«КОРИ ТОҶИКИСТОН ГУЛ КАРДАНИСТ!». Суҳбати ғоибонаи АМИТ «Ховар» бо аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон Устод Садриддин Айнӣ дар рӯзи мавлудаш

ДУШАНБЕ, 15.04.2020/АМИТ «Ховар»/. Антейи афсонавӣ дар набарди рӯзгор ҳар замон ба Модар-Замин даст мерасонд ва нерую тавоногии нав меёфт. Мисли ҳамин дар ҷараёни зиндагии худ мо ба бунбасту печидагиҳои зиёде рӯ ба рӯ меоем ва, бешак, ба бисёр суолҳои худ вобаста ба масъалаҳои муҳими ҳаёти имрӯза ва оянда метавонем дар осори адибону олимони намоёни гузаштаамон ҷавоб пайдо кунем.

Имрӯз ба зодрӯзи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон, нависандаи забардасти тоҷик Садриддин Айнӣ 142 сол пур мешавад. Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ин рӯз чунин ангошт, ки ба саволҳои ӯ роҷеъ ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳаш Устод Айнӣ посух медиҳад.

АМИТ «ХОВАР»: — Устод, имрӯз зодрӯзатон аст. Ҳолноманависон навиштаанд, ки Шумо зодаи Бухорои шариф ҳастед…

С.АЙНӢ: — Бале. Ман дар соли 1878 дар вилояти Бухоро, дар райони  Ғиждувон, дар қишлоқи Соктаре, дар оилаи деҳқон зода шудаам.

АМИТ «ХОВАР»: — Медонем, ки падаратон деҳқон ҳам бошанд, шахси босавод буданд…

С. АЙНӢ: — Падарам хату савод дошта, дар вақтҳои ҷавониаш чанд сол дар мадрасаҳои Бухоро истиқомат карда будааст. Аммо баъд аз он ки падараш ӯро хонадор кардааст, ӯ маҷбур шудааст, ки мадрасаро тамом накарда, ба саҳро барояд.

АМИТ «ХОВАР»: — Мо бо Шумо дар рӯзҳое суҳбат мекунем, ки саросари ҷаҳонро хурӯҷи  як бемории  шадиди гузаранда бо номи коронавирус ё вируси тоҷдор фаро гирифтааст.Аз китобҳо медонем, ки солҳои хурд буданатон  дар қаламрави Бухоро низ  ҳамин гуна як бемории фарогир мардуми зиёдеро аз по фиканда ва несту нобуд сохта буд…   

С. АЙНӢ: — Ин вабои умумӣ буд. Дар аввалҳои тобистони соли 1306 ҳиҷрӣ (дар моҳҳои июни соли 1889) дар Бухоро вабо пайдо шуда, муромурӣ сар шуд. Дар андак вақт дар қишлоқҳо ҳам вабо паҳн шуд. Аҳволе рӯй дод, ки зиндагонӣ ва осоиши ҳамаро зеру забар кард…

АМИТ «ХОВАР»: — Аҳли хонавода ва хешу ақрабои Шумо низ…

С. АЙНӢ: — Бале, акаам бемор шуда, ба қишлоқ  баргашт, тағоимуллом, ки хатми дарс карда буд ва дар шаҳр дарсгӯӣ мекард, мурд ва мурдаи ӯро ба қишлоқаш оварданд. Модарам дар сари мурдаи бародараш бемор шуд. Ман ӯро ба хона овардам, ки ду бародари хурдам ҳам дар қатори акаам бемор шуда, хобидаанд ва аз миён чанд рӯз нагузашта, падарам ҳам ғалтид.

АМИТ «ХОВАР»: — Афсӯс…

С. АЙНӢ: — Акнун хонаи мо ранги як беморхонаро гирифт, ки дар он ҷо ҳам доктор, ҳам фелдшер, ҳам сестра ва ҳам санитарка ман будам. Дар як хонаи ҳафтболор панҷ бемор қатор хобида буданд, ман бо навбат ба ҳар кадоми онҳо оби ҷӯш медодам, магасашонро мерондам ва дар берунравиашон ёрӣ мерасондам.

Дар байни як ҳафта ҳамаи хонаҳои қишлоқи мо ва қишлоқҳои ҳамсоя ба ранги хонаи мо гардиданд. Аз қишлоқи мо, ки тахминан сесад хонавор одам дошт, ҳар рӯз як-ду ҷаноза мебаромад.

АМИТ «ХОВАР»: — Айнан мисли ҳалати кишварҳое, ки имрӯз вируси нави COVID-19 ба домани хонаводаҳояшон чанг задаст…

С. АЙНӢ: — Ман он вақт намедонистам, ки беморони ман чӣ дард доштанд. Дар он вақтҳо дар қишлоқҳо доктор набуд ва дар қишлоқи мо бошад, ҳамон табиби кӯҳна ҳам набуд, ки хасу хошоке ҷӯшонда дода, беморон ва бемордоронро тасалло диҳад…

 

АМИТ «ХОВАР»: — Бубахшед, падаратон…

С.АЙНӢ: — Аз миёни беморони ман аҳволи падарам бисёр бад буд. Ӯ қариб ҳамеша беҳуш буд. Танҳо об менӯшид ва ба гармии баданаш даст расонда намешуд. Ӯ ҳар боре чашм мекушод, ба ман нигоҳ карда:

— Ба ҷуворӣ дубора об додӣ? – гуфта мепурсид (оби аввалро худаш дода буд).

