.Истилоњшиносї ва тањияи усулњои истилоњсорзї

 Дар замони истиќлол чун вазифањои  иљтимоии забон дигаргун шуда  ањамияти  сиёсї касб кардааст, лозим аст, ки дастгоњи истилоњсозии он њадди аќал имкони баёни истилоњоти  мавриди ниёзи замони навро таъмин намояд. Вале, њангоме ки авзоъ ва ањволи ин шохаи забонро дар замони хеш менигарем, мебинем, ки ба љуз аз фазои мусоиди сиёсї дар ин замина тањаввулоти љиддие сурат нагириф­тааст. Бенизомиву саргардонї дар ин арса камтар нашуда, балки мушкилоти тозае ба он афзуда шудааст. Фаъолияти истилоњсозї  дар ин давра ба суратњои мухталиф - созмонёфта ва бештар созмоннаёфта, расмї ва ѓайрирасмї њамчунон љараён дорад.

 Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» талаб мекунад, ки дар ќаламрави давлати Тољикистон коргузорї ба забони давлатї сурат гирад. Барои иљрои талаботи ин Ќонун корхонањо, идорањо, ташкилотњо, муассисањо ва дигар созмонњои расмї ва љамъиятї дар бисёр њолат вожаномаи истилоњоти махсуси соњаи худро бештар барои тарљума (на истилоњсозї) ба дасти  тарљумонњо медињанд. Мутарљимон њам њар кадом мувофиќи фањмишу дониши худ дар соњаи забон ва риштањои тахассусї баъзе истилоњотро аз решањои забони њозираи тољикї сохта, миќдореро тарљума ва баъзе дигарро аз форсї ё дарї гирифта, вожаномае барои он соња тартиб медињанд. Сипас ин вожаномањо бидуни арзёбии (экспертизаи) мутахассисон дар истењсолот ва ё коргузории идорањо ба кор бурда мешаванд. Дар натиља як истилоњ дар корхонаву муассисањои гуногун гоњњо ба шаклњои мухталиф ба кор бурда мешавад.

 Авзои истилоњоти асноди давлатї ва мукотиботи расмии идораву корхонаљот аз ин бењтар нест. Азбаски бино ба расми пешин ин њуљљатњо аввал ба забони русї тањия шуда, сипас ба тољикї баргардонида мешаванд, гоњњо бидуни истифодаи матни русї дарки мазмуни баъзе ќарору фармоишњои  давлатї ва асноди расмї душвор аст. Чунин бесару сомонї боиси сўитафоњумњо мегардад.

Дар тўли 70 сол забони асноди давлатї ва коргузорї забони русї буд. Забони тољикї дар ин риштањо забони тарљума буд ва истилоњоти он низ зери таъсири забони русї ташаккул ёфта буд. Ба ин далел садњо луѓату истилоњот, ибораву таркиботи ќолабї дар забони тољикї дохил шуда ва  дар калимасозии он таъсир гузоштаанд. 

Барои њалли проблемањои номбурда ба андешаи мо бояд пеш аз њама усулњои истилоњсозии забони тољикї аз нав баррасї ва тањия гардад. Зеро «Принсипњои асосии терминологияи забони тољикї» (1971) дар бисёр маврид ниёз ба бознигарї дорад ва дигар наметавонад ба талаботи имрўзаи инкишофи истилоњсозии забони тољикї љавоб дињад. Дуюм  он ки усулномаи нав бояд дар асоси дастовардњои навтарини илми забоншиносии муосир ва бозёфтњои истилоњшиносї ва истилоњсозии он, таљрибањои њосил­кардаи забони тољикї дар ин муддат, бо љалби усулномаи истилоњсозии  забони муосири форсї, пешнињод ва тавсияњо дар хусуси истифодаи манобеи истилоњсозї, чигунагї ва сифати истилоњоти баргузида ё сохта ва амсоли он тањия гардад.

Дар ваќти тањияи усулхои нави истилоњсозии забони тољикї таљрибаи њамзабонон дар ин арса, махсусан усулномањои истилоњсозии забони муосири форсї бояд дар назар гирифта шавад. Интихоби ингуна усулномањо илова бар ќаробати мавзўъ ва ягонагии забон сабабњои дигари таърихї ва созмонї њам дорад:

1. Ин сарчашма  дар даврони Шӯравӣ дар ваќти омода кардани усул ва принсипњои истилоњсозии забони тољикї бо сабабњои объективї (идеологї) ва субъективї (бехабарї ва ё таассуби бељои  муттасадиёни ин кор) ба назар гирифта нашуда буд. Ин имтиёзест, ки асосан баъди истиќлолият насиби мутахассисон шудааст.

