Таҷлили Солонаи Рӯдакӣ дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ

22.09.20

Дар маҳфили илмӣ, ки бо ташаббуси директори Институт Боймурод Шарифзода, мудири шуъбаи таърихи адабиёт устод Абдунабӣ Сатторзода ва ҳайати кормандони шуъбаи мазкур баргузор гардид, устодону кормандони Институт ва меҳмонон аз дигаар муассисаҳои илмии пойтахт иштирок доштанд.

Ҷаласаро котиби илмии Институт Шамсиддин Муҳаммадиев ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо ин рӯз табрик ва онҳоро бо барномаи конфронс ошно намуд.

Сипас ходими пешбари илмии шуъбаи таърихи адабиёт, номзади илми филология Анзурати Маликзод таҳти унвони “Бозтоби масъалаҳои Рӯдакишиносӣ дар номаҳои устод Айнӣ” суханронӣ намуд.

Ходими илмии шуъбаи таърихи адабиёт Мубашшири Акбарзод роҷеъ ба авзони шеъри Рӯдакӣ суханронӣ намуд.

Нависанда ва муҳаққиқи осори устод Рӯдакӣ Қодири Рустам дар мавзӯи “Интисоби ду байт ба устод Рӯдакӣ” суханронӣ намуд.Ходими илмии шуъбаи забони Институт Бобоназари Бобохон роҷеъ ба чанд вожа (навгувожа, бофдум, вишну, бахнав...) дар ашъори Рӯдакӣ суханронӣ намуд. Ходими пешбари илмии Институт Шамсиддин Муҳаммадиев дар мавзӯи “Нигоҳе ба маъхазҳои ашъори Рӯдакӣ” (“Қасидаи гумшудаи Рӯдакӣ”) суханронӣ намуд. Дар музокираи маърӯзаҳо устодон Шоҳзамон Раҳмон, Рӯзӣ Аҳмад, Бобоназари Бобохон  ва дигарон иштирок намуданд.

RU