Отдел фольклора

Дар шуъбаи фолклор оид ба мавзӯи «Пажӯҳиши муқоисавии фолклори тоҷикони дарунмарзӣ ва бурунмарзӣ дар контексти суннатҳои иҷтимоӣ ва фaрҳангии онҳо» корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бо роҳбарии н.и.ф. А.Маҷнунов бурда мешавад. Дар намунаҳои назми шифоҳӣ арзишҳои ахлоқию маънавӣ, масъалаҳои мубрами рӯзгор ва муносибатҳои иҷтимоии ҷамъият бозтоб шудаанд.

Дар назди шуъба Ганҷинаи фолклори институт мавҷуд аст, ки мудири он н.и.ф. С.Фатҳуллоев мебошад. Дар Ганҷина маводе мавҷуд аст, ки кормандони шуъба онҳоро  беш аз ҳафтод сол ҷамъоварӣ кардаанд. Ҳоло дар Ганҷинаи фолклори Институт беш аз 225 000 саҳифа маводи фолклорӣ, аз ҷумла зиёда аз 21000 мақолу зарбулмасал, 8200 чистон, 30 000 рубоӣ ва дубайтӣ, 28100 байт, 20 000 (тарона), 13200 суруд, 6100 афсона, 3200 латифа, 118 достони эпоси қаҳрамонии «Гӯрғулӣ» ва чандин дафтари ёддошту рӯзномаҳои экспедитсияҳои фолклорӣ ва матни тафсири маросимҳо маҳфуз мебошад. Кормандони шуъбаи фолклор беш аз 600 соат сабтҳои кӯҳнаву нави фолклориро аз наворҳои магнитофон ба шакли компютерӣ (дискҳо) гузарониданд. Албомҳои аксҳои кӯҳна ва баъзе дастхаттҳо тавассути дастгоҳи сканнер ба шакли электронӣ аксбардорӣ ва дар дискҳо ҷой дода шуданд. Дар маҷмуъ барои даҳҳо ҷилд китоби «Куллиёт»-и фолклори тоҷик дар Ганҷинаи фолклори институт мавод мавҷуд аст, ки чандин ҷилди он аллакай чоп шудаанд. Ҳосили таҳқиқоти тозаи кормандони шуъбаи фолклор «Донишномаи фолклори тоҷик» мебошад, дар ҳаҷми 66 ҷузъи чопӣ иборат мебошад.

RU