— Не, — мегуфтам ман.

— Дар оби аввал чанд рӯз шуд?

— Даҳ рӯз шуд (масалан).

— Хуб, ҳоло ба об наёмадааст, — мегуфт ва боз чашм мепӯшид.

Ин саволи падарам рӯзе чанд бор такрор меёфт. Охир як рӯз ба саволи худ аз ман ҷавоби «бист рӯз шуд»-ро гирифта буд, ки гуфт:

— Ба об омадааст. Кулӯхи офтобхӯрда бисёр андохтаам. Агар тавонӣ, як об деҳ, вагарна нобуд мешавад.

Ман аз ёбон баромада, ба осонӣ ҷувориро об додам, чунки об бисёр буд ва мардум бемор буданд ва аз лаби ҷӯи калон обро кушодам, худаш омада, заминро пур кард.

Баъд аз ягон соати аз обдорӣ омаданам, падарам чашм кушода пурсид:

— Об додӣ?

-Додам!

— Боракалло! – боз чашм пӯшид…

АМИТ «ХОВАР»: — Падарону бобоёнамон дар вақти ҳаври ҷон ҳам ғами мо, ризқу рӯзии мо, зиндагии ояндаи мо — фарзандонро хӯрдаанд…

С.АЙНӢ: — Дар рӯзи чилуми бемориаш падарам арақ карда, тамоман ҳушёр шуда, шир талаб кард: додам – хӯрд ва дар рӯзи саввум асозанон ба пои худ берун баромад. Мо ҳама шод шудем, ки ӯ халос шуд. Аммо дар рӯзи даҳуми аз беморӣ сар бардоштанаш дубора ғалтид.

Ҳидоятхӯҷа ном амакбачаи падарам буд, ки аз ӯ калонсолтар буд. Ӯ бемори сабук буд ва аҳли хонаводааш ҳамагӣ бемор буданд. Бо вуҷуди ин рӯзе як-ду бор омада, аз падарам хабар мегирифт.

— Агар ҳолаш бад шавад, маро хабардор кун. Агар дар хона бемор намедоштам, ин ҷо мехобидам.

— Ман чӣ навъ мефаҳмам, ки ҳолаш бадтар аст ё беҳтар? – гуфтам ман, дар ҳолате, ки дар чашмонам об чарх мезад.

— Гиря накун, мард бош! Писари падарат шав, ки одами сахтибардор аст! Аҳволаш хеле сахт аст, аммо барои дар ташвиш наандохтани шумоён худро ором нигоҳ медорад. Аҳволаш бад шавад, гулӯяш хишшос мезанад ва нафасаш тангӣ мекунад. Ман равам, ки аҳволи янгаат бад буд — гуфт амак…

Ҳанӯз аввали шаб буд, ки падарам нафасҳои сахт кашидан гирифт ва баъд гулӯяш хир-хир кард. Амакамро ҷеғ задам. Ӯ омада, ба гулӯи бемор бо пахта об чаконид. Бемор чашмонашро кушода, ба ман ишора карда, ба гап даромад:

— Хон, дар чӣ гуна душворӣ бошад ҳам, хон, одам шав!

Баъд чашмонашро пӯшид. Баъд аз ягон дақиқа на ин ки бо хаш-хаш, балки бо хар-хар нафас кашидан гирифт. Дар ин миён якбора дар ҷояш қад рост кард, чашмонаш калон-калон кушода шуданд, аммо бенур буданд, ба ҳар тараф чашм дӯхт, дубора ғалтид. Дасту пояш сахт ҷунбиш хӯрданд ва баъд аз он ором гирифтанд. Ин оромии абадӣ буд…

АМИТ «ХОВАР»: — Худо раҳмат кунад ва шоистаи ҷаннат гардонад… Устоди азиз, ба наздикӣ як нашрияи хориҷӣ навишт, ки тамаддуни ҷаҳонӣ пеши се қувва оҷиз аст: марг, сарват ва терроризм. Ин навишта воқеан ҳузновар аст, кас фикр мекунад, ки наход чунин бошад?

С.АЙНӢ: —  Дар олами маданият ду қувват аст, ки таъмини ҳуқуқи бани башар бе васоити ин ду мумкин нест. Ин ду қувват сайф ва қалам аст.

Дар як ҳайати иҷтимоӣ агар сайф (шамшер) ба манзилаи ҷисм бошад, қалам ба масобаи ҷон аст.

АМИТ «ХОВАР»: — Албатта, ҳарчанд ки аз як ҷиҳат сайф ё шамшер маънии қатлу кушторро ба дунбол дорад ва нохуш аст (мардуми мо аз ин чизҳо сахт хаста шудааст), аммо аз ҷиҳати дигар барои ҳимояи Ватан, ҳимояи номусу ном чизи лозим аст ва Шумо ҳамин маънии дуюми онро дар назар дораед. Дуруст аст?

С.АЙНӢ: — Моро озод кардаанд ва таҳкими озодии моро мехоҳанд. Таҳкими озодии худамон шамшерҳои буррон ва ҷавонони қаҳрамон мехоҳад.

АМИТ «ХОВАР»: — Ба ҳар ҳол, дар ин айём, ки шукри Худо, мардуми мо сулҳу салоҳ ва рӯзгори орому осударо пеша кардаанд, чӣ вазифаи муҳиме пешорӯи мо, тоҷикон меистад?

