Мизи мудаввар дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АИ ҶТ

Дар партави суханрониҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ доир ба «омӯзиш ва таҳқиқи адабиёт, забон ва фарҳанги миллати тоҷик» рӯзи 03-02-2017 дар толори Институти забон, ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ мизи мудаввар дар бораи масъалаҳои забон ва адабиёти тоҷик доир гардид. Ҷаласаи мазкур бо супориши президенти АИ ҶТ муҳтарам Фарҳод Раҳимӣ ва таҳти раисии директори Институт Раҳматуллозода Сахидод баргузор шуд.

Дар ин ҳамоиш масъалаҳои зерин муҳокима ва баррасӣ гардиданд:

  1. Омода ва чоп намудани асари «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш;
  2. Омода ва чоп намудани осори устод С.Айнӣ дар 30 ҷилд;
  3. Омода ва чоп намудани ҷилдҳои 3,4,5,6,7-и куллиёти устод А.Лоҳутӣ;
  4. Омода ва чоп пешниҳод намудани китоби «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ» (ҷилдҳои 2, 3, 4) дар соли ҷорӣ.

Дар ин љаласа олимону коршиносони соҳа – Олимов К., Маҳмадаминов А., Кучаров А., Сатторзода А., Набавӣ А., Қаландариён Ҳ., Ализода С., Мубашшири Акбарзод, Муҳаммадиев Ш. иштирок намуда, ҳар кадом баҳри пешрафт ва сари вақт иҷро гардидани масъалаҳои номбурда фикру андешаҳои худро иброз намуданд. Инчунин доир ба ҳар як бахш ҳайати гурӯҳи корӣ ва муҳлати муайян муқаррар ва пешниҳод гардид.

Дар охир директори Институт Раҳматуллозода С. ҳозиринро барои ширкат ва изҳори андешаҳои ҷолибу судманд миннатдорӣ намуда, дар корҳои дар пешистодаашон муваффақият таманно намуданд.