2. Сарнавишти забони тољикї ва форсии Эрон дар асри ХХ шабоњатњои зиёде бо њам доранд. Љунбиши ислоњ кардан ва ба ниёзњои нави њаёт мутобиќ сохтани забон, љустуљўи роњи њалли проблемањои истилоњсозии онњо, таќрибан дар як давра шурўъ шудааст. Масалан, фаъолияти тањия ва танзими истилоњоти нави забони тољикї охири солњои бистум, дар ибтидо зери роњбарии К.М. Алифбои нав оѓоз гардид ва соли 1935 барои танзим ва суботи ин соња мақоми махсус – Кумитаи истилоњот дар назди КМИ Шўрои Комиссарони халќи Тољикистон таъсис гардид. Дар Эрон низ нахустин гурўњи истилоњгузинї дар ибтидои солњои сї дар Вазорати љанг ба кор оѓоз кард ва соли 1314 (1935) Фарњангистони Эрон таъсис гардид ва дар тўли умри њафт солаи худ (1320 (1941)) 1500 луѓат ва истилоњоти нави илмї, фаннї ва фарњангї дар баробари вожањои аврупої ва арабї сохта ба тасвиб  расонд.

[1]

3. Сабаби бунёди њар ду маќом зарурати муодилсозї, интихоб ва ё сохтани вожањои муносиб ва мутобиќ ба меъёрњои забони тољикї ва форсї барои вожаву истилоњоти тозаворид аз Ѓарб буд.

4. Њадафи ин њар ду маќом њам пешгирї аз бенизомї дар фаъолияти истилоњсозї ва интихоби роњу шевањои дурусти илмї барои инкишофи ин ришта буд.

5. Манбаи асосии ин кор, яъне забон дар њарду кишвар ягона буд ва усулњои истилоњсозї низ таќрибан яксон. Фарќи асосї дар иќтибосгирї буд. Дар забони тољикї истилоњоти нав аз забони русї гирифта мешуданд ва дар усулномаи истилоњгузинии забони тољикї ин манбаъ ошкоро сабт буд ва дар форсї онњо аввал аз забони фаронсавї ва дертар асосан аз забони англисї иќтибос мешуданд.

6. Тафовути дигар дар имло буд. Азбаски забони тољикї дар аввал ба алифбои лотинї ва дертар ба алифбои кириллї гузашта буд, тарзи навишт ва истилоњоти нав дар асоси имлои русї муќаррар гардида буд.

7. Ва нињоят он ки имрўз истилоњоти гуногун «сохти эронї» дар забони тољикї ба таври оддї дохил шуда истодаанд. Ошної ва муќоисаи усул ва ќоидањои маъмули забони форсї бо забони тољикї имконият медињад, ки дар ваќти тањияи усулњои  нави истилоњсозии забони тољикї аз бозёфтњо ва таљрибаи њамзабонон дар ин арса истифода гардад.

Бинобар ин ба аќидаи мо, дар ваќти тањия ва тартиби усулномаи нави истилоњсозии забони тољикї пеш аз њама имконият ва ќобилияти калимасозии ин забонро ба назар гирифта, сипас онро ба бахшњои зерин бояд таќсим кард: 1) имконоти вожасозї 2) манобеи истилоњофаринї 3) сифат ва чигунагии истилоњоти нав.

Имрўз, ки мо ба њазорон луѓату истилоњоти нав дар заминаи фарњангу њунар, муносибатњои сиёсиву иљтимої  ва илму фан ниёз дорем, ин тавоної ва имконотњои дохилии забон бисёр мушкилоти моро метавонад њал кунад. Вожагон ва калимањо дар забони  тољикї бо рушди љомеа ва пешрафти иќтисоду фарњанг доимо дар инкишоф буда ба роњу воситањои гуногун сохта мешуданд. Вале дар тамоми даврањо ва марњилањои рушду инкишофи забони тољикї сохтани калимањо бо услуби калимасозии моделї, яъне сохторї ва истифодаи имкониятњои дохилии калимасозї ва таѓйири маъної ва сохтории калимањо аз љараёнњои муассири вожасозї дар забон будааст. 

Аз љињати пайвасти њиссањои гуногуни нутќ ва дар  асоси ин гуна пайвандшавї ба василаи вандњо (пасванду пешванд ва миёнвандњо) пайдо шудани калимањо ва истилоњоти нав аз хусусиятњои хоси забони тољикї мебошад. Аз ин рў, забони тољикї усулњои муайян ва мушаххаси вожасозї дорад. Ин усулњо бо мурури замон, таърихан такомул ва инкишоф ёфта, то андозае устувор ва пойдор њастанд, ки тайи садсолањо таѓйир намеёбанд ва дар асоси њамин усулњову ќолабњо истилоњ ва калимањои нав ба вуљуд меоянд. Њар як тарзи вожасозї наќши муњимме дар ѓаномандии таркиби луѓавии забон дорад. Роњњои калимасозї ва луѓатофаринї дар забони тољикї гуногунанд, вале мутахассисон  асосан се ё чањор роњи калимасозиро асосї ва муњим мешуморанд.