С.АЙНӢ: — Акнун навбати қалам аст. «Қалам» иборат аз хондан, навиштан, хонондан, мусоҳибаҳои адабӣ кардан, ба ҳар гуна адабиёт ривоҷ додан ва рисолаҳои фавқулодаро таъмин ва нашр кардан аст. Билҷумла тамоми илму маорифро метавонем ба таҳти унвони «қалам» дохил намоем.

Ҳамчунон, ки Пайғамбари мо талаби илмро аз маҳд то лаҳад ба гардани мо фарз кардаанд, эҳтиёҷи зиндагӣ низ моро маҷбур мекунад, ки ҳар кадоми мо камаш рӯзе ду соати худро ба таҳсили илм сарф намоем.

Барои  қавми тоҷик масъалаи маориф воҷибтарини масъалаҳост.

АМИТ «ХОВАР»: — Албатта, ин ҷо шак нест. Аммо гап сари он ки ҷамъияти мо ҳоло тағйир ёфтааст, арзишҳои маънавию сиёсӣ ва ҳатто миллӣ то ҷое дигар шудаанд, мазмуни нав касб кардаанд. Дар чунин шароит дар соҳаи маориф пеш аз ҳама ба мо чӣ лозим аст?

С.АЙНӢ: — Нахустин мартаба муаллим ва китоб даркор аст. Ҳукумат дар бораи таъсиси макотиб ва бунёди асбоби он мисли курсӣ ва лавҳаи таълим ва расондани муаллим хеле кӯшишҳои ҷиддӣ ба кор бурд ва мебарад. Ба диққат қабул кардани шогирдон (ба мактабҳои муаллимтайёркунӣ – тавзеҳи  АМИТ «Ховар») аз аъзами шартҳост. Бисёр шогирдон ҷамъ кардан лозим нест, балки шеваи «гала куну сара кун»-ро ба кор бурда, бо пурсиш ва имтиҳон интихоб намудани ҷавонони қобил зарур аст.

Маълум, ки муаллим намерасад. Барои мактаб ва маорифи тоҷик ҳозир намудани муаллим чӣ қадар лозим бошад, тайёр кардани китоб ҳам ҳамон қадар  зарур  аст.

АМИТ «ХОВАР»: — Муаллим шояд барои он намерасад, ки иддае аз  омӯзгорон ба хотири даромади бештар ба тиҷорат ва корҳои дигар гузаштаанд. Аммо,  маатаассуф, имрӯз дар макотиби мо китобҳои дарсӣ низ намерасанд, ҳатто китобҳои нашршуда сари вақт ба дасти хонанда намерасанд ва дар анборҳо чанг зада, хоб мераванд. Дар ин бора чанде пеш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар мулоқот бо аҳли илму маориф  изҳори нигаронӣ намуданд…

С.АЙНӢ: —  …илова бар ин китобҳои мазкур, албатта, ба зиндагонӣ ва усули идораи ҳозира он қадар мувофиқ нестанд…

АМИТ «ХОВАР»: — … бале, дар ин бора низ Сарвари давлат дар мулоқоти фавқуззикр изҳори андеша намуданд. Президенти мамлакат масъулони соҳа, аз ҷумла Вазорати маориф ва илм, дигар  вазорату идораҳоро  вазифадор карда, гуфтанд, ки «ба масъалаи дурнамои рушди маориф бояд диққати аввалин дараҷа дода, доир ба мақоми мактаби муосир, сатҳу сифати китобҳои дарсӣ, ворид кардани ғояҳои давлатдории миллӣ ва арзишҳои ҳувиятсози халқамон дар китобҳои дарсии фанҳои ҷамъиятиву гуманитарӣ, раванди таълим, таносуби соатҳои фаннӣ, усулҳои фаъоли таълим, роҳҳои самараноки омӯзиши фанҳои табиӣ, риёзиву дақиқ ва ташаккули зеҳнияти хонандагону донишҷӯён пешниҳодҳои мушаххас манзур намояд». Ва дар идома афзуданд, ки аз мутолиаи китобҳои дарсӣ баъзан чунин хулоса мешавад, ки гӯё онҳо барои мадрасаҳои динӣ навишта шуда  бошанд.

С.АЙНӢ: — Бинобар ин моро лозим аст, ки китобҳои мактабии тоҷиконро  аз алифбо гирифта, то китоби савод, ҳисоб, таърих ва чуғрофия, маълумоти мадания ва сиёсия аз сари нав таълиф ва тартиб намоем.

Дуруст, дар китобҳои то ҳол чопшудаи тоҷикӣ хеле порчаҳои муносиби мактаб ёфт мешаванд. Дар китобҳое, ки баъд аз ин навишта мешаванд, аз он порчаҳо истифода кардан мумкин аст. Ба ҳар ҳол китобҳои мактабии тоҷиконро аз сари нав тартиб дода, чоп кардан лозим аст. Ин китобҳо ба замми ин ки ба усули таълим он қадар мувофиқ нестанд, аз ҷиҳати забон ҳам хеле нуқсон доранд.

АМИТ «ХОВАР»: — Воқеан, кайҳо боз баҳс сари он, ки забони адабӣ ва китобии тоҷик чӣ гуна бошад, идома дорад. Ҳатто бо дастури Пешвои миллат ҳоло як ҳайати салоҳиядоре  иборат аз мутахассисони ботаҷрибаи соҳа сари ин масъала кор карда истодаанд. Ҳарчанд ки Шумо дар замони худ бо асарҳоятон ба мубоҳисаҳо дар атрофи забон як навъ анҷоми сазовор бахшидаед, вале фикр мекунам чунин мубоҳисаҳо  битамом анҷом нахоҳанд ёфт, зеро забон, ба таъбири маъмул, догма ё як чизи шахшудамонда нест ва чун организми зинда бояд ҳамеша дар рушду инкишоф бошад.

