Средневековая культура Тохаристан Б.А.Литвинский В.С.Соловьев

ИНСТИТУТИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ БА НОМИ РӮДАКИИ АМИТ

Институти забон ва адабиёти ба номи рӯдакии амит (ИЗА), муассисаи таҳқиқоти илмӣ, ки дар он масъалаҳои забон, адабиёт ва фолклори тоҷик нақд, баррасӣ ва пажӯҳиш мешаванд, яке аз аввалин муассисаҳои илмии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бунёдгузории он ба ташкили Базаи тоҷикистонии АИ ИҶШС, ки дар ҳайати он мувофиқи қарори Президиуми АИ ИҶШС аз 17 марти 1932 сектори таъриху забон таъсис ёфт, вобаста аст. Дар асоси он 19 ноябри 1940 Институти таърих, забон ва адабиёт ташкил гардид ва чун муассисаи мустақили илмӣ ба ҳайати Шуъбаи тоҷикистонии АИ ИҶШС ворид шуд. Пас аз таъсиси АИ Тоҷикистон (1951) мувофиқи Қарори Шӯрои Вазирони ҶШС Ҷумҳурии Тоҷикистон (14. 04. 1951) ИЗА чун муассисаи мустақил ташкил ёфт. Ба муносибати ҷашни 1100-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1958) ИЗА номи ин шоирро гирифт. Январи соли 1958 дар заминаи сектори адабиёти классикӣ ва дастхатҳои ИЗА шуъбаи шарқшиносӣ таъсис ёфта буд. Мувофиқи моддаи 58-и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» ва бо мақсади таҷдиди сохториву идории АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2011 № 36 «Дар бораи муттаҳид намудани Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ-ҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид ва мутобиқи он Институти шарқшиносӣ ва осори хаттии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати ИЗА дохил карда шуда, номи пурраи − Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифт. Аз соли 2017 ИЗА боз аз сари нав бо номи собиқи худ – Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ба фаъолият пардохт ва дорои 5 шуъба мебошад. Миќдори умумии њамаи кормандон 98 нафар мебошад. Дар осорхонањои назди институт 29 нафар фаъолият мекунанд. Кормандони илмии институт ва осорхона њамагї 64 нафар мебошанд. Аз љумла 1 академик, 5 узви вобастаи АМИТ, 5 нафар доктори илм, 20 номзади илм, 3 нафар доктори PhD, 2 ходими калони бе унвони илмї ва 29 нафар кормандони бе унвон фаъолият доранд.  Дар зинаи магистратура соли дуюм  7 нафар хатмкунанда тањсил мекунад.  Дар зинаи соли аввали магистратура 12 нафар машѓули  тањсил мебошанд.  Дар институт 2 нафар аспирант дар бахши ѓоибона, 7 нафар дар зинаи PhD тањсил менамоянд.

 Дар ИЗА нахустин таҳқиқотҳои илмӣ оид ба забон ва адабиёти тоҷик дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ, солҳои 20-и асри XX арзи вуҷуд карданд (Таджики. Сборник. М.. 1925; С. Айнӣ. Намунаи адабиёти тоҷик. М., 1926; М. Раҳимӣ. Дар бораи забони адабии тоҷик. Сталинобод, 1930). Пажӯҳиши забони тоҷикӣ ва адабиёти тоҷик дар ҷараёни баҳсҳои табдили алифбо ба забони лотинӣ ва забони адабии тоҷикӣ (1927–30), омӯзиши масъалаҳои суханшиносӣ, баҳсҳо аз боби адабиёти навини тоҷик ва сарфу наҳви он аз мавзӯъҳои асосии ин давра буданд. То солҳои 50 асри  XX дар ИЗА қариб дар тамоми соҳаҳои филологияи тоҷик мутахассисони баландихтисос ба воя расиданд. Омӯзиши таърихи забон ва сарфу наҳви он, гӯишҳои забони тоҷикӣ, мураттаб кардани қомусҳои тафсириву дузабона, услубшиносӣ, таҳқиқи назарияи лексикология ва лексикография, сохтани луғатҳои фразеологӣ ва таҳқиқи масъалаҳои назмшиносӣ, омӯзиши қиёсии забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, гирд овардану нашр кардани осори шифоҳии мардум, пажӯҳишҳо дар боби жанрҳои фолклор, ба чоп тайёр кардани осори адабии пешиниён, нақду баррасии вижагиҳои осори адибони классику муосир ва робитаҳои мутақобили адабиётҳо аз мавзӯъҳое буданд, ки ба барномаи асосии фаъолияти ИЗА дохил гардиданд. Муҳаққиқони ИЗА дар ҳамкорӣ бо Ин-ти адабиёти ҷаҳони ба номи М. Горкий, институтҳои забоншиносӣ ва шарқшиносии АИ ИҶШС дар тасниф ва таҳияи чандин асари филологӣ: «Таърихи адабиёти милали Шӯравӣ» (6 ҷилд, М., 1969–73), «Роман дар адабиёти милали Шӯравӣ», (М., 1985), «Таҳқиқи типологии забони русӣ – забони дӯстӣ ва равобити қавмҳову миллатҳо» (1984–1987) саҳм гузоштанд. Бо ташаббуси кормандони ИЗА тадриҷан конфронс ва симпозиумҳои байналмилалӣ («Назми муосири форсизабонон», 1967), конфронсҳои умумииттифоқӣ ва минтақавии «Таъсирпазирӣ ва баҳамтаъсиррасонии фолклори халқҳои Осиёи Миёнаву Қазоқистон» (1969), «Ҷустуҷӯҳои эҷодӣ дар адабиёти муосири тоҷик» (1974), «Садриддин Айнӣ ва ҷараёнҳои адабии муосир», «Мирзо Турсунзода ва ҷараёнҳои муосири адабӣ», «Масъалаҳои дузабонӣ ва такмили таълими забони русӣ» (1984) баргузор шудаанд. Доир кардани нишасти «Солонаи Айнӣ» дар Институт ба ҳукми анъана даромадааст ва соли 2017 доир ба фаъолияти С. Айнӣ нишасти 49 баргузор гардид. 

Подробнее »