  онро аввал ба унвони  “Очеркҳо”  дар ду ҷилд (1955-1957), фишурдааш “Очерки истории таджикской советской лиитературы” (1961)  ва  баъдтар  ба унвони “Таърихи адабиёти советии тоҷик нашр кард. “Инкишофи жанрҳо” (дар 2 ҷилд (1980—1988) фишурдааш ба забони русӣ)-ро чоп карда, дар ташаккули жанрҳои адабӣ ва робитаҳои он бо адабиёти ҷаҳон саҳми арзанда гузоштанд.

Муҳаққиқони шуъбаи адабиёти муосир А.Ҳакимов, А.Набавӣ, Ш.Раҳмонов ва дигар ходимони илмӣ насли минбаъдаи олимоне мебошанд, ки дар баробари ташаккули анъанаҳои неки донишмандони қаблӣ  ба тарбияи кадрҳои ҷавон, таҳқиқи муҳимтарин масъалаҳои илмию адабӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд. Осори онҳо дар пешрафти танқиди ададӣ, тарҷума, баррасии шеъри ғиноӣ, матбуоти миллӣ ва афкори адабии миллӣ ва ғайра чашмрас мебошад. Чанд намуна аз осори донишмандони шуъба: Раҳмонов Ш. Таҳаввули воҳидҳо ва созмони шеъри ғиноӣ дар назми форсии тоҷикӣ. (2015); Таҳқиқ, танқид ва тарҷума (2016); Поэтика жанра мусаммат (2016); Набавӣ А. «Бухорои шариф» - сароғози матбуоти миллӣ (2012); Ҷанги ватанӣ ва афкори адабии тоҷикӣ (2015); Аскар Ҳаким “Маҷмӯаи осор” (дар 7 ҷилд, 2017)4 “Сухан аз шеъру адаб”, “Выдовые особенности лирической поэзии” (2017) ва ғайраҳо.

Дар назди шуъба бойгонии адабӣ мавҷуд аст, ки барои навиштани таърихи адабиёти муосири тоҷик ганҷинаи бебаҳост. 

Ҳамасола бо ташаббуси шуъба роҷеъ ба солонаи устод Айнӣ, М. Турсунзода, Л.Шералӣ ва дигар адибон конференсия ва симпозиумҳои байналмилалӣ доир менамоянд.  Бо чопи осори донишмандони шуъба нақди адабии тоҷикӣ дар ин давра пеш рафт. Шуъба бо Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ, донишгоҳу донишкадаҳо ва шуроҳои илмии дифоъ робитаҳои хасана дорад.

RU