С.АЙНӢ: — Як забони тоҷикӣ маълум аст, ки   махлут буда, ба таъбири «бӯқаламун» сазовор аст.  Чунончи мегӯянд: «Аробаро қӯшӣ карда биёр – буқулӣ карда монд – йиқилӣ карда рафт…». Албатта ин забонро ҳеҷ тоҷик қабул нахоҳад кард.  Бинобар ин моро лозим аст, ки дар китобҳои мактабии  тоҷикон  забони кӯҳистони тоҷикро қабул кунем.  Забони кӯҳистони тоҷик забони форсии сода, аз такаллуфоти эронӣ холӣ, бо луғатҳои арабии ношунида халт (омезиш – тавзеҳи  АМИТ «Ховар») наёфта ва ба сарфу наҳви форсӣ  мувофиқ аст. Ин гуна забон аз Фалғар — Мастчоҳ гирифта, то Қаротегин  (ҳоло Рашт – тавзеҳи  АМИТ «Ховар») ва Дарвоз маъмул ва ҳамафаҳм аст.

АМИТ «ХОВАР»: — Устод, мо мегӯем: забони форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ. Оё чӣ гуна ваҳдате байни ин мафҳумҳо бояд бошад?   Фарқ миёни ин забонҳо дар чист?

С.АЙНӢ: — Касе, ки бо адабиёти куҳна ва нави форсӣ ва тоҷикӣ шиносоӣ дорад, ба хубӣ медонад, ки дар миёни онҳо фарқи калон нест…  Як тоҷик ё як эронӣ асарҳои Саъдӣ, Ҳофиз, Низомӣ ва монанди инҳоро чӣ қадар фаҳмида ва дӯст дошта хонад, ҳамон қадар ҳам асарҳои Рӯдакӣ, Камоли Хуҷандӣ, Исмати Бухороӣ, Сайфи Исфарангӣ ва монанди инҳоро фаҳмида   ва дӯст дошта мехонад. Як тоҷик барои фаҳмидани баъзе луғатҳои аз форси қадим гирифташудаи Фирдавсӣ ба чӣ  андоза ба душворӣ афтад, як эронӣ ҳам барои фаҳмидани онҳо ҳамон қадар душворӣ мекашад.

АМИТ «ХОВАР»: — Боиси ифтихор аст, ки забони тоҷикӣ, ки имрӯз забони давлатии кишвари соҳибистиқлоли мост, таърихи беш аз  дуҳазорсола дорад ва як вақтҳо аз каронаҳои баҳри Миёназамин то баландиҳои Ҳиндукуш, аз кӯҳистони Қафкоз то халиҷи Форс  дар тӯли чандин аср барои бисёр халқҳои қитъаи Осиё забони давлатдорӣ ва дипломатӣ будааст.  Аз рӯи ин оё мо бо сари баланд гуфта метавонем, ки тоҷикон як қавм ё миллати бузург ҳастанд?

С.АЙНӢ: — Дар Осиёи Миёна ба будани як қавми бузурге бо номи тоҷик  бояд касе инкор надошта бошад. Соҳиби маданияти кӯҳан ва адабиёти кӯҳан  будани ин миллат низ ҷои инкор нест.

АМИТ «ХОВАР»: — Ва «Намунаи адабиёти тоҷик»-и Шумо исботи барҷастаи ин гуфтаҳост! Таърихи навиштани ин асарро нақл мекардед…

С.АЙНӢ: — Баъд аз тақсимоти миллии Осиёи Миёна (ба ҳудуди миллӣ-давлатӣ тақсим шудани ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна дар назар дошта шудааст, ки соли 1924 ба амал омада буд ва дар натиҷаи он  РСС Ӯзбекистон, РСС Туркманистан, РАСС Қирғизистон ва РАСС Тоҷикистон таъсис дода шуданд. – Тавзеҳи АМИТ «Ховар»)  Бухгосторги Самарқанд ба Ӯзбекистон гузашт ва маро ба он мудир таъин карданд. Аммо ман ба Обкоми  Самарқанд ариза дода, худро аз ин кор озод кунондам ва тамоман ба хизмати адабӣ дода шудам.

Дар баҳори соли 1925 баъд аз таъсиси ёфтани Ҷумҳурии Автономии Советии Тоҷикистон бо ҳукумати вай договор баста, ба навиштани «Намунаи адабиёти тоҷик» даромадам ва дар ҳамон сол тамом кардам. Ин асар 40 ҷузъи чопӣ буда, дар вай намунаҳои ҳазорсолаи адабиёти тоҷик (аз аввалҳои асри 10 то замони худамон) дарҷ шудаанд. Ин асар дар соли 1926 бо харҷи ҳукумати Тоҷикистон дар Москва аз тарафи Нашриёти марказии халқҳои СССР нашр шуд.

