Шоири шинохтаи тоҷик Ҳабибулло Нозирӣ аз олам даргузашт

ДУШАНБЕ, 06.04.2020. /АМИТ «Ховар»/.  5 апрел яке аз шоирони шинохтаи тоҷик Ҳабибулло Нозирӣ дар синни 63 аз олам  даргузашт ва бегоҳии ҳамон рӯз дар ноҳияи Рӯдакӣ ба хок супорида шуд.

«Роҳбарияти Вазорати фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли фарҳангу ҳунар нисбат ба даргузашти сармуҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистон» Ҳабибулло Нозирӣ сахт андӯҳгин буда, ба пайвандони марҳум сабри ҷамил хоҳонанд»,- омадааст дар барқияи тасаллияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои наздикони шоир, ӯ бештар аз як моҳ инҷониб бемор ва дар беморхона бистарӣ гардида буд.

Ҳабибулло Назирӣ моҳи январи соли 1957 дар ноҳияи Рӯдакии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Мавсуф аз соли 1991 узви Иттифоқи нависандагон буда, чандин сол вазифаи  сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ва маҷаллаи «Помир» -и Иттифоқи мазкурро ба уҳда дошт.

Мавсуф дар гузашта ба ҳайси муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, муддате вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон интихоб гардида буд.

 
 
RU