Отдел фольклора

ШУЪБАИ ФОЛКЛОР

Шуъбаи фолклор соли 1958 дар ҳайати Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ба ҳайси маркази фолклоршиносии тоҷик таъсис дода шуда, дар ибтидо С. Норматов, Ф.Зеҳниева ва Б. Шермуҳаммадов зери роҳбарии номзади илми филология  Раҷаб Амонов фаъолият мекарданд. Пас аз ду моҳи таъсисёбии бахш, моҳи июни соли 1958 хатмкардагони шуъбаи таъриху филологияи Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон Р. Аҳмадов ва М.Холов бо роҳхати Донишгоҳ дар ин бахш пазируфта шуда, бо ин тартиб, минбаъд, фолклоршиносони умедбахш - Ҳ.Раҳматов, Т.Исроилова, М.Миркамолова, А.Суфиев, С.Фатҳуллоев, Н.Шакармамадов, Қ.Ҳисомов, Н.Улуғзода, Д.Обидов, Ф.Муродов, Т.Неъматов, А.Назарова, Б.Тилавов, Б.Шермуҳаммадов, Р.Аҳмадов, Д.Раҳимов Ҷ.Рабиев, Р.Ширинова, С.Маҳдиев, Н.Азимов, И.Левин, К.Аҳмадов, Р.Раҳмонӣ Ш.Умарова, М.Мирзоева, Д.Маҳкамова, М. Латифов, Т.Ёров,  Д.Раҳимов, Р. Оймаҳмадов, М.Ниёзова, А. Аминов, А. Абдуллоев, А. Мажнунов, Ф. Исмоилов, П. Собиралиева,  О. Бухориев, З.Ғуломшоева ва М.Азизова ба кор шомил гардиданд.

Дар солҳои тулонӣ мудирии шуъбаро устодони зерин: Амонов Раҷаб  д.и.ф. профессор, академик (с.1958-1994), Тилавов Бозор д.и.ф. (с.1994-1996), Шермуҳаммадов  Баҳром  д.и.ф. профессор (с.1996-1998), Аҳмадов Рӯзиқул  н.и.ф. (с.1998 -2006), Раҳимов Дилшод  н.и.ф. (с.2006-2016) ба зимма дошта, феълан, аз соли 2017 ин ҷониб Мажнунов Абдуламин н.и.ф. роҳбари ин масъулият мебошад.

ДАСТОВАРДҲОИ ШУЪБА ТО ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

(Куллиёти фолклори тоҷик)

“Масал ва афсонаҳо дар бораи ҳайвонот”. Ҷилди 1, 1981.; “Латифаҳо”, дар ду китоб. Ҷилди 1, 2007.; “Зарбулмасалу мақолҳо”. Ҷилди 3, 1986.; “Библиографияи фолклори тоҷик”. Ҷилди 1, 2. 1979.; Куллиёти  “Рубоиҳо”. 1970.; Куллиёти “Сурудҳо”. 1980.

ДАСТОВАРДҲОИ ШУЪБА ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

“Фолклори Ӯротеппа”. Ҷ. Рабиев.  Душанбе: Дониш, 1991.; “Зарбулмасалу мақолҳо”. Ҷилди 4, 1992.; “Фолклори Данғара”. Мураттиб Ф.Муродов. Душанбе: Дониш, 2002.; “Фолклори Кӯлоб”. Тартибдиҳандагон С. Фатҳуллоев ва Ф. Муродов. Душанбе: Дониш, 2006.; “Фолклори Роғун”. Тартибдиҳандагон Р. Аҳмадов ва С. Фатҳуллоев. Душанбе: ЭР-граф, 2017.; “Фолклори тоҷикони Афғонистон”. Тартибдиҳандагон Р. Аҳмадов ва С. Фатҳуллоев. Душанбе: Дониш, 2020 ва ғайраҳо.

RU