Ин асар дар замони худ ба фоидаи сиёсати миллии партия роли калон бозӣ кард. Чунки дар он вақтҳо пантуркистон ба муқобили тақсимоти миллӣ иғво паҳн мекарданд ва ин сиёсати миллии партияро «парча-парча кардани туркҳо» мешумурданд ва бар зидди барпо шудани Ҷумҳурияти Советии Тоҷикистон бошад, боз ҳам сахттар иғво паҳн мекарданд: «Дар Осиёи Миёна тоҷик ном як халқ нест, инҳо ҳамон ӯзбеконеанд, ки бо таъсири Эрон ва мадраса забони худро гум кардан», мегуфтанд.

Ана ин асар – «Намунаи адабиёти тоҷик» бо фактҳои таърих пардаи он иғвогаронро дарронид ва ба даҳони онҳо мӯҳри хомӯшӣ зад.

АМИТ «ХОВАР»: — Миллати тоҷик ин хизмати таърихӣ ва бузурги Шуморо ҳаргиз аз ёд нахоҳад баровард. Оё дуруст аст, ки он иғвогароне, ки Шумо мегӯед, битамом хомӯш нагаштанд ва баъдтар ба муқобили ин асар садо баланд намуданд?

С.АЙНӢ: — Он иғвогарони контрреволютсионӣ ба муқобили ин асар бо «калимаҳои сурх» хурӯҷ карданд.

АМИТ «ХОВАР»: — Чӣ хел?

С.АЙНӢ: — Як шеъри Рӯдакиро, ки ҳазор сол пеш аз замони мо навишта шудааст (Шеъре, ки бо мисраи «Бӯи ҷӯи мулиён ояд ҳаме…» оғоз мешавад. – Тавзеҳи АМИТ «Ховар»),  дастак карда, «муаллиф ин шеърро дар ҳаққи амири гурехта навиштааст», гӯён иғво паҳн карданд ва ин масъаларо дар Ӯзбекистон бо забони Икромов дар пленуми партия монда, хостанд, ки асарро манъ кунонанд. Аммо шарқшиносони рус асарро ҳимоя кардаанд ва он аз маъкунӣ халос шуд.

АМИТ «ХОВАР»: — Шумо исбот намудед, ки тоҷикон миллати қадима, бузург, адабиёидӯст  ва фарҳангпарвар ҳастанд. Сад афсӯс, ки дар интиҳои қарни бистум фарзандони ин қавми бузург даст ба худкушӣ заданд. Фикри Шумо чист, Устод?

С.АЙНӢ: — Дар қарнҳои охирӣ ахлоқи мо фосид гардид, нафспарастии бархе ҷавонони ҷоҳталаб моро ба худкушиҳои пай дар пай водошт. Аз ҷангҳои дохилии беҳосили чандсола, ки на аз нуқтаи назари инсоният ва на ба эътибори исломият ҳеҷ раво набуд, моро аз ин сифат нафрат кунонд.

АМИТ «ХОВАР»: — Чуноне ҳамагон медонанд, тоҷикон ва русҳо ва дигар қавму миллатҳои собиқ шӯравӣ, ки аз ҷангу хунрезиҳои гуногун зиёни бисёре дидаанд, соҳиби тамаддуни бой мебошанд. Аммо ҷанг ва тамаддун хилофи ҳамдигаранд. Инро чӣ гуна бояд фаҳмид?

С.АЙНӢ: — Аз рӯзи аввал … то имрӯз ҳар ҷанге, ки мамлакати мо ба вай дучор шуд, хоҳ ҷангҳои гражданӣ бошад ва хоҳ ҷангҳо ба муқобили интервентони истилогар ва фашистогни одамхӯри гитлерӣ – ҳамаи инҳоро ба гардани мамлакати мо ба зӯрӣ бор карданд.

АМИТ «ХОВАР»: — Дар ин ҷо аз Шумо, Устод, наметавонам дар бораи як равияи дигар, ки дар ҷомеаи мо гоҳу ногоҳ аз худ дарак  медиҳад, пурсон нашавам. Имрӯз, дар ибтидои қарни 21,   касоне пайдо шудаанд, ки ҳаракати босмачигариро сафед карданӣ мешаванд, худро ҳатто пайравони босмачиҳо меноманд, гуё дар вақташ босмачиҳо дар роҳи ҳимояи дин ва арзишҳои миллӣ ҷангидаанд. Бигӯед, ки босмачиҳо кӣ буданд?

С.АЙНӢ: — Фарғона дар аҳди кӯҳна  марказ ва манбаи босмачиён ба шумор мерафт. Азбаски Фарғона қитъаи ободтарини Туркистон, маҳалли пахта ва мавқеи абрешим буд, мустамликон, рибохорон ва муҳоҷирон он ҷо гирд омада, ҳама сарват ва сомони он қитъаи ҷаннатнишон ва заминҳои ҳосилхезашро ба дасти худ дароварда, аҳолии аслиро ба муздурӣ ва ғуломӣ гузоштанд. Табиӣ, ки ин ҳол сабаби бекории як қисми аҳолӣ шуда, бекорӣ боиси бадахлоқӣ ва дуздӣ гардида, аз ин ҳол босмачигӣ ва моли якеро чопидан (тороҷ кардан, ғорат кардан – тавзеҳи  АМИТ «Ховар»)  шуйӯъ ёфта буд.

Ҳангоме, ки  дар Фарғона Ҳукумати Шӯроӣ таъсис ёфт, ин кор ба кайфи баъзе муллоён ва эшонҳои муфтхӯр, мастамликон ва муҳоҷрони рус бархӯрд ва инҳо ба ташкилоти босмачиён ҳамроҳӣ карда, эшонро ҳомии дин ё ки мухториятхоҳ ё ки меншевик ба қалам дода, аз қувваи эшон истифода карданӣ шудаанд.

