Тибқи Нусха аз протоколи маҷлиси назди Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Точикистон аз 10 январи соли 2017, № 10-1 ҷиҳати дар вазорату идораҳо њар рӯзи душанбе доир гардидани маҷлисҳои пагоҳирҳзии кӯтоҳмуддат роҳандозии тадбирҳо талаб карда шудааст.

Дар мувофиқат бо ин қарор ҳар рӯзи душанбе соати 9-00 дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ маҷлиси пагоҳирӯзии кӯтоҳмуддат назди директор баргузор мегардад. Имрӯз 13-уми феврали соли ҷорӣ нахустҷаласа бо иштироки муовини директор Қаландариён Ҳ. ва нозири калони кадрҳо Муродова С. бо мудирони шуъбаҳо Сатторзода А., Назриев Ҷ., Қосимов О., Мирзоев С., Абдураҳимов А., Маҷнунов А. дар назди директори Институт Сахидод Раҳматуллозода баргузор гардид. Дар ҷаласа асосан дар масъалаи мактубҳои воридотӣ ва тарзу усули ҳаллу фасли онҳо дар давоми ҳафта баррасӣ гашта, талаби қатъии иштироки ҳаррӯзаи кормандони илмӣ дар мадди аввал гузошта шуд. Мудирони шуъба вазифаҳои мушаххас гирифта, барои ҳалли саривақтӣ ва босифати ин вазифаҳо андешаҳои ҷолиб ироа намуданд.