ШУЪБАИ АДАБИЁТИ МУОСИР

Шуъбаи адабиёти муосир яке аз бахшҳои асосии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ мебошад, ки моҳи ноябри соли 1940 дар заминаи бахши таъриху лингвистикаи Шуъбаи тоҷикисто­нии Институти таърих, забон ва адабиёти АИ Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис дода шудааст. Шуъба дар тӯли солҳои фаъолияташ дар заминаи таҳқиқу омӯзиши адабиёти муосири тоҷик корҳои муҳимму бунёдиро анҷом дода, асари дуҷилдаи «Очерки таърихи адабиёти советии тоҷик» (1956-1957) ва асари бунёдии  «Таърихи адабиёти советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо» иборат аз 6 ҷилд (1980) аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Аз замони таъсиси шуъба дар тобеияти Институт дар солҳои гуногун донишмандону - адабиётшиносони барҷаста М. Шакурӣ, Р. Ҳодизода, Л.Н. Демидчик, С. Табаров, Р. Ҳошим, Х. Отахонова, А. Маниёзов, А. Сайфуллоев, Ш. Ниёзӣ, С.Давронов, Ҷ.Бақозода, Ҳ. Шодиқулов, А. Абдуманнонов, Ю. Акбаров, А. Набавӣ, М. Раҷабӣ, Ш. Солеҳов, Ш. Маҳмадшоев, А. Абдураҳимов, Ш. Раҳмонов, Аскар Ҳаким, Х. Ҳошимова ва дигарон фаъолият намудаанд.

ДАСТОВАРДҲОИ ШУЪБА ТО ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Муҳимтарин дастовардҳои кормандони шуъба дар таҳқиқу баррасии  адабиёти муосири садаи ХХ  ва XXI иборатанд аз «Падидаҳои навҷӯӣ» (1972), «Таърихи адабиёти советии тоҷик. Насри солҳои 30» (1978), «Таърихи адабиёти советии тоҷик: насри солҳои 1945–1974» (1980),  «Пайванди ҳис ва андеша» (1981), «Ҷустуҷӯҳои эҷодӣ дар насри тоҷик» (1982 «Таҳаввули жанри достон дар назми муосири тоҷик» (1983), «Эҷоди бадеӣ, инсон ва замон» (1983), «Абулқосим Лоҳутӣ» (1987), «Насри реалистӣ ва таҳаввули шуури эстетикӣ» (1987),  «Тасвири олами ботинии инсон, нависанда ва замон» (1987), «Нависанда ва идеали замон» (1987), «Тадқиқи таърих – тадқиқи характер» (1990).

ДАСТОВАРДҲОИ ШУЪБА ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

«Адабиёт ва нақди адабӣ» (1993), «Хуросон аст ин ҷо. Маънавият, забон ва эҳёи миллии тоҷикон» (1996), «Масъалаҳои матншиносии адабиёти муосири тоҷик» (1999), «Масъалаҳои матншиносии адабиёти муосири тоҷик» (1999), «Садриддин Айнӣ – равшангари бузурги таърихи тоҷикон» (2001), «Сотим Улуғзода - абармарди набард ва андеша» (2004), «Нарзулло Бектош ва илму адабии тоҷики солҳои 20-30» ((2004) «Поэтикаи жанри ҳикояи солҳои 70-80-и қарни ХХ» (2006), «Диди эстетикии халқ ва насри реалистӣ» (2006),  «Нигоҳе ба адабиёти тоҷикии садаи бист» (2006),    «Ҷанги ватанӣ ва афкори адабии тоҷикӣ» (2015),  «Таҳаввули воҳидҳо ва созмони шеъри ғиноӣ дар назми форсии тоҷикӣ» (2015), «Таҳқиқ, танқид ва тарҷума» (2016),  «Маҷмӯаи осор. Иборат аз ҳафт ҷилд. Ҷилди 7. Гуфтор дар бораи худ. Мақола ва шеърҳо дар бораи Аскар Ҳаким» (2017),   «Жанри қисса дар насри давраи Истиқлол» (2017).

Дар даврони Истиқлолият Кормандони шуъба барандаи ҷоизаҳои адабӣ ва давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Мукофоти давлатии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино,  Ҷоизаи адабии Раёсати Иттифоқи нависандагон ба номи Садриддин Айнӣ ва Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гардидаанд.