Бо ин ҳама босмачиён  на ҳомии дин ва на мухториятхоҳ, на меншевик, балки аз ҳама  пештар дузди ғаддор ва яғмогари хунхоранд.

АМИТ «ХОВАР»: — Барои он ки мардум моҳияти таърихии Созишномаи истиқрори сулҳи тоҷиконро, ки бо кӯшишу талошҳои беандозаи Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи июни соли 1997 ба имзо расидааст, бифҳмад ва аҳамияти бузурги сулҳу субот ва оромии имрӯзаи ҷомеаро дарк намояд, ман мехоҳам аз забони Шумо  шунавам, ки сулҳ чӣ маъно дорад?

С.АЙНӢ: — Сулҳ – ин парвариши кӯдакон, таълиму тарбияи ҷавонон, осоиши пирон, аввалин шароити пешравии маданияту илму маърифат ва,  ба иборати кӯтоҳ,  сулҳ – ҳаёти хушбахтонаи инсоният аст.

АМИТ «ХОВАР»: — Парвариши кӯдакон гуфтед ва ҳоло даҳҳо нафар кӯдакон пеши назар меоянд, ки имрӯзҳо аз ваҷҳи  бепарвоии падару модарон ё умуман бесарпарасторӣ дар кӯчаҳо сарсарӣ мегарданд ва ҳатто  талбандагӣ  мекунанд. Борҳо шудааст, ки дар сари роҳ ба  ин ё он кӯдаки талбанда вохӯрда, як-ду сомонӣ пул додаем, лекин…

С.АЙНӢ: — Лекин ин пул ва ноне, ки дар сари роҳ ба он тифли бепаноҳ додаед, ғайр аз он ки соате шиками ӯро сер намояд, дигар ба дардаш намехӯрад ва ӯро аз сафолати кӯчагардӣ намераҳонад.

Акнун мо ба шумо як роҳ нишон медиҳем, ки шумо бо хоҳиши ватандӯстӣ  ва инсониятпарвариатон  ба қадри қувваи худ ёрмандӣ карда метавонед.

Ин роҳ — роҳи таовун ва ёрмандии умумист!

АМИТ «ХОВАР»: — Яъне чи хел?

С.АЙНӢ: — Ҳар ҳамиятмандро лозим аст, ки ба қадри қуввату иститоати худ кам ё беш чизе, ки ба дарди атфоли хурдсол  мехӯрад, ҳадя ва иона намояд. Ҷома, курта,  кафш ё масолеҳи  инҳоро ва ё ин ки мева, дона, нуқл, пули нақд ва билҷумла чизеро, ки қудрати додан дорад, дода, дар ин кори хайр билфеъл иштирок намояд.

АМИТ «ХОВАР»: — Кӯдаконе ҳастанд, ки, тавре мегӯянд, «чор ишкелашон бутун» бошад ҳам,  мактабхониро ба гардан намегиранд, кӯчагардию шабгардӣ мекунанд, майл ба «боевик»-у дигар бозиҳои интернетӣ кардаанд ва баъзан ба дуздию ғорат ва ҷиноятҳои вазнинтар ҳам даст мезананд.

С.АЙНӢ: — Бояд муаллимон зиндагонии оилавӣ  ва кӯчагии талабаро ҳамеша таъқиб кунанд ва бо ин мисол корҳои бад ва нағзе, ки он талаба дар шабонарӯзӣ ё дар як ҳафта аз сар гузаронидааст, ӯро тарбия намоянд.

Ин атфол киёнанд?

Ин атфол ашхосе ҳастанд, ки дар оянда соҳиби мамлакат, соҳиби ҳуқуқ, соҳиби маданият, соҳиби маориф, соҳиби инсоният мешаванд, яъне инсони оянда ва пойдордорандаи насл ва шарафи бани башар эшон ҳастанд!..

Инҳо фарзандони кистанд? Инҳо фарзандони мову шумо ҳастанд!

АМИТ «ХОВАР»: — На танҳо хурдсолон аз мактаб, балки баъзан ҷавонҳо аз хизмати аскарӣ саркашӣ мекунанд. Ба онҳо чӣ мегӯед?

С.АЙНӢ: — Модоме, ки мо озодиро мехоҳем, модоме, ки мо истиқлол ва имтиёзро толибем, модом, ки поймол шудани ватан, зан ва фарзандонамонро раво надорем, бояд, ки имрӯзро ба фардо нагузошта, хизмати аскариро ба ҷо биёрем.

Ба аскарони пуршаъну шавкати қаҳрамоне, ки барои мудофиаи Ватан шамшер ба даст тайёр истодаанд,  аз як нависандаи пир, ки барои мудофиати ҳамин Ватан қаламро ба худ силоҳ карда гирифтааст, салом!

АМИТ «ХОВАР»: — Устод, Ватан чист?

С.АЙНӢ: — Ҳар як одаме, ки дуруст фикр мекунад,  медонад, ки ватан модари ӯст, ватан хеш ва табори ӯст, ватан зан, фарзанд, ҳамшира ва хоҳари ӯст, ватан шараф ва номуси ӯст, ватан ҳама чизи ӯ ва ҳаёти ӯст.

