Баргузории Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ

30.09.20

Дар конфронси илмӣ, ки бо ташаббуси директори Институт Боймурод Шарифзода, мудири шуъбаи таърихи адабиёт устод Абдунабӣ Сатторзода ва   кормандони илмии шуъбаи мазкур баргузор гардид, донишмандону муҳаққиқони Институт ва муассисаҳои дигари илмии пойтахт иштирок доштанд.

Ҷаласаро Директори  Институт  Боймурод Шарифзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо ин рӯз табрик ва онҳоро бо барномаи конфронс ошно намуд.

Сипас мудири шуъбаи таърихи адабиёт, профессор Абдунабӣ Сатторзода таҳти унвони “Таҳқиқи бадеии осори ғиноии Мавлоно” суханронӣ намуд.

Ходими пешбари илмии шуъбаи таърихи адабиёт, доктори илми филология, профессор  Бадриддин Мақсудзода дар мавзӯи  “Фахриддини Ироқӣ ва Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ” суханронӣ намуд.

Ходими калони илмии шуъбаи забони Институт Бобоназари Бобохон дар мавзӯи “Андешаҳо пиромуни байтҳои оғозини “Маснавӣ” суханронӣ намуд.

Дар музокираи маърӯзаҳо устодон Абдунабӣ Сатторзода, Амирхӯҷа Абдураҳимов, Анзурати Маликзод, Субҳиддин Зиёев, Бобоназари Бобохон  ва дигарон иштирок намуданд.

Ҷаласаро директори Институт Боймурод Шарифзода ҷамъбаст намуд.

 

RU