[2]

Ин василањо вожагониву наҳвӣ (лексикї-синтаксисї), сарфу наҳвӣ (морфологї-синтаксисї), сарфӣ(морфологї) ва вожагониву маъноӣ (лексикї-семантикї) мебошанд. Роњи охирин, яъне вожагониву маъноӣ ба сермаъногии калимањо ва маъноњои нав пайдо кардани вожањову истилоњот алоќамандии ќавї дорад.

Дар забони тољикї каму беш њама њиссањои асосии нутќ, исм, феъл, сифат... метавонанд ба њам таркиб шуда, маъно ва мафњумњои тоза офаранд. Иштироки бандаки изофї дар таркибњои феълї ва пешванду пасвандњо дар аввалу охири калимањои сода ва мураккаб имконияти густариши доираи калимањои забонро бештар мекунанд.

Сарчашмаи асосии истилоњофаринї дар њар забон маљмўаи вожагони  он аст ва вожаву истилоњоти нав бояд дар асоси онњо сохта шавад. Ба андешаи мо истифодаи манбаи миллї аз бахшњои гуногун иборат мебошад ва онњо дар тањияи усулномаи нави истилоњсозии забони тољикї ва дар фаъолияти амалї бояд дар назар гирифта шаванд:

- Истифодаи њадди аксари сарватњои луѓавии забони адабии њозира ва љалби маводи луѓавии барои аксарияти мардум фањмо аз лањљањо, истилоњоти касбї ва њатто унсурњои алоњидаи забони гуфтугўї;

- Истифодаи забони адабиёти классикї. Ин манбаъ дар назди истилоњсозон чунин вазифаро мегузорад:

а) Пеш аз њама бояд забони осори боќимонда аз оѓози шаклгирии забони форсии дарї аз дидгоњи вожасозї тањќиќ шавад. Яќин аст, ки дар он ганљина вожањои ноб ва усулњои нодири вожагузинии нуњуфта ва ё ноёфта њанўз бисёр аст. Забони форсии дарї дар он давра њанўз беолоиш ва дар љўшу хурўши љавонї ва зояндагї буд. Агар нуфузи дар бисёр маврид нолозими забони арабї тавассути баъзе фазлфурўшон ва муншиёни тамаллуќкори дарбори туркони асрњои миёна ин растохез ва боландагии љавониро намешикаст, шояд забони мо имрўз дар арсаи сиёсату иљтимоиёт, илму фарњанг ва баёни мафњуми онњо дучори чунин мушкилот намешуд;

б) Љустуљў дар девони шоирони бузурги он давра ва баъди он мисли Рўдакї ва њамзамононаш, Фирдавсї, Љалолиддини Румї, Камол, Саъдї, Њофиз, Бедил ва чанд тани дигар, ки осорашон яке аз манбаъњои асосии вожањо ва истилоњоти забони форсии дарї ва шевањои калимасозии ѓайричашмдошт мебошанд;

в) Мутолиа ва баррасии таркиби луѓавии забони осори достонњои омиёна, сафарномањо. Нависандагони ин асарњо аз дарборњо дур ва ба таври куллї аз сабку тарзњои нигоришоти печида ба саљъњо ва калимаву истилоњоти арабї озодтар буданд.

г) Тањќиќ ва тањлили фарњангњо махсусан луѓатномањои оѓози фарњангсозии забони тоҷикї аз нигоњи вожагузинї ва истилоњшиносї ва амсоли он.

- Истифодаи забонњои бостонии эронї.

- Истифода аз захоири вожагон ва истилоњоти навсохти њамзабонон. Азбаски нуфуз ва истифодаи «наввожањо»-и форсї имрўзњо дар њоли густариш аст, бинобар ин забони тољикї бояд муносибати худро ба ин вожагон  ба таври куллї муайян намояд. 

Имрўз барои забоншиносони тољик шароит фароњам аст, ки таљрибаву бозёфтњо ва захирањои истилоњоти забони тољикї, форсї ва дариро олимона тањлилу баррасї карда, муносибтарин ва озмудатарини онњоро баргузинанд.

- Истифодаи калимањои арабї.

