Заседание Учёного Совета Института

Рӯзи 3-юми феврали соли ҷорӣ дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ Шӯрои илмии навбатӣ баргузор гардид. Аз рӯи рӯзнома дар масъалаи якум, ки ба ташвиқу тарғиби ғояҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шуда буд, кормандони илмии Институт – Раҳматуллозода С., Қаландариён Ҳ., Сатторзода А., Искандаров Қ., Мирзоев С., ки дар кори тарғиботии Паём мустақиман ширкат доштанд, гузориши мухтасар доданд. Директори Институт Раҳматуллзода С. аъзоёни Шӯрои илмиро ба мазмуну муҳтавои Паёми Президенти ҶТ ба Маҷлиси олии ҶТ шинос намуда, аз он ҷумла таъкид намуд, ки дар Паёми имсолаи роҳбари давлат дар баробари таҳлилу натиҷагирии рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар, масъалаҳои рушди минбаъдаи илми ватанӣ низ таҳлилу баррасӣ гардиданд. Директори Институт аз сафари хидматиаш ба ноҳияи Рӯшони ВМКБ изҳори қаноатмандӣ намуда, аҳли маҷлисро бо беҳтарин дастовардҳои бадастомадаи ин ноҳия дар давоми 25 соли охир ошно намуданд. Аз ҷумла қайд гардид, ки сокинони заҳматкашу ватандӯсти ин ноҳияи зебову хуштабиат маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ тақдирашонро ба дасти худ гирифта, дар ободу бунёди як гӯшаи дурдасти кишвар саҳми арзандаашонро гузошта истодаанд. Сокинони ноҳия аз баракати Истиқлолият ва фазои озоду суботи ҳукмфармо дар кишвар изҳори сипос менамоянд ва ҷиҳати таъмин намудани рушди ноҳия ҳамарӯза пешниҳодҳои муфиду тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Дар охир муҳтарам Раҳматуллозода С. кормандони Институтро ба заҳмати софдилонаву содиқона ва ҳалолкорона даъват намуда, дар рушди минбаъдаи илми филологияи тоҷик тавфиқу барори кор орзу намуданд.

 Инчунин донишмандони Институт А.Сатторзода, Ҳ.Қаландариён, Қ.Искандаров, С.Мирзоев, ки ба ноҳияҳои Ҳисор, Бохтар, Дарвоз ва Бӯстон сафар карда буданд, гузориш доданд. Онҳо низ бо тамоми ќишрњои ањолї, аз љумла љавонон, занон, занони хонанишин, зиёин ва фаъолони њудуди љамоату шањрак вохўрињои судманд баргузор намуда, дар бораи самтњои асосии сиёсати дохилї ва хориљии кишвар бо такя ба асноду далелњои баргирифта аз матни Паём изњори назар намуданд.