ГАНҶИНАИ МЕРОСИ АДАБӢ

«Ганҷинаи мероси адабӣ»

Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ

Зарурати омӯзиш, танзим, таҳқиқ ва нашри интиқодии дастнависҳои адибони тоҷикро ба назар гирифта, маъмурияти Институти забон ва адабиёт бо фармони махсус аз 16 октябри соли 1971 бахши мустақили мероси адабиро таъсис дод, ки он соли 1974 ба шуъбаии мероси адабии ва «Ганҷинаи мероси адабӣ» табдил дода шуд. Дар ин шуъба 38 фонди адибони тоҷик гирдоварӣ шуд, ки номи «Бойгонии адибон»-ро гирифт.

Соли 1999 бинобар сабаби  кам  гардидани ҳайати илмии шуъбаҳо шуъбаи мероси адабӣ бо шуъбаи адабиёт муттаҳид карда шуд, ҳоло бойгонии адибон, аз ҷумла фондҳои шахсии Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Зуфархон Ҷавҳарӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, Муҳиддин Аминзода, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Носирҷон Маъсумӣ, Пӯлод Толис, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Аминҷон Шукӯҳӣ, Абдумалик Баҳорӣ, Файзулло Ансорӣ, Расул Ҳодизода, Раҷаб Амонов, Хуршеда Отахонова ва дигарон дар шуъбаи мазкур  маҳфузанд, ки ҳар кадом қимати калони илмӣ ва адабӣ  доранд. Айни замон ин бойгониро ба шакли электронӣ баргардон карда истодааем.

Дар шуъба солҳои гуногун зери роҳбарии академик Хуршеда Отахонова кормандони зерин Х. Валихоҷаева, Н. Алиева, М. Ҷалилова, А. Ӯрунов, И. Қосимов, А. Маликова, Х. Раҳимова ва дигарон ба омӯзиш ва ҷобаҷогузории маводи бойгонӣ кор кардаанд.

Дастовардҳои шуъба то даврони Истиқлолият

  • Адабиёти пасазҷангии тоҷик. Соли 1956.
  • Ҷалоли Икромӣ «Ман гунаҳгорам». Соли 1958.
  • Абулқосим Фирдавсӣ. Соли 1960.
  • Раҳим Ҷалил ва эҷодиёти ӯ. (Ҳикояҳо  ва «Одамони ҷонвид»). Соли 1962. (такроран соли 2015) чоп мешавад.
  • Сотим Улуғзода  «Восеъ». Соли 1967.
  • Падидаҳои навҷуӣ. Соли 1972.
  • «Ганҷинаи осори устоди сухан». Соли 1973.
  • «Муко­тибаи Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ». Соли 1978.
  • Аз рӯи меҳр меҳр. Соли 1979.
  • Куллиёти Муҳаммадҷон Раҳимӣ (ҷ.1, 1978; ҷ.2, 1980; ҷ.3, 1982).
  • «Архиви нависада чист?». Соли 1980.
  • «Таҳаввули жанри достон дар назми муосири тоҷик» (1983, 2015).
  • Энсиклопедияи якҷилдаи «Республикаи Шуравии Сотси­алистии Тоҷикистон». Соли 1984.
  • Куллиёт»-и Мирзо Турсунзода . ҷ. 4,  соли 1985.
  • «Абулқосим Лоҳутӣ» (1987, бо ҳамқаламии А. Абдуманнонов ва Ҳ. Шодиқулов).
  • «Арзи ҳол»-и Абдулвоҳиди Мунзим». Соли 1988.

Дастовардҳои шуъба дар даврони  Истиқлолият

  • Хуршеда Отахонова. «Масъалаҳои матншиносии адабиёти муосири тоҷик». Душанбе, 1999.
  •  «Ду адиби номвар» (дар бораи Зуфархон Ҷавҳарӣ ва Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, 2002).
  • «Сайре ба бойгонии Сотим Улуғзода». Соли 2003.
  • «Чеҳраҳои шинохта». Соли 2004.
  • «Устод Маъсумӣ ва матшиносии адабиёти муосири тоҷик». Соли 2005.
  • Куллиёти Пайрав Сулаймонӣ. Дар як ҷилд.  Соли 2006.
  • «Фарзанди фарзонаи миллат». Соли 2006.
  • «Тадқиқи матншиносии осори адибон». Душанбе, 2010.
  • «Як шоири ношинохта». Соли 2011.
  • Дастуруламал доир ба танзими илмии бойгони адибон. Соли 2013.
  • Ҳусни инсон. Соли 2015.
  • «Анворе аз Хуршеди маърифат». Соли 2018.
  • Куллиёти Абулқосим Лоҳутӣ дар ҳафт ҷилд. Солҳои 2017, 2018, 2019.
  • Қисми аз бойгони адибон ба шакли электронӣ ворид карда шуд. (дар солҳои  2019-2020).

 

 

 

 

 

RU