Њадаф ин љо вожањои забони арабии муосир набуда, балки калимаҳоест, ки корбурди онњо дар забони тољикї собиќаи тўлонї доранд. Солњои сиюми асри гузашта, чунончи пештар ишора шуд, мубориза  бо «арабизм»-њое, ки забони тољикиро «ифлос» мекунанд, оѓоз гардид. Дар Эрон њам дар њамин солњо чунин тамоил пайдо шуда буд ва гурўње ба номи «порсии сара», њаракат мекарданд, ки вожаҳои арабї ва умуман тамоми калимањои бегонаро аз забони форсї хориљ карда ба љойи онњо вожањои «сара»-и форсї муќаррар намоянд. Вале гузашти замон ва инкишофи забони тољикї ва бахши истилоњсозии он нишон дод, ки бар хилофи чунин даъвоњо калимањои арабии дар забони тољикї решањои таърихї дошта то ба њол яке аз унсурњои муњимми истилоњсозии забони тољикї мебошанд.

- Манбаи байналмилалї ва русиву аврупої ба андешаи мо дар оянда низ ањамияти худро гум накарда, њамчунон боќї хоњад монд. Зеро илова бар таъсири мустаќими ин забон дар ташаккули истилоњоти нави забони тољикї, ягонагии алифбо, имло ва тарзи талаффузи луѓату истилоњоти бегона ин вобастагиро бисёр амиќ ва мустањкам кардааст.

Ва нињоят, вожа ва истилоњоти мунтахаб  бояд дорои сифатњои зерин бошанд:

-  Калима бояд аз љињати интиќоли маъно дуруст, илмї ва ба ќадри имкон расо ва даќиќ бошад.

- Тавре ки медонем, маъношиносон калимањоро аз нигоњи маъно ба ду гурўњ таќсим мекунанд: шаффоф ва тира. Шаффоф калимањое њастанд, ки аз рўи сохт ё овоз маънои онњоро дарк ва ё тахмин кардан мумкин аст, яъне маънои онњо дар зоњирашон пайдост, монанди «фурўшанда», «бофанда», «мењмонхона», «яхшикан», «бадахлоќ» ва ѓайра. Бинобар ин бояд кўшиш кард, ки то љойи имкон аз љумлаи калимањои шаффоф истилоњоти интихоб кард, то ки маънои онњо равшан бошад ва бархўранда аз дидан ва ё шунидани он, то андозае ба маънои калима сарфањм равад ва ё робитаи наздики онро бо маънои истилоње, ки барои баёни мафњуми он баргузида шудааст, пай барад.

Калимањо бояд њатталимкон таркибпазир бошад. Дар он сурат бо истифода аз пешоянду пасояндњо ва ё дигар имконоти забонї муштаќот ва таркибњои гуногун аз он сохта мешавад ва интиќоли маъно зудтар сурат мегардад.

- Вожањои  баргузида бояд њамоњанг ва ё созгор ба меъёрњо ва сохтмони дастурии забон бошанд. Албатта ин чунин маъно надорад, ки истилоњот њатман аз решањои калимањои «тољикии асил» бошанд, балки метавонад аз решањои забонњои бегона њам гирифта шаванд. Вале албатта бояд тобеи талаботи дастури забони тољикї бошанд. Бешубња њангоми пазируфтани чунин вожањо бояд принсипи  зарурати ќабули онњо аз забонњои бегона дар назар гирифта шавад.

Замоне ки барои мафњумњои баробарї баргузида мешавад, бояд то љойи имкон кўшиш кард, ки калимањои интихобшуда кўтоњ бошанд, то њам суръати интиќоли мафњумњо ќобили ќабули зењни шунаванда ва ё хонанда бошанд ва њам дар сохтмон ва баёни мафњумњои таркибї ва пайвандї мушкилоти зиёд пеш наояд.

Зоњиран охирин шарти пазириши як муодил зебої ва маќбулияти он барои ањли соња ва агар он истилоњ вожаи иљтимої–сиёсї бошад барои ањли фаъоли љомеа мебошад. Муодили пешнињодї албатта то љойи имкон бояд хушсохт, хуштаркиб, хушоњанг ва талаффузаш осон бошад.

Бинобар ин бояд аз истилоњоти тумтароќ, носуфта ва њатто дар талаффуз мушкил то њадди имкон дурї  љуст ва ѓ.

Тавре ки мебинем, амалї кардани ин шартњо сахт аст. Вале инљост, ки тавоної ва имконоти забон ва иќтидору мањорати истилоњсозон маълум  мешавад.

Адабиёт

1. Бобомуродов Ш., Муминов А. Луѓати мухтасари калимасозии забони адабии тољик. Дастури таълим, Душанбе,1983.

2. Назарзода С. Истилоњоти забони тољикї: таърих, гароиш ва дурнамо / С. Назарзода.- Душанбе, «Бухоро», 2013

3. Љаъфарї, Саид Муњаммад. Фарњангистон ва сарнавишти пажўњиш дар Љумњурии Исломии Эрон// Нашри дониш, давраи 2 шумораи 3. Тењрон, 1361/1983.

  

 

RU