Маҷаллаи илмии “Суханшиносӣ”

Маҷаллаи “Суханшиносӣ” тибқи санадҳои сабти оморӣ дар аввал таҳти унвони “Забоншиносӣ” дар назди Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ бо қарори Раёсати  АМИТ, таҳти шумораи № 40 дар санаи 13.04.2009 таъсис ёфта, дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 0098/мҷ, аз санаи 08.07.2009 сабти ном гардидааст. Маҷалла “Забоншиносӣ” бо қарори Раёсати  АМИТ, таҳти шумораи № 107 дар таърихи 22-юми августи соли 2011, таҳти № 107 ба “Суханшиносӣ” табдил дода шуд ва дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 0098/мҷ, аз санаи 05.04.2012 сабти ном гардид.

Маҷаллаи “С” бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президети кишвар, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо зиёиёни кишвар дар санаи 20-уми марти соли 2009 барои таъсис ёфтан пешниҳод шудааст.

Самти фаъолият:Таҳқиқи ҳамаҷонибаи масъалаҳои филологӣ: забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, фолклоршиносӣ.

Роҳбарии маҷалларо ба тартиби зерин: дар соли 2010 д.и.ф., Д. Саймиддинов    (сардабир), д.и.ф. С. Назарзода (муовини сардабир), н.и.ф., Н. Назаров (дабири масъул); дар соли 2012 д.и.ф., А. Турсунов    (сардабир), д.и.ф. Н. Салимов (муовини сардабир), н.и.ф. Ш. Муҳаммадиев (дабири масъул);  дар соли 2015 д.и.ф., С. Раҳматуллозода    (сардабир), д.и.ф., А. Ҳаким (муовини сардабир), н.и.ф., Ш. Муҳаммадиев (дабири масъул); дар соли 2018 д.и.ф., А. Ҳаким (сардабир), д.и.ф., С. Раҳматуллозода (муовини сардабир) ва О. Бухориев (дабири масъул) бар уҳда доштанд ва аз соли 2019 д.и.ф., А.Ҳаким (сардабир), н.и.ф., А. Абдуманнонов (муовини сардабир), О. Бухориев (дабири масъул) роҳбарии маҷалларо бар дӯш доранд.

Маҷаллаи “Суханшиносӣ”-и Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ҷузъи маҷаллаҳои илмии АМИТ бада, бо кумак ва дастгирии бевоситаи АМИТ таъсис ёфта, аз оғози соли 2010 то моҳи марти 2020, яъне дар муддати даҳ сол бо нашри мақолаҳои арзишманди илмӣ дар тарғибу таҳкиму таҳаввули илми филологияи тоҷик саҳми арзишманде гузошта, ҷиҳати шинохти меъёру қоидаҳои забони тоҷикӣ хизмати босазое кардааст. Шумораҳои маҷалла таҳти назорати раёсати шуъбаи табъу нашри АМИТ чоп мешаванд.

RU