КӮМАКИ ЛАВОЗИМОТИ ТИББИИ USAID ҶИҲАТИ ПЕШГИРИИ СИРОЯТИ КОРОНАВИРУС

Имрӯз, 12 марти соли равон дар доираи барномаи USAID дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти  муҳофизати шахсӣ тақдим гардид, ки дар маросими супоридани таҷизотҳои мазкур муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода, роҳбари Намояндагии доимии Бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Галина Перфилева, намояндаи барномаи USAID дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзноманигорон иштирок намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки маводи тақдимшуда, аз ҷумла ниқобҳо, дастпӯшакҳо, ва хилъатҳо барои кормандони соҳаи тандурустӣ ҷиҳати фаъолият дар пешгирии сирояти коронавирус хеле муҳим мебошанд.

Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, хусусан ба барномаи USAID, ки яке аз шарикони стратегии  вазорат дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад, миннатдорӣ баён намуд.

-Бартараф намудани ҳама гуна бемориҳои сироятӣ кӯшиши дастаҷамъонаро талаб менамояд. Вазоратҳои тандурустии кишварҳои ҷаҳон, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва дигар шарикони рушд мунтазам  дар самти мубориза бар зидди сирояти коронавирус кӯшиш ва талошҳои зиёд ба харҷ дода истодаанд.

То имрӯз дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон нишонаи сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, вале тавре мегӯянд, “илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ”. Бинобар ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикитон ва дигар сохторҳои марбутаи кишвар  дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷиҳати пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона намуда истодаанд,-афзуд номбурда.

Ҳамзамон, зикр гардид, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати харидории сару либоси муҳофизии инфиродӣ ва дигар таҷҳизотҳои тиббӣ маблағҳои муайян ҷудо гардида истодааст.

Маврид ба зикр аст, ки то имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, аммо новобаста ба ин, чораҳои пешгирӣ аз интиқоли он ба кишвар рӯз то рӯз пурзӯр карда мешаванд.

То имрӯз, 12 марти соли равон 1594 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои Эрон, Афғонистон, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Италия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд, ба  карантин фаро гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 1237 нафарашон ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни замон 357 нафари онҳо дар карантин қарор доранд.

RU