Фарзанде, ки хидмати модари худро накунад, ба ӯ ёрӣ надиҳад ва ӯро ранҷонад, на танҳо дар назари модар, ҳатто дар пеши ҳамаи ҷамъият ҳам манфур мегардад, ҳама ба ӯ нафрат мекунанд, ӯ бо унвони «оқи модар» машҳур мегардад. «Оқи модар»-ро дар ҳеҷ ҷамъияти инсонӣ роҳ нест.

Ватан ҳам мисли модар аст, балки модари ҳақиқӣ ватан аст! Чунки агар модар фарзанди худро дар шиками худ 9 моҳ ва баъди зоидан дар пеши худ 4-5 сол тарбия мекарда бошад, ватан  фарзанди худро як умр аз рӯзи пайдо шуданаш то мурданаш тарбия мекунад.

Ба ин сабаб ҳар фарзанди одам, ки сифати инсонии худро барҳам надодааст, ватани худро монанди модари худ, ҳатто аз вай ҳам зиёдтар дӯст медорад, ӯро ҳимоят ва мудофиа мекунад.

АМИТ «ХОВАР»: — Албатта фарзандони асил бояд,  ки ватани худро на танҳо ҳимоя, балки пайваста ободу зебо намоянд. Чуноне Шумо гуфтаед, «акнун вақти обод кардани харобаҳо ворасидааст!». Ҳамин тавр не?

С.АЙНӢ: — Дар дунё ҳеҷ ҳаққе нест, ки дар муқобили он вазифае наистода бошад. Тоҷикистон соҳиби ҳаққу ихтиёр шуд, бояд вазифаҳоеро, ки дар муқобили ин ҳақ истодааст, адо намояд. Ин вазифа иборат аст аз обод кардани Тоҷикистон, дуруст кардани роҳҳои он, ривоҷ додани деҳқонӣ, тараққӣ додани саноеъ ва ғайра, ки бисёр ҷонканӣ ва фидокориҳо мехоҳад.

Ононе, ки асосан пешаашон зироат аст,  бояд як ваҷаб замини доштаашонро холӣ нагузошта, чизеро бикоранд. Дар ин сурат, бар замми он, ки коранда  шахсан манфиат меёбад, мамлакат ҳам аз камии хӯрокӣ раҳоӣ  мебинад. Ҳар як ранҷбаре, ки асосан пешаи ӯ деҳқонӣ нест, агар ҳашт пуд себи заминӣ (картошка, – тавзеҳи  АМИТ «Ховар») ё сабзию пиёз сабз кунонад, дар ҳолате, ки ба пешаи асосии ӯ ҳеҷ халал ва зиён намерасад, мамлакатро миллионҳо пуд себи заминӣ ё сабзию пиёз меафзояд.

АМИТ «ХОВАР»: — Устод, дар пеш моро як маъракаи муҳими сиёсӣ — интихобот интизор аст.  Интихоботи ҳозира аз интихоботи замони амирӣ бо характери қонунӣ ва демократии худ тамоман фарқ дорад. Дар омади гап, Шумо дар хусуси интихоботи замони амирӣ чизе навиштаед?

С.АЙНӢ: — Ман дар замони амир як чизро надидаам ва ҳатто номашро ҳам нашунидаам, ки ин чиз интихобот аст. Бинобар ин ман дар бораи «интихобот»-и замони амирӣ, ки худаш набуд, чизе навишта наметавонам.

АМИТ «ХОВАР»: — Агар каме ба шӯхӣ гузарем,  боре аз як шарикдарсатон Абдулқодир-Махдум маънои калимаи «парламент»-ро пурсида будед ва ҷавоби ӯ Шуморо хандонда буд…

С.АЙНӢ (бо табассум): — Дар миёнҷои рӯи замин, гуфт ӯ, шаҳре ҳаст, ки вайро Париж меноманд ва дар миёнаҷои шаҳри Париж биное ҳаст, ки вайро парламент меноманд. Дар парламент одамони доно ва пурзӯр нишастаанд ва дар ҳар масъалаи сиёсӣ, ки аз он ҷо пурсида шавад, онҳо ҷавоби рост  ва дурустро мегӯянд.  Парламент чунон зӯр аст, ки агар номи ӯро гиранд, ҳукуматҳои тамоми рӯи дунё гап зада наметавонанд ва аз тарс ба ларза меафтанд.

Ин эзоҳ  ба ман маъқул нашуда бошад ҳам,  азбаски  худам маънии парламентро намедонистам, ночор дам шудам.

АМИТ «ХОВАР»: — Шояд аз он сабаб чунин ҷавоб дода бошад, ки калимаи «парламент» фаронсавӣ аст, ки маънои «гуфтан»-ро дорад ва аввалин бор дар Франсия дар қарни 13-ум парламент ҳамчун мақоми намояндагӣ ба вуҷуд омадааст… Устод. Ба наздикӣ интихоботи парламентии мо бомуваффақият гузаронида шуд. Шумо ба депутатҳои навинтихоб чӣ гуфтание доред?

С.АЙНӢ: — Рафиқони депутат!  Мо бояд дар байни сессияҳо ба сифати ходими халқ ба тарзе, ки ба қаҳрамонии вай сазор бошад, ба ӯ хидмат намоем. Мо бояд аз хотир набарорем, ки чӣ дар саноат, чӣ дар хоҷагии қишлоқ, чӣ дар соҳаи маориф ва маданият, чӣ дар ободии ҷумҳурӣ ва осудаҳолии халқ, хулоса дар ҳар соҳа ҳар камбудие, ки рӯй диҳад, дар навбати аввал ҷавобгар мебошем.

