Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ ба ифтихори

Рӯзи Рӯдакӣ

   Раёсати Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон эҳтиромона ба маълумоти Шумо мерасонад, ки  рӯзи 22 сентябри соли 2021  ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ конференсияи ҷумҳуриявии амалӣ-назариявӣ баргузор карда шуд. Дар кори конференсия президенти АМИТ академик Фарҳод Раҳимӣ  суханронӣ намуда, ҳамаи иштироккунандагони онро бо ин рӯзи муҳим табрик ва таҳният гуфт.

   Дар кори конференсия 7 нафар бо суханронии илмӣ, беш аз 50 нафар устодону пажӯҳишгарони Институт ва меҳмонон аз дигар институтҳои АМИТ, муассисаҳои олии илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимию таҳсилотӣ иштирок намуданд. Конференсияро раиси Бунёди Рӯдакии Институти забон ва адабиёт, профессор Абдунабӣ Сатторзода ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки Рӯзи Рӯдакӣ аз соли таъсиси он (2002) ҳамасола дар тамоми ҷумҳурӣ ба хусус дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад. Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон академик Ф. Раҳимӣ дар суханронии хеш аз дастовардҳои рӯдакишиносӣ дар замони Истиқлол ва нақшу ҷойгоҳи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бузургдошти чеҳраҳои мондагори миллӣ, хоса устод Рӯдакӣ ҳарф зада, таъкид намуд, ки омӯзишу таҳқиқ ва тасҳеҳу нашри осори устод маҳз пас аз Истиқлол вусъати тоза пайдо кардааст. Муовини директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шамсиддин Муҳаммадиев дар гузориши илмии хеш таҳти унвони “Муаррифии як байти тозаи устод Рӯдакӣ”  роҷеъ ба маъхазҳои осори боқимондаи шоир ва ашъори бозмондаи шоир дар осори дигарон тавассути тазмини онҳо маълумоти тозаи илмӣ ироа намуд, ходими пешбари шуъбаи таърихи адабиёт, номзади илми филология Анзурати Маликзод дар мавзӯи “Бозтоби мафҳуми “озодагон" дар шеъри устод Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ”, сарходими илмии шуъбаи адабиёти муосир, д.и.ф. Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким дар мавриди тасҳеҳи ашъори устод Рӯдакӣ, ходими калони илмии шуъбаи забон Бобоназари Бобохон дар мавзӯи “Вануҳи”-и авестоӣ ва “бахну”- и шеъри Рӯдакӣ”, ходими пешбари илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, н.и.ф. Гулмоҳ Шозиёева дар мавзӯи “Рӯдакишиносӣ дар Ғарб”, ходими илмии шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳот Рахшанда Муҳаммадхоҷаева дар мавзӯи “Растаниҳо дар шеъри Рӯдакӣ” суханронӣ намуданд. Ходими калони шуъбаи забон, н.и.ф. Бурҳониддини Бузургмеҳр шеъри хешро дар ситоиши устод Рӯдакӣ қироат намуд. Дар баррасии гузоришҳои илмии ироагардида муовини директори Маркази мероси хаттии Раёсати АМИТ Асрори Раҳмонфар, сарходими илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, д.и.ф. Тоҷиддин Мардонӣ, дотсенти кафедраи таърихи адабиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, н.и.ф. Абдулло Юлдошев, ходими калони илмии шуъбаи забон Бобоназари Бобохон иштирок ва фикру мулоҳизаҳои хешро дар мавриди гузоришҳо баён намуданд. Дар интиҳо раиси Бунёди Рӯдакӣ, доктори илми филология, профессор Абдунабӣ Сатторзода конференсияро ҷамъбаст ва аз кори он натиҷагирӣ намуда, иброз доштанд, ки барои ҷамъоварӣ ва таҳқиқу омӯзиши мероси бозмондаи устод Рӯдакӣ таъсиси Маркази Рӯдакишиносӣ зарур аст. Дар кори конференсия рӯзноманигорон аз аксари воситаҳои ахбори омма ва Агентии миллии иттилоотии Ховар иштирок доштанд.

   Ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ муовини директори Институт оид ба илм ва таълим Шамсиддин Муҳаммадиев, ходими пешбари илмӣ Анзурати Маликзод, ходими калони илмӣ Бурҳониддин Бузургмеҳр ва дигарон ба воситаи ТВ Сафина ва ТВ Синамо, радиоҳои Ховар, Овози тоҷик, Садои Душанбе, Фарҳанг ва ғ. суханронӣ намуданд.

 

  

  

 

Бо эҳтиром муовини директори
Институти забон ва адабиёти ба
номи Рӯдакии Академияи
миллии илмҳои Тоҷикистон 
Муҳаммадиев Ш.М.

 

RU