Гузориш аз ҷаласаи ҳизбии аъзоёни кумитаи ҳизбии “Ворисони Рӯдакӣ”-и Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ

Дар таърихи 08.10.2021 дар толори Институт ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ ҷаласаи навбатии аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Институт баргузор гардид. Дар кори он муовини КИИ “Хирадмандон”-и АМИТ Қурбонова Ширин Исмоиловна, сардори хадамоти матбуоти АМИТ Машраби Абдулло, муовини директори Институт Шамсиддин Муҳаммадиев иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон ва нақши Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва рушди омӯзишу таҳқиқи забон дар давраи Истиқлол муовини директор оид ба илм ва таълим Ш. Муҳаммадиев суханронӣ намуда, қайд кард, ки таваҷҷуҳ ба забони давлатӣ ва боло бурдани нуфузу эътибори он дар тамоми соҳаҳои ҷомеа аз самтҳои асосии сиёсати фарҳангӣ ва забонии роҳбарии олии кишвар ба ҳисоб меравад. Маҳз бо ибтикор ва саъю талошҳои Пешвои миллат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ ва татбиқи он дар муомилоту муоширати давлатӣ бо такмилу иловаҳо дар соли 2009 ба тасвиб расида, соли 2010 Соли забони давлатӣ эълон гардид, ки нишони арҷгузорӣ аз забони миллӣ ва дар ғамхории ҳамешагии давлат қарор доштани он мебошад. Аз чоп баромадани китобҳои “Забони миллат-ҳастии миллат” (ҷилди 1 соли 2016, ҷилди 2 соли 2020), ки таърихи пайдоиш, ташаккул, таҳаввул, густариш ва нашвунамои забони тоҷикӣ аз асрҳои бостон то охири асрҳои миёнаро дар бар мегирад, гӯёи равшани гуфтаҳои боло мебошад.

         Ба ҳамин муносибат бо ибтикори КИИ “Хирадмандон” ва муовини он Қурбонова Ш.И. ба ҳашт нафар кормандони Институт, ки тоза ба сафҳои ҲХДТ пайвастанд, билети аъзогӣ супорида шуд.

Айни замон  ташкилоти ибтидоии “Ворисони Рӯдакӣ” 31 нафар аъзо дошта, сафи онҳо ҳамасола аз ҳисоби магистрантону унвонҷӯёну докторантони PhD меафзояд.

 

  

  

RU