АМИТ «ХОВАР»: — Ояндаи Тоҷикистонро чӣ хел тасаввур мекунед?

С.АЙНӢ: — Ин гармӣ ва чолокӣ, ки дар майдони таъмирот (манзур: сохтмону ободкориҳо. – тавз. АМИТ «Ховар») мебинем, гуфта метавонем, ки: «Кори Тоҷикистон гул карданист!».

АМИТ «ХОВАР»:  Моро маъзур медоред, Устод, қариб фаромӯш кунем.  Мехоҳем дар бораи  насаби  Шумо «Айнӣ» маълумот дошта бошем. Ин тахаллусро чӣ хел ба худ гирифтед ва он чӣ маънӣ дорад?

С.АЙНӢ: — Дар солҳои аввале, ки ман дар Бухоро будам, мардум, хусусан муллоҳо, ба ман бо назари бисёр паст менигаристанд. Ба ин муносибат ман аввал барои худ калимаи «Сифлӣ»-ро тахаллус қарор додам. Рафта-рафта ин тахаллус маъқул нашуд, «мардум маро паст мешуморидаанд, аммо худам чаро худамро паст шуморам, не, ман паст нестам. Фарқи ман аз дигароне, ки маро паст мешуморанд, дар ин аст: ман қашшоқам ва онҳо  бой ва ман ба онҳо муҳтоҷам» ва бо ҳамин мулоҳиза ман «Сифлӣ»-ро партофта, барои худ калимаи «Муҳтоҷӣ»-ро тахаллус кардам. Рафта-рафта ин калима ҳам маъқул нашуд: «дуруст аст, ки ман муҳтоҷам, чаро муҳтоҷии худро ба одамҳо эълон кунам»- гуфтам ва «Муҳтоҷӣ»-ро ҳам партофтам.

Баъзе одамҳо  баъзе ҳаракатҳои ғайриодии маро дида, маро «қадаре девонагӣ дорад» мегуфтанд. Ман ҳам ба ин фикри онҳо тобеъ шуда, ба худ калимаи «Ҷунунӣ»-ро тахаллус кардам, рафта-рафта ин ҳам маъқул нашуд: «охир ман девона нестам», гуфтам дар дили худ ва дар фикри тахаллуси дигар афтодам.

Баъзе муллобачагони саводнок ҳавас мекарданд, ки шеър машқ кунанд (ҳатто бесаводҳо ҳам) ва пеш аз он,  ки шеъре ба вуҷуд оранд, барои худ тахаллусе қарор медоданд ва ҳар гоҳ, ки яке аз ин гуна «шоирон» бо дигаре мисли худ вомехӯрд, аз ӯ тахаллуси ӯро ва маънии он тахаллусро мепурсид.

Вақте фаҳмиданд, ки ман ҳам шеър менависам, аз ман тахаллусам ва маънии тахаллусамро мепурсиданд. Ман аз ин гуна пурсишҳо ба ҷон омада, дар пайи ёфтани тахаллусе афтодам, ки маъниҳои бисёре дошта бошад.  Ба ин мақсад китоби луғатро варақ зада медидам, ки ба назарам калимаи «айн» вохӯрд. Дар луғат ба ин калима 48 маънӣ додааст ва машҳуртарини ин маъниҳо: 1) чашм, 2) чашма, 3) офтоб ва чанди дигар аст, ки хеле муносиб аст.  Ман ҳам худро ба ин калима дар маънии чашм ва чашмаи он нисбат дода, тахаллуси худро «Айнӣ» қарор додам.

 

 

АМИТ «ХОВАР»: — Ташаккур барои шарҳи батафсил, Устоди арҷманд! Ва минбаъд, агар боз мепурсиданд маънии тахаллуси Шуморо, барояшон кадоме аз ин маъниҳоро мегуфтед?

С. АЙНӢ: Баъд аз он ҳар кас, ки аз ман маънии тахаллуси маро мепурсид, мегуфтам: «48 маънӣ дорад, луғатҳоро кофта худатон ёбед!» (ба пиндорам ин лаҳза Устод бо завқ механдад).

                                                                          Ангораи
                                                                        Саид АЛӢ

P.S.  Маводи мазкур бори аввал  22 январи соли 1999 дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ба нашр расида буд ва ин дафъа бо каме тағйиру такмил пешниҳод гардид. Дар  он  суханони  устод Айнӣ   аз асари  «Мухтасари тарҷумаи ҳоди худам» ва мақолаҳои публисистии  ӯ «Танвири афкор», «Аскарӣ ва ислом», «Сайфу қалам», «Акнун навбати қалам аст», «Ҳангоми обод кардани харобиҳо расид»,  «Ҳафтаи атфол чист?»,  «Ба атфоли хурдсол ёрмандӣ намоед», «Ба муносибати ҳафтаи ташвиқоти таълими аскарӣ», «Мубориза дар роҳи киштукор», «Масъалаи маориф ва китоб»,  «Дар бораи  мактаб ва маорифи тоҷик»,  «Дар бораи китобҳои мактабии тоҷикон», «Босмачиёни Фарғона кистанд»?,  «Кори Тоҷикистон гул карданист», «Тоҷикони кӯҳистон», «Қобилияти ташкилотӣ дар тоҷикон»,  «Матбуоти тоҷик», «Кишваршиносӣ»,  «Ҷавонӣ», «Интихобот»-и замони амирӣ» ва ғайра    айнан оварда